ҚАЛАМ

ДӮСТОН ВА ХОНАНДАГОНИ ГИРОМИҚАДРУ НУКТАСАНҶ ИН САҲИФА ТАНҲО БАРОИ ОН НАФАРОНЕ КУШОДА ШУДААСТ, КИ ЗАВҚИ ШЕЪРУ ДАРКИ МАЪОНИРО ПЕШАИ ХУД КАРДААД.

БИГУЗОР ҚАЛАМИ ШУМО МИСЛИ ШАМШЕРИ ТЕЗ БУРРО БОШД!

 

=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/=/

 

 

Хамчун табрикот!

Бо камоли эхтиром ва самимияти беандоза мехостам нисбати як чавоне, нисбати як ошики шефтаи озодихои ватан ва сулху суббот дар кишвари зебо манзари мо Точикистон камее сухан гуям, зеро арзада ва бо маврид аст…….

                Аслан дар зиндаги бояд хамаи мо ошик бошем, ошики касби худ ошики зиндагии худ зеро то даме ошик нашавем ба кадри он хама дороихои хаёт ба кадри он хама каму костагихои зиндаги намерасем, аммо Олиичони Қодир дар хакикат ошик ва шефтаи ватану механи худ аст аз ин лихоз кушиш ба харч медихад то некихо ва дустдорихои худро бо тарзи шеър руи когаз биёрад. То даме хайёт буду хаст ишку шоиру шеър зида хохад мон. Имруз бародар ва дусти мо Олиичони Қодир шеърхои тозаэчоди худро дар як баста гирд оварда бо номи «Дар чорсӯи зиндагӣ» ба мо пешкаш намудааст, ки онро ба камоли майл ба Шумо хонандагони азиз пешкаш менамоем. Бигузор калами дасти Ту хамеша мисли шамшери буро тез ва хомаи ту пур аз ранг бошад ва худован ба хама захматхоят ачри беандоза насиб гардонад!!!!! 

Инаст таманнои

 дустонаи мо!

 

Дар чорсӯи зиндагӣ.

Душанбе, 2012.

Муҳаррир: Гулназар

«Дар чорсӯи зиндагӣ» маҷмӯаи дувуми Олимҷони Қодир аст.

Маҷмӯаи аввалаш «Навои дил» ду сол қабл аз ин ба нашр расида буд.

Аз шеърҳои наваш бармеояд, ки Олимҷон дар ин муддат асрори шеъргӯиро омӯхтааст ва аз зиндагӣ пандҳо андӯхтааст. Шеърҳояш нисбат ба пешин равонтару ҷазобтар ба назар мерасанд.

Баҳои амиқу аниқро ба худи хонанда ҳавола мекунем.

 

БА ҶОЙИ ФОТЕҲА

Муаллифи ин китобча завқи хуби шеъргӯйиву шеърдониву мисраъфаҳмӣ дорад. Ба ман хуш аст, ки дар ҳар маҳалле чунин ҷавонони ошиқи сухани равон ҳастанду бо сухани равони худ ба маҳфилу маҷлисҳои ёрону бародарон зебоӣ мебахшанд.

Шеърҳои Олимҷони Қодир ҳамчун баёзи панду андарз, ҳамчун баёнгари ҷаҳони худи гӯянда хидмат мекунанд. Чӣ бадӣ дорад, агар нафаре орзуву омол, пиндору хаёли худро дар қабои назм гӯяд?!

Ба Олимҷон комгорӣ орзу дорам.

ГУЛНАЗАР

 

 

 

 

                      ТОҶИКИСТОН

 Тоҷикистонам, диёрам, ҳар гаҳе сӯят равам,

Қуллаҳоятро бигардам, масти гулҳоят шавам.

Ёди айёме, ки будам бо ту доим шодмон,

Аз барат дурам, валекин доимо обод мон.

Ҳар куҷо вафи ту гӯянд аз бароят лоиқ аст,

Бар гулу бар чашмаҳоят ҷумла олам ошиқ аст.

Номи зебоят намоям доимо вирди забон,

Ифтихори мо ту бошӣ, аз замонҳо то замон.

Гар бигӯянд аз бароят як сухан аз душманӣ,

Мехӯрам хуни ҷигар, охир бароям меҳанӣ.

Менависам аз бароят, гарчи дурам аз барат,

Қиблаи ман, каъбаи ман – медароям аз дарат.

Душманатро аз Худо хоҳам ситам дар ҳар дуо,

Дӯстонатро нигаҳ дорад Худо аз ҳар бало.

Қодирӣ инро бигуфту ёд кард аз меҳанаш,

Ҳар ки бе меҳан бувад, афзун бошад ҳар ғамаш.

ВАТАН

 

Сарбаландам аз туву бо эътибор,

Дар ду олам бо ту дорам ифтихор.

Ҳастии ту баҳри ман дунё бувад,

Қатраи обат маро дарё бувад.

Ҳар шабу ҳар рӯзи ту пурнур бод,

Душмани ношоди ту дар гӯр бод.

Сангу хорат доруву дармони ман,

Хоку обат рӯҳбахши ҷони ман

Кӯҳҳоят нардбони осмон,

Чун нишони қудрату зӯру тавон.

Дашту саҳроят гулистоне бувад,

Сабзу ҳосилхез бӯстоне бувад.

Эй ватан, эй Тоҷикистони азиз,

Ифтихорам, модари ҷони азиз,

Сарбаландам аз туву бо эътибор,

Дар ду олам бо ту дорам ифтихор.

