Киссам таърихи

Баъди даромадани асокири Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистон мардуми мусулмони ин кишвар бар муқобили онон ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ташкил намуданд ва то ихроҷи қувваҳои аҷнабӣ муборизаи мусалаҳона бурданд. Аммо баъди ихроҷи қувваҳои аҷнабӣ дар байни ҳамдигар барои соҳиби курсии риёсат ҷангҳои ҳизбӣ ва танзимиро оғоз карданд. Дар натиҷаи чунин муборизаҳои дохилӣ хуни ҳазорон мусулмон рехта шуд ва Афғонистон ба як кишвари ҷангзада ва садпора шудае мубаддал гашт, ки ҳар шаҳр ва қаряи он таҳти сайтараи чандин қумондонони танзимҳои бар муқобили ҳамдигар сангар гирифта қарор гирифт. Дар чунин вазъи ногувор силоҳбадастони роҳзан ва гуруҳҳои дуздони мусаллаҳе пайдо шудаанд, ки рӯзу шаб даст ба тороҷи моли мардум мезаданд ва хуни ба ноҳақ мерезониданд. Мо дар инҷо ҳикояи воқеъиеро ёдовар мешавем, ки аз он ҳақиқати ҳолу аҳволи мардумро дарк карда мешавад. Автобуси пур аз мусофирон дар мантақаи ба номи Гирдоб, ки дар байни шаҳри Қундуз ва Бағлон воқеъ гардидааст дар ҳаракт буд, ки ногоҳ роҳзанони силоҳбадаст ба роҳи автобус баромада онро ба таҳдиди ба тарафи осмон тирандохтан аз ҳаракат манъ карданд. Яке аз роҳзанон ба автобус дохил гардид ва амр кард, то мусофирон тамоми маблағҳои бо худ доштаро бароранд ва ба онон бидиҳанд. Ҳама маблағҳои бо худ доштаро бароварданд, вале як муйсафеде чизе набароварда буд. Аз вай пурсиданд, ки оё вай пул надорад, гуфт: Ман бо худ 40 ҳазор афғонӣ дорам, вале то даҳону дандонҳоямро нашикананд як афғонӣ ҳам барояшон намедиҳам. Мусофирон вайро бисёр илтиҷо карданд, ки таҳдиди роҳзанон ҷиддист ва дар ин кор таъхир накунад, вале муйсафед ба мавқеъи худаш пофишорӣ мекард. Дар ин асно роҳзан бо қундоқи автомат ба даҳонаш зарбаи сахте зад, ки тамоми дандонҳояш бирехтанд ва даҳонаш пур аз хун шуд. Муйсафед баъди даҳонашро шустан ва дандонҳои рехтаашро ҷамъ кардан он маблағи 40 ҳазор афғониро ба роҳзанон дод ва автобус ба ҳаракат даромад. Дар роҳ аз вай пурсиданд, ки чаро ба коре даст задааст, ки пулҳо ва дандонҳояшро ба якҷоягӣ аз даст дод. Дар ҷавоб муйсафед гуфт: Ин даҳони ман чандин сол ба даргоҳи Худо дуо ва илтиҷо мекард, ки муҷоҳидинро пирӯз бисозад. Аммо инҳо ба ҷои ҷорӣ кардани аҳкоми ислом ва овардани амнияту озодӣ роҳи тороҷи мардумро пеш гирифтанд. Аз ин рӯ ин даҳони ман барои хатои содиркардааш бояд ҷазо медид.

“Солеха”

ибрози назар