Неккорӣ пеша кун

Офтоби бахт доим баҳри кас тобанда нест,

Ҷоҳил аст оне, ки дар андешаи оянда нест.

Такя то кай мекунӣ бар ину он дар зиндагӣ,

Чоплусиву хушомад мардро арзанда нест.

Шарм аз он бояд, ки ҳастӣ фоқиди илму ҳунар,

Бо ҳунар нодор ҳам бошад, вале шарманда нест.

Умри худро бо хушомадгӯиҳо охир кунӣ,

Бехабар ҳастӣ, магар ин зиндагӣ поянда нест.

Хандаи беҳудаи бисёр доим бар лабат,

Шӯълаи бахте, ки дорӣ, то абад тобанда нест.

Такя бинмо бар Худову неккорӣ пеша кун,

Бас пушаймон мешавад он кас, ки ӯро банда нест.

Эмоми Азам

 

Ба олам номи покат ҷовидон бод,

Каломи барҳақат вирди забон бод.

Аё, эй пешвои аҳли ислом,

Имом астиву имон дар ҷаҳон бод.

Туро дар ҳар дуо таҳсин хонем,

Саногӯят замину осмон бод.

Ҳама умрат бишуд вақфи ҳақиқат,

Ба олам таълимотат ҷовидон бод.

Ба роҳи дин, ки умрат сарф кардӣ,

Рӯҳи поки ту шоду бехазон бод.

Ҳидоят кардӣ моро сӯи ҷаннат,

Биҳишти адн рӯҳатро макон бод.

Барои аҳли имон дар ду олам,

Ҳар он чизе ки мехоҳӣ ҳамон бод.

Нодонӣ

 

Зи нодонии худ ман дардмандам,

Ҳама одам диҳад ҳамвора фандам.

Кунам бовар ҳаме он бевафоро,

Агарчи фандҳо додаст моро.

Гумон дорам, ки мардум некроянд,

Ба ақлу адлу дониш мегароянд.

Надорам дар замирам бухлу кина,

Дили покизае дорам ба сина.

Диламро пеши ҳар кас мекушоям,

Тавонам, некӣ баҳраш менамоям.

Вале аҳли замон бидҳанд фандам,

Зи нодонии худ ман дардмандам.

МЕҲРУБОНӣ, МОДАРАМ

Модари ширинсухан, тоҷи сарам гӯям туро,

Дар дилу дар дида ҳар дам дар барам гӯям туро.

Ғайри ту дигар надорам меҳрубоне дар ҷаҳон,

Шӯълаи бахти манӣ, файзи барам гӯям туро.

Гаштаӣ модар ту пиру нотавон дар ёди ман,

Ганҷи ман, дунёи ман, бахти ману дилшоди ман.

Гаштаӣ обу адо, аммо намегӯӣ дареғ,

Нури чашмони ману сарви ману шамшоди ман.

Ҳар чи гӯям васфи ӯ, модар ҳамоно бебаҳост,

Ман Худо гӯям ҳамеша, ки нигаҳбонат Худост.

Дар ғами дурии ман доим маризу бемадор,

Шод бош, эй модарам, эй модари шабзиндадор.

Зинда бошӣ то абад, модар, ту дунёи манӣ,

Дар дили ман ҷовидону ёди шабҳои манӣ.

Номи ту вирди забонам, ёд меорам туро,

Қиблаи ман, каъбаи ман, зеби дунёи манӣ.

Ғами фардо

 

Ба ҷаҳлу ҷоҳилӣ то чанд паймон?

Чаро ту мепазирӣ шуғли шайтон?

Бародар, некхоҳу некҷӯ бош,

Ки некӯӣ пазирад ҷумла инсон.

Лаҷоми насфи бад бар даст мегир,

Худатро бандаи нафсат нагардон.

Зи мурдан ҳам машав ғофил, ки аз марг

Илоҷе нест, набвад кори осон.

Нахоҳӣ мурдану бар гӯр рафтан,

Вале роҳи халосӣ нест аз он.

Ғами фардои худ имрӯз мехӯр,

Ки рӯзе мешавӣ охир пушаймон.

Бо ватан бош

 

Рӯзгори хурраме дорам, хушо, дар ин ҷаҳон,

Дар канорат, эй ватан, эй сарзамини тоҷикон.

Ҳар куҷо бошам, дилам саршор аз меҳри ту ҳаст,

Модари ҷонам, туро ман дӯст медорам ба ҷон.

Бо ту дорад эътибор ин гулшану гулзорҳо,

Бе ту баҳрам ҳеҷ бошад ин замину осмон.

Ифтихорам аз ту ҳасту ғайратам аз баҳри туст,

Сарбаландам дар паноҳи қуллаи Боми ҷаҳон.

Кӯҳу саҳроят ҳама ганҷ асту кони симу зар,

Нест дар рӯи замин монанди ту зебомакон.

Ҳомии сулҳи ҷаҳонӣ, такягоҳи амну адл,

Ҳамчунин поянда бошӣ, эй Ватан, то ҷовидон.

Қодирӣ, баҳри ватан гар ҷонисорӣ мекунӣ,

Бо ватан бошу бикӯш аз баҳри ободии он.

Ошноӣ

 

Бо ту оне ошноӣ мекунад,

Ҳушу ёдатро ҳавоӣ мекунад.

Мешавад ҳамсоз бо оҳанги ту,

Бо навоят ҳамнавоӣ мекунад.

Ҳасту буди ман туиву лек умр,

Эй дареғо, бевафоӣ мекунад.

Кай маро бок аст аз бегонагон,

Ҳайфи ёре, ки ҷудоӣ мекунад.

Зиндагиро дӯст медорӣ агар

Умри ширинро ғанимат дон ту, дӯст,

Ки ҳамин як умр охир моли туст.

«Нимаи нон роҳати ҷон»- гуфтаанд,

Ин насиҳат комилан бошад дуруст.

Даст каш аз ҳирси дунё, гулписар,

Зиндагиро дӯст медорӣ агар.

Шукри ҷону шукр кун бар ними нон,

Нафси бад нафъе наорад, ҷуз хатар.

Моли Қорун аввалу охир надошт,

Марг бурдаш, ҳасрати дунё ба дӯш.

Бо ҳама дороияш Фиръавн ҳам,

Монд пеши марг сарпасту хамӯш.

Ҳоли гӯристон ҳамоно панд ҳаст

Бар касе, дорад агар номусу нанг.

Қабр ҳушдоре барои зиндааст,

То бубинад хешро дар гӯри танг.

Мекушояд гӯр чашми тангро,

Он даме афтӣ ту андар гӯри танг.

Чашми дил бикшой пеш аз марги худ,

То даме ҷонат аҷал орад ба чанг.

Бо кӣ гӯям

 

Дарди дил бар кӣ намоям,

Бо кӣ гӯям аз дили зор?

Нест як ҳамдарди содиқ,

Нест як ёри вафодор.

Гар ҷафо бегона созад,

Медиҳам худро тасалло,

Ман чаро аз ғайр ранҷам,

Чун надонад ҳоли моро?

Лек гоҳе душманоӣ,

Мекунад бар ту бародар.

Мемурад меҳру муҳаббат

Дар дилу ҷононат баробар.

Мешавад олам бароят

Тираву торику бенур.

Ҳар чи ҳаст умеду армон,

Аз ниҳодат мешавад дур.

Боз китобе дорам

 

Аз ғами ишқи ту дар сина азобе дорам,

Дили шӯридаву чашмони пуробе дорам.

То шудам волаву дилдодаи ту, эй бераҳм,

Умри печидараҳу пуртабу тобе дорам.

Дарду ғамҳои туро ҳеҷ давое набувад,

Ҷигари доғу дили зору кабобе дорам.

Ғазали ҳусни туро гуфт дил аз сӯзиши дард,

Шарҳи аҳволи дилам боз китобе дорам.

Бахтро гарчи назар ҷониби мо нест, вале

Ман умед аз туву аз файзи савобе дорам.

ТОҶИКОБОД

Тоҷикободам накӯ номат бувад,

Шеъри ман бигзор инъомат бувад.

Дар миёни дафтари ман то ҳанӯз,

Байт дар васфи гуландомат бувад.

Некбину некхоҳи ман туӣ,

Сарнавишту сарпаноҳи ман туӣ.

Ҷавшанӣ бар мову меҳан бар ҳама,

Гӯшаи шодию даргоҳам туӣ.

Номи ту вирди забон аз ифтихор,

Доимо дар ёди мо дар ҳар диёр.

Тоҷикободи ба ҷон пайвастаам,

Чор фаслат, кош бошад чун баҳор.

РОҒУН

Дар шаҳру деҳа имрӯз гуфтугузори Роғун,

Балки тамоми олам ҳайрони кори Роғун.

Файзу барор бинӣ, туғёни кор бинӣ,

Гоҳе гузар намоӣ ту аз канори Роғун.

Бархез, эй бародар, Роғун биё ту зудтар,

Хоҳӣ агар бубинӣ авҷу барори Роғун.

Сурхоби пур зи туғён рӯҳи навин бигирад,

Аз қудрату тавону аз иқтидори Роғун.

Кишвар шавад фурӯзон, зебову нурборон,

Аз нерӯгоҳи барқи овозадори Роғун.

Иқболи Тоҷикистон, фардои мардуми он,

Равшан чу рӯз созад файзи баҳори Роғун.

Тоҷикистон

Тоҷикистон, гавҳари ҷонӣ маро,

Партави хуршеди тобонӣ маро.

Ҳамчу нахле дар барат сабзидаам,

Тоҷикистон, боғу бӯстонӣ маро.

Аз ту дорам ғайрату мардонагӣ,

Ҳамчу хуни гарми шарёнӣ маро.

Обу хокат баҳри ман бошад азиз,

Рӯди Сурхобу Зарафшонӣ маро.

Даштҳоят қиссаи нанвиштае,

Тоҷикистон, шеъру дастонӣ маро.

НОМАИ ИШҚ

Аз бароят менавиштам номаҳо,

Аз дилу аз ҷону аз майхонаҳо.

Дар вуҷудам ишқи покат то абад,

Ёд орам розҳо, паймонаҳо.

Созгори сӯзу оҳи ман туӣ,

Интизори ҳар нигоҳи ман туӣ.

Бо умеде дар раҳи ман интизор,

Бо муҳаббат доимо шабзиндадор.

Сад дареғ, аз ишқи покат дилбарам,

Ёди ту бар дил ба ҳар ҷо мебарам.

Мехӯрам хун, аз барат дурам, вале,

То абад ёди ту бар дил мебарам.

Ҳар гуле аз боғи умрат меравад,

Ёди ту аз дил ба саҳро мебарад.

Даступо гум карда, кунҷе дар хаёл,

Ҳар нигоҳи ман зи дунё меравад.

Мекунам аҳсан туро, эй нозанин,

Менависам номаҳои вопасин.

Сарнавишти умри ман бошад ҳамин,

Шукр бояд гуфт моро баъд аз ин.

ФАРЗАНД

Фарзанд агар доно шавад,

Баҳри падар дунё шавад.

Модар ватанро ёр ӯ,

ӯ ҳамдами дилҳо шавад.

Фарзанд гардад беҳунар,

Баҳри падар хуни ҷигар.

Модар-ватан ғамхонаву

ӯ ғамбиёру дарди сар.

Фарзанд агар хонад китоб,

Машҳур гардад бо шитоб.

Фарзонаву фахри ватан,

Ҳаргиз намонад дар азоб.

Фарзанди бад заҳри падар,

Хунаш бирезад аз ҷигар.

Бо ғуссаҳои зиндагӣ,

Бинмоядаш ӯ сар ба сар.

Фарзанди оқил ҷони ӯст,

Ноне ба рӯи хони ӯст.

Дар рӯзи дарду ранҷи дил,

Фарзанди ӯ дармони ӯст.

МУАЛЛИМ

Туӣ аз меҳр ғамхорам, муаллим,

Чароғе бар шаби торам муаллим.

Камоли обрӯю гуфтугӯям,

Туӣ оғози ҳар корам муаллим.

Ту моро бо суханҳои баланде,

Ҳамеша, ҳар замон медодӣ панде.

Ба роҳи рост, то ки по гузорем,

Набояд хӯрд, то ки ҳеҷ фанде.

Ҳамедодӣ ту панди орифона,

Накӯхоҳи ту андар ин замона.

Ба сад умед ҷо кардӣ ба дилҳо,

Насиҳатномаву шеъру тарона.

Муаллим нурбахши ҳар дили ту,

Чу шамъи равшани ҳар маҳфили ту.

Таманно мекунам ман аз Худованд,

Бимон обод бошад, манзили ту.

НОМАИ АЛАМ

Менависам номаҳо ман бо алам,

Аз ғами ман гила дорад ин қалам.

Ин Ватан, ин модари бечораам,

Мешавад обу адо доим зи ғам.

Мекунад ӯ сад дуою сад дуруд,

Дар намозу дар раҳу дар ҳар суҷуд.

Бо умеде модарам шаб дар хаёл,

Ҷома медӯзад ҳаме аз тору пуд.

Мекунад ҳар лаҳзаву ҳар дам дуо,

Дар ҳақи ман илтиҷо пеши Худо.

Ҳар бузургу ҳар валиро баҳри ман,

Аз бароям раҳнамо аз ҳар бало.

Аз ғаму аз ғусса хӯрдан модарам,

Нотавону оҷизу бечора аст.

Аз барои бахти фарзандони хеш,

Дар набарди зиндагӣ овора аст.

Модари мушти пари ғамбори ман,

Дар ғаму дар ғуссаву дар кори ман.

Ғамшарике ҳамдаму ғамхори ман,

Модари ман давлати бедори ман.

Дар ғарибӣ бо дуоят зиндаам,

Модари ҷон, бо садоят зиндаам.

Ин замину осмон қурбони ту,

Ман ба чашми ҷонфидоят зиндаам.

ДӯСТӣ

Гар кунам ҷонро фидои ҷони дӯст,

Лек моро нест ҷо бар ҷони дӯст.

Гар ба ҷон иҷро кунем, фармони дӯст,

Ку вафову меҳру он паймони дӯст.

Ман таманно гар кунам, армони дӯст,

На ба ҳасрат бингарам, бар нони дӯст.

На ҷаҳону давлату даврони дӯст,

Балки танҳо комили имони дӯст.

Шод аз бахти баланду номи дӯст,

Мо надонем он дили ҳайрони дӯст.

Ҳар даму ҳар соатам қурбони дӯст,

Чун, ки ин дил порае аз ҷони дӯст.

Ибтидо хоҳем не анҷоми дӯст,

Боқӣ ақлу покии виҷдони дӯст.

ЭЙ ЁР

Дилам пур аз ғаму дард аст, эй ёр,

Ғамат, бингар, чиҳо кардаст, эй ёр.

Ғами дил бо кӣ гӯям аз ҷафоят,

Ҷаҳон бедарду номард аст, эй ёр.

Ғами ишқи ту дорам дар дили зор,

Намебинӣ, рухам зард аст, эй ёр.

Агар сӯзи ҷигарсӯзат набошад,

Дилам сарду дилам сард аст, эй ёр.

Нигоҳи пурумед

Қадат сарву ду абрӯят камон аст,

Нигоҳат сӯи моҳу ахтарон аст.

Ҳама дам дар хаёлам орази туст,

Ҷудоӣ аз чунин моҳе гарон аст.

Баҳори ҳусниву гулзори уммед,

Гулистони ҷамолат бехазон аст.

Дилат гоҳе ба мо ҳам майл орад,

Нигоҳи пурумеди ман бар он аст.

Ба ҳар ҷое равӣ ту, эй гуландом,

Дилам чун соя аз пуштат равон аст.

Ҳақро чи донӣ

Ту, эй аблаҳ, ки бадхоҳи касонӣ,

Чаро бадтинативу бадгумонӣ?

Фурӯтар аз хасу хорӣ ту дар асл,

Вале аз кибр андар осмонӣ.

Чаро хандӣ ба ҳоли нотавонон,

Худат ҳам чун ҳақиру нотавонӣ?

Чӣ механдӣ ба нону сурфаву хон,

Ту, ки бесуфраиву бемаконӣ.

Надодӣ луқмаи ноне ба мардум,

Вале дар тӯҳмати пиру ҷавонӣ.

Бародарҳои худ нокас шуморӣ,

Ту қадру қиммати хешӣ надонӣ.

«Набитвонам»,- бигӯӣ пастӣ кардан,

Суханчинӣ, чаро пас метавонӣ?

Гумон дорӣ, ки беайбӣ чу моҳӣ,

Дареғо, аждаҳои баддаҳонӣ.

Чунин бадхоҳу бадбинӣ чаро ту?

Дареғо, ҳасрато, ҳақро надонӣ.

Агар огаҳ будӣ аз рози ҳастӣ,

Намебудат дигар ин бадгумонӣ.

Ба худ ой андаке, андеша бинмо

В-агарна ҳамчунин аблаҳ бимонӣ.

Русуми зиндагонӣ

Дар ин дунёи пур аз сӯзу пурғам,

Набошад як нафас бе бедард одам.

Ҷаҳон лабрез аз макр асту фанд аст,

Ҳуҷуми фитна асту ваҳшати рам.

Занӣ худро гаҳе дар обу оташ,

Бисозӣ рӯзгорат то фароҳам.

Дучандон кулфате дар сина дорад,

Ҳар оне ки бубинӣ шоду хуррам.

Чунин бошад русуми зиндагонӣ,

Чӣ ҷои гуфтан аст аз бешу аз кам.

Дар дили ман

Гули наврӯзии ман, моили ман,

Бикун лутфе, биё бар манзили ман.

Таманнои туро дорам шабу рӯз,

Биё, баҳри Худо, эй ҳамдили ман.

Туро мехоҳам, эй хуршеди ҷонам,

Сафои туст дар обу гили ман.

Маро аз бахт набвад шиквае ҳеҷ,

Туӣ иқболи умру ҳосили ман.

Макун андешаи бисёру боз о,

Биё, ҷои ту бошад дар дили ман.

Чашми шаҳло

Маро як ҷуфт чашм аз ман рабуда,

Маро як ҷуфт чашми шӯху шаҳло,

Ки ҳамрангаш наёбӣ дар Душанбе,

Наёбӣ дар Самарқанду Бухоро.

Маро ин ҷуфти афсункор умре

Чу ахтарҳои бахтам ошно буд.

Бале, ин чашмҳои пурмуҳаббат

Ба мулки орзуям раҳнамо буд.

Шабу рӯзам чу он чашмон сияҳ буд,

Хушо, бинмуд бахтам комгорӣ.

Муяссар гашт дидори сияҳчашм,

Маро аз баъди чандин интизорӣ.

Кунун хушбахттар аз ман дигар кист,

Дар ин олам, дар ин дунёи зебо?

Маро бахти бузурге гашта ёвар,

Диламро додаам бар чашми шаҳло.

Анбоз

Ҳар субҳи ман зи ишқи ту оғоз мешавад,

Бар рӯи ту ду дидаи ман боз мешавад.

Аз файзи ҷилваҳои ту, эй ёри нозанин,

Бо дил ҳавои меҳри ту анбоз мешавад.

Айни гул асту лаҳзаи девонагии дил,

Ҳам шавқу шӯри ошиқӣ оғоз мешавад.

Ёди рухат кунам агар, аз шавқ синаам

Лабрез аз таровати эъҷоз мешавад.

Дар гӯши ман таронаи ишқи ту ҳасту дил

Бо сози пурғановатат ҳамроз мешавад.

Шаб омаду хаёли ту печид дар хаёл,

Аз нав ҳадиси ишқу ту оғоз мешавад.

Шеърборон

Меҳри ту дилро парешон кардааст,

Дар радифи бод сарсон кардааст.

Ҷилваҳои қомати мавзуни ту

Ҷой андар гулшани ҷон кардааст.

Ғамзаи ошиқкуши чашмони ту

Ошиқонро зору ҳайрон кардааст.

Дурӣ аз ту мекушад охир маро,

Рахнаҳо дар дину имон кардааст.

Дарди ишқат дар дилам дорад макон,

Кист ӯ, к-ин дард дармон кардааст?

Меҳри ту пайваста андар ҷону дил,

Ҳастиямро шеърборон кардааст.

ПАРЧАМИ МО

Парчами мо як нишони миллат аст,

Парфишон дар осмони миллат аст.

Чун парафшонӣ кунад пеши назар,

Худ ба худ гӯӣ: ҷаҳони миллат аст.

Гӯӣ аз меҳру вафо гӯяд сухан,

Бехато рамзи забони миллат аст.

Рамзи сулҳу дӯстиву ҳамдилӣ,

Ёдгор аз рафтагони миллат аст.

Мо ба ҷонаш қадрдонӣ мекунем

Парчами рӯҳу равони миллат аст.

Ба хотири модари дӯстам

МОДАР

Орзу дорам ки ҳамчун ёдгор,

Порасанге монамат рӯйи мазор.

Модарам, эй қуввати дил ёди ту,

Ҳам хаёлат раҳбарам дар рӯзгор.

Номи некӯят чу гирам бар забон,

Дил шукуфон мешавад ҳамчун баҳор.

Панду андарзат ҳамеояд ба гӯш,

Аз китоби умру аз бурду барор.

Ҳар даме дар хобу бедории худ

Мекунам бо ёди ту гуфтугузор.

Бахту иқболам туӣ, эй модарам,

Қуввати дил, эътибору ифтихор.

Падар

Мӯҳтоҷи дуои падари ранҷурем,

Ҳарчанд аз ӯву шафати ӯ дурем.

Дурем аз ӯву меҳри ӯ дар дилу ҷон,

Бо ёди ҷамоли падари раҳдурем.

Бо мост падар, агарчи бо мо набувад,

Аз бодаи ёди меҳри ӯ махмурем.

Меҳри падар аст меҳри мо бар олам,

Бе меҳри падар зи одамӣ мо дурем.

Имрӯз зи ҳамдигар ҷудоем дареғ,

Қисмат, ки чунин будаст, мо маъзурем.

АЗ МЕҲРИ ТУСТ

Офтобе дар дилам аз меҳри туст,

Шӯълаҳое дар гилам аз меҳри туст.

Ғайри ту манро ҳабибе ку дигар,

Эътимоди комилам аз меҳри туст.

Гулфишон паҳнову саҳрои дилам,

Ҳар чи бошад ҳосилам, аз меҳри туст.

Ман агар ҷӯям ва ё рӯди равон,

Худ ҳамоно соҳилам аз меҳри туст.

Меҳри ту оғозу анҷоми ман аст,

Коҳилам ё қобилам, аз меҳри туст.

Дар ду олам бе ту ҳеҷам, эй Худо,

Нотавон ё комилам, аз меҳри туст.

Ш А М Ъ

Шӯълаи шамъе, ки дар пеши ман аст,

Дар шаби торик чун хеши ман аст.

Ҳамдаму ҳамрозу ҳамармони ман,

Чун гувоҳе бар каму беши ман аст.

Дар шаби торик аз ғам мову ту,

Дар фурӯғи шӯълаи дилҷӯи ту,

Рӯ ба рӯ аз сӯз мегӯем роз,

Аз ҷамолу аз хами гесӯи ӯ.

Нест ғайри мову ту сӯзи дигар,

Нолаву дарди ҷигарсӯзи дигар.

Ноумедӣ нест дар дилҳои мо,

Дар талоши шодии рӯзи дигар.

Зиндагӣ чун шӯълаи сӯзони мо,

Ҳамраҳе дар кулбаи вайрони мо.

Мекашад моро ба сӯи хештан,

Мерабояд зумрае аз ҷони мо.

ҲАБИБИ ДИЛ

Ҳабибу сарвари пайғамбаронӣ,

Чу як гавҳар зи зоти одамонӣ.

Накӯмарде дар олам будаӣ ту,

Мусулмонпарвари рӯи ҷаҳонӣ.

Барои ҳар мусулмон сарварӣ ту,

Барои умматат пайғамбарӣ ту.

Ҳама оғози мо бо туст пайванд,

Барои муслимин тоҷи сарӣ ту.

НОЛА

Зиндагӣ карда ҷудомон, модари ширинзабон,

Аз барат дурам, надидӣ шодие дар ин ҷаҳон.

Манзили охир туро то ҷовидон пурнур бод,

Рӯҳи покат шод бодо, шод ҳамчун ҳур бод.

Модари ҷонам, надидӣ шодие аз ин ҷаҳон,

Сад дареғо, ки бишуд умри азизи ту хазон.

Ҳамин дорам

Наям танҳо дар ин шабҳо,

На дар оғӯши он ёрам.

Наям беғам дар ин дунё,

На ранҷуру на беморам.

На мастам ман, на девона,

На доно бар ҳама корам.

Надорам зӯри бозу ҳам,

На осуда бари ёрам.

На парвои касе манро,

На ёри нозанин дорам.

Ба ёди поки Аллоҳам,

Ман аз дунё ҳамин дорам.

ДУОИ ПАДАР

Эй дареғо, ки надидем андаке меҳр аз падар,

Ранҷи бисёре кашидем аз ҳаёти бесамар.

Раҳ ба раҳ чун кӯдакони беназорат рӯзу шаб,

Дар ғами як бурда нон будем умре пушти дар.

Эй падар, бо мо набудӣ гарчи дар ин рӯзгор,

Тифлакони бегунаҳ будем мо дур аз падар.

Ҳеҷ моро шахси ғамхоре дар ин дунё набуд,

Ҷуз Худову меҳри модар, ёди ту, эй тоҷи сар.

Ранҷу ғамҳое, ки мо бурдем андар зиндагӣ,

Чун сағири бе падар ё худ балои дарди сар,

Он ҳама аз ҳасрату дар ёди дидори ту буд,

Ту вале будӣ зи мову ранҷҳомон бехабар.

Мо басе дидем дар ин умри худ бешу камӣ,

Заҳмату ранҷи фаровон з-одаму ноодамӣ.

Тан ба қисмат дода тавре зиндагонӣ кардаем,

Бо хаёли хурамиву айшу нӯшу беғамӣ.

Ҳар ки қисматро зи ҳақ нодида мегирад, хатост,

Чун ҳар он чи ҳаст дар олам, ба фармони Худост.

Рав, дуо гир аз падар, ҳам шод бинмо модарат,

Эй бародар, гар туро бахти баланде муддаост.

Орзу

Хоҳам ки зи дил ғубору ғам дур кунам,

Кошонаи дил ҳамеша пурнур кунам.

Сомон бидиҳам раҳи ҳаёт аз сари нав,

Чашми бади душманони худ кӯр кунам.

Хоҳам ки шавам намуна дар давронам,

Он чи ки бувад бад, зи миён дур кунам.

Ғамхона бувад вуҷуди озурдаи ман,

Ғамро ба дил куштаву дар гӯр кунам.

Парвона наям, ки гирд гардам ба чароғ,

Ин дил ба садои рӯд ҳамҷӯр кунам.

Девона наям, агарчи девона кунанд,

Оҳанги хаёт бар дилам ҷӯр кунам.

РУБОИВУ ДУБАЙТИҲО

Ғам махӯр

Аз майю маъшуқа дуру бенавоӣ, ғам махӯр,

Гар фақиру дардмандиву гадоӣ, ғам махӯр.

Ҳар чи дар қисмат бувад, онро бубинӣ, чора нест,

Эй дили шуридаам, ту бо Худоӣ, ғам махур.

Кай…

Девона шудам чу Қайс ман аз аламат,

Умрест, маро ҷудоӣ набвад зи ғамат.

Дар ёду хаёлам ҳама умр ин фикр аст:

Кай роҳ барам, нигор, ман бар ҳарамат.

Ободӣ

Аз сӯзи замона дар дилам фарёд аст,

Аз бехирадони беҳунар ношод аст.

Ақлу хирад аст вусъати илму амал,

Аз ҷаҳду талош ин ҷаҳон обод аст.

Ба ҳам печида аст

Дар ин дунё каси беғам надидам,

Агар дидам, банӣ одам надидам.

Ба ҳам печида аст андӯҳу шодӣ,

Нишоту хуррамӣ ҳам кам надидам.

              ¨¨¨

Саҳар то шом андар роҳи ёрам

Барои дидани ӯ чашми чорам.

На парвои дили бемор дорам,

Таманои висоли ёр дорам.

                ¨¨¨

Ало дилбар, туро ман ёд кардам,

Ба ёдат хотирамро шод кардам.

Бақои зиндагӣ меҳр асту ишқ аст,

Ҳаётамро аз он обод кардам.

                  ¨¨¨

Гули рухсораи ту бехазон бод,

Баҳори зиндагият ҷовидон бод,

Аниси ҳар диле меҳру муҳаббат,

Гулафшон рӯзгори ошиқон бод.

               ¨¨¨

Туро ман бевафо гуфтам, хато буд,

Ба худ ноошно гуфтам, хато буд.

Маранҷ аз ман, ало, эй ҳамдами дил,

Ки ҳарфи носазо гуфтам, хато буд.

                 ¨¨¨

Макун, эй дилбари ман, бевафоӣ,

Ки дилро нест тобе бар ҷудоӣ.

Вафодорӣ ҳамебояд, ки дидем,

Надорад ҳеҷ суде бевафоӣ.

                    ¨¨¨

Ман он шабҳо, ки будам дар бари ту,

Таманно доштам аз бистари ту.

Гумонам буд, ки хушбахтам дар олам,

Хато кардам, ки будам ҳамсари ту.

                    ¨¨¨

Бечоравор ноливу сад дард пушти дард,

Ҳоли табоҳ дориву чун заъфарони зард.

Аммо нишон медиҳӣ худро, ки хурамӣ,

Дар ин сарои пурфусун бедарду беғамӣ.

                   ¨¨¨

Ҳамехоҳам равам бар манзили ту,

Раҳе ҷӯям ба паҳнои дили ту.

Маро гӯянд роҳе хавфнок аст,

Чи созам, ҳаст чун дил моили ту.

                 ¨¨¨

Ҷаҳон бигрифтааст афсонаи ту,

Шароби ноб дар паймонаи ту.

Ту шамъи равшани шабҳои торик,

Мани дилсӯхта парвонаи ту.

                 ¨¨¨

Ҳамеша дар фалак ахтар набошад,

Ҳамеша бода дар соғар набошад.

Ба қадри маҳвашон бояд расидан,

Ҳамеша ёр андар бар набошад.

                  ¨¨¨

Ба чашмонам наомад хоб имшаб,

Хаёли ту буду маҳтоб имшаб.

Нигоҳат барқ зад ногаҳ ба ҷонам,

Чӣ тӯфоне буду гирдоб имшаб.

                 ¨¨¨

Навои шавқ дамсози ту омад,

Дилам бар шӯр аз нози ту омад,

Ҳама шаб интизорӣ доштам ман,

Хушо, аз кӯча овози ту омад.

¨¨¨

Туӣ шаъми ману парвонаи ман,

Ҳадиси туст дар афсонаи ман,

Умеди зиндагиву бахти воло,

Чароғи равшанӣ дар хонаи ман.

®®®

Имрӯз бувад дур зи кулфат дили мо,

Дилкаш чу баҳори хурраме манзили мо.

Бо амри Худое, ки тавоноӣ варост,

Пур аз фараҳ асту аз тараб маҳфили мо.

®®®

Бегона дар ин ҷаҳон вафое накунад,

Дарду алами туро давое накунад.

Аз хеш намону пайи бегона магир,

Ҷуз хеш туро касе садое накунад.

                   ®®®

Бедор шаби дарозу бечора манам,

Саргаштаву саргарону овора манам.

Ман ғам нахӯрам, агарчи умрест чунин

Бе ёр дар ин ҷаҳону майхора манам.

                     ®®®

Ту ҷавлон мезанӣ баҳри чӣ, эй дил,

Аз ин шӯру талотумат чи ҳосил?

Чу мавҷе то ба кай туғён намоӣ?

Чу ин дарё надорад ҳеҷ соҳил.

                      ¨¨¨

Бехуда чавониям бадар рафт, дареғ.

Н-осудаву зору бесамар рафт, дареғ.

Чун соя нишастам ба рӯи гулу хор,

Чун мурдаи хори беназар рафт, дареғ.

                      ¨¨¨

Эй кош, ҳабиби дили решам бошӣ,

Ё хамдами дил ва ё ки хешам бошӣ.

Гар амри Худо насиби мо нест туро,

Дар лаҳзаи марг ту ба пешам бошӣ.

                      ¨¨¨

Монанди чароғи лола сӯзад дили ман,

Мулки ҳама дарду доғ бошад гили ман.

Майлам ба ту ҳасту фориғам аз дигарон,

Аз умр фақат ҳамин бувад ҳосили ман.

                          ¨¨¨

Гар дӯст дари кулбаи моро кӯбад,

Андӯҳу алам аз дили мо мерӯбад.

Рӯзе шаваду зи мо фаромӯш кунад,

Аз дард дили мо ба бадан мекӯбад.

                          ¨¨¨

Бирафтӣ чун ту бе ман сайри Наврӯз,

Ниҳодӣ дар дилам сад доғу сад сӯз.

Ҳадиси ишқварзиро, нигоро,

Бирав, аз волагони дил биёмӯз!

                     ¨¨¨

Баҳор омад, дилам шайдои ёр аст,

Барои дидани ӯ беқарор аст.

Гулу себаргаи ман чеҳраи ёр,

Ҷамолаш аз барои ман баҳор аст.

                 ®®®

Баҳори ишқи ман, эй ёри дилбар,

Димоғамро бикун аз атри гул тар.

Чӣ хуш фасли баҳору сайри гулшан,

Дили шӯридаву дилдор дар бар.

                 ®®®

Баҳори ишқи ман, ҳоло куҷоӣ,

Баҳор омад, чаро ту камнамоӣ?

Ду рӯз аст, эй азизам, умри одам,

Надорад ҳеҷ нафъе бевафоӣ.

                     ®®®

Маро дар ишқ ҳоле бебарор аст,

Дилам ошуфта асту беқарор аст,

Надорад ҳеҷ дармоне дили ман,

Давои дарди қалбам ишқи ёр аст.

                         ®®®

Туро, эй дилбарам, шодоб бинам,

Миёни партави маҳтоб бинам.

Ба ҳар ҷое, ки бе ман меравӣ ту,

Билохир ман туро нотоб бинам.

                   ®®®

Н-осуда аз ин замон танҳо ману ту,

Берӯзии ин ҷаҳон танҳо ману ту.

Беҳуда баҳори умри мо даргузар аст,

Озурдаи рӯҳу ҷон танҳо ман ту.

                    ®®®

Дусолаиву барои мо чун ҷонӣ,

Ғӯтида ба лойю хок саргардонӣ.

Зӯҳро, чи қадар номаки ту ширин аст,

Чашмат ба маҳу ситораҳо, ҳайронӣ.

                      ®®®

Ҷононаи ман, ту дигарӣ дар назарам,

Бар қомати ту бо ҳавасе менигарам.

Доруву давои мани дилдода туӣ,

Як лаҳза набинамат агар дарди сарам.

                        ®®®

Н-осдаву бебарор аз рӯзи азал,

Толеъ маро фиканда дар макру ҳиял.

Тақдир чунин буда, чӣ созам чора,

Бас илму ҳунар дораму беҳуда амал.

Ба бахту тахту дунёву дари хеш

Нигаҳбон ин Худо бар хар каму беш.

Туро хар дам дуо гуям ман аз дил,

Амон бошӣ зи бадгӯю бадандеш.

                                ®®®

Ёди ҳақ андар лабонам, сад хатову сад гуноҳ,

Сад сабақ андар дилам, сад вой, қалби ман сиёҳ.

Ман хато дониста мекардам, мудом дар зиндагӣ,

Эй Худо, бахшӣ мани гумроҳ андар нимароҳ.

                                 ®®®

Шукр гӯям ман туро, эй холиқи Парвардигор,

Эй, ки донистӣ ту моро, лоиқи ин нангу ор.

Беҳтарин уммат насиби муслимон гардидааст,

Ту сабабгори ҷаҳонӣ, эй Худои кирдугор.

®®®

Эй кош, табиби дили бемор шавӣ,

Ё марҳами ҷони ин дили зор шавӣ.

Ё нур ба ин дили сиёҳи пури ғам,

Эй кош, насиби мани дилдор шавӣ.

                       ®®®

Модар, ту ҷаҳону зиндагонии манӣ,

Дунёву баҳори ҷовидонии манӣ.

Созандаи хонаводаву хони ҳама,

Ту ҳури биҳишти меҳрубони манӣ.

                          ®®®

Эй кош, ҳамеша бошӣ андар дили ман,

Пардоз диҳӣ ту хонаву манзили ман.

Чун тозагуле ба боғи ҷонам бошӣ,

Сарсабз шавад, то ҳама дам маҳфили ман.