ОШУ НОНАТ ЧУН АДО ШУД, ОШНОЯТ МЕРАВАД……(Номаи Парвиз аз Масква)

   

     Дуруду  саломи  саршор аз мехру   мухаббат  ба хами шумо  хамватанони  азиз! Дар  инчо  номаи  пурсузе  аз  бародар,  хамватани  мо ,ки  тулии 10-сол шуд  дар Руссия  мухочир асту  кору  зиндаги дорад  Парвизи Маъдихуча  аз  нохияи  Точикободро дар даст  дорем,ки  нисбати  одаму  одамгари, дустию бародари  аст!

Мо хеч замона хеч дунё хама хеч,

Эй хеч зи бахри хеч бар хеч мапеч.

Дони, ки зи одами чи мемонад пас,

             Мехрасту мухаббат асту боки хама хеч.

 

 

Номаро  ба пураги  руйи кор  меорам  ва хохиш  мекунам ,ки  фикрхои худро нависед ва ба Парвиз маслихат  дихед!

Рузи замистон   4-январи  соли 2009  хаво хунак ва барфи бисгр меборид.Падарамро хар сахар аз хона ба кор гусел мекардам.Ва хар сахар гапи падарам хамин буд бачам обу нон кунед ва мехмонхонаро алов кун ки мехмон меояд.

Модарам бошад аз сахар то бегох дар дар пеши дектон ва дар гирди дег рузашро бегох мекард…

Рузи душанбе ки падарам  сардухтури беморхонаи  маркази нохияи Точикобод буданд ба мачлиси хукумати нохия  рафтанд.Падарам дар вахти мачлис фишораш баланд мешавад ва дар даруни зали мачлисгох мегалтад…

Падарамро гирифта ба беморхонаи нохия мебаранд.,ки худ ончо  кор мекарданд

Баъди чанд соате дар махала як кудаке ба ман мегуяд.Падарат дар беморхонаи нохия ахволаш бад шудааст ту ин чо чи мекуни магар хабар надори!…

Ман саросема шудаму аз телефони дасти ба падарам занг задам”Чавоб надод.Ман давон ба беморхона ки аз хонаамон он кадар дур нест рафтаму пурсидам…

Ман давидакунон ба суи навбатдор рафтам.Дидам,ки як бачаи чавони ношиносе шиштааст”Ба у гуфтам дежурный врач ба ман даркор.Вай ба ман гуфт дежуный врач дар хонаш мехмон дорад сахари мебиёяд…

Ман гуфтам илтимос чура биё  фишори падарам баланд шудааст.Ин дежурный медбрат будай хайр омаду,Фишори падарамро санчиду гуфт…

Фишори падарат созай то пагох соз мешавад. Рахмати калон чура  гуфтам ба  табиб.Баъд боз гуфтам чура илтимос дар Палатаи хамсоя кати занхо Амама хам як  фишораша санчида бин Медбрат рози шуд…

Омадем пеши амамшон даромадем,Амачон хами доктор фишоратро як санчида медид.!АМАМ рози шуд. Медбрат фишорашро санчиду гуфт хола хама садай шумо ПРОСТА монда шудед камтар хоб кунед хамааш соз мешавад…

АМААМ аз чой бар хесту ба ин медбрат гуфт Бачам кани як бори дигар биё фишорамро санчида бин.Медбрат дуюмбора фишори амаамро санчид.Баъд амам ба суи ин медбрат нигох карду гуфт.Бачам фишори Акама хам худат санчида буди?:Вай дар хол гуфт: бале, бисер хуб аст.АМАМ ба ин писар гуфт ту ки холати кор фармондани ин Апаратро наметони барои чи чавоби нодуруст,медихи…

Ин  медбрат дар хол чавоб дод ман тачрибаомуз   охиста охиста ёд мегирам.Амам Апараташро аз дасташ гирифту ба вай гуфт раб бачам ягон дежурный врачро гирифта биёр ин Медбрат рафту дигар на омад!.

Рузи 2 дар беморхона хаво бисер хунук дар палатаи падарам хунук на печкю на свет аз тарафи дигар Детски отделение ба хама маълум ки кудакони бемор  овози гиряи кудакхои бемор .Рузи бозор буд чи кор карданамонро намедонистем…Падарам бе хуш  на гап мезад  на мечунбид.

Хамин хел  як хафта гузашт  падар дар як  холат буд хомуш  чашм во намекард факат  сузандору  мечакиду тамом.Аз  хамкорону  шогирдон  касе аз холи падарам  намепурсад.Баъд ногох як ошинои падарам  ба дидор бини  омада ин хама холу ахволи  падарамро дида гирья кард ва ба ман гуфт.Дар чи хол будани падаратро ёру рафикону  хамкасбонаш, ки дар шахр хастанд медонанд..?.

Ман гуфтам не.! Вале аз донистани онхо чи натича, Мебинам ин ки хамкорону рафикони дар гирду атроф будааш хама ки дар як ватан дар як дасторхон нон мехурданду як солу ду сол не наздики 40 сол аст ки хамдигарро мешиносанду ёру ощиноханд..як бор даромада  намепурсанду  боз аз шахр!Ба хар хол бо гуфти рафики падар дар чустучуи  рафикони падар  шудем!

Баъд  мо телефони дастии падарамро гирифта ба яке аз дустони наздикаш,ки  дар Вазорати  Тандурусти   кор мекард  ба акаи  Азамчон  занг задем.Акаи  Азамчонро аз ходисаи ба  падар  омада  хабар додам  то ки  ягон  табиберо аз  марказ  фиристонад . Ташакури зиёб ба ин  инсони хуб ки  худи пагох  2- нафар  табибонро  ба  нохияи Точикобод  барои  даво бахшидан ба  падарм  фиристод.

Духтурхо соати 2-и шаб омада расиданд.Ва ба хирургия даромаданд ба суроги Падарам…

Онхоро аз хирургия ба детский отделени равон карданд.Духтурони шахр  аз дидани ахволи падарам ки холаш хеле бад буд бисер гамгин шуда.Яке аз онхо гуфт,ки табобати навиштаи  табибони нохияро  биёред  бо  таърихи касалиро муайян кунем.Вакте,ки дидан табобати  навиштагиро хайрон  монданду  гирифта хамун  навиштагихоро  дарондану   аз нав  табобат навиштан!

Баъди  навиштани  табобат  яке  аз  ин духтурхо  пурсид, ки Исмоилов  Мукарраб  дар хамичо бошад  ба  назди мо  бихонаш  то, ки мо  ба  у  бифахмонем  тарзи табобатро!Ман  рафата  акаи  Мукаррабро  гирифта оварда  духтурхо  когази табобати навиштаи худашонро ба   дасташ додану  фахмонида  худашон рафтанд.

Як  хафта баъд аз рафтани духтурхои шахр,Шукри Худованд,ки Падарам руз то руз бехтару бехтар шудан гирифт.

Рахмат  ба акаи Мукарраб ки  чандин  шабу  рузхо хамрохи мо  дар  пахлуи падарам буд!

Вале  аз  он  рафикони  нонии  падар ки  40 сол якчо кору  зиндаги кардан дараке  набуд.

САД БОР БАДИ КАРДИВУ ШАРМИ ТУ НАОМАД,

 НЕКИ ЧИ БАДИ ДОШТ, КИ ЯК БОР НАКАРДИ?!

Аз барои чи хурсанд буданд рафикхои падарам  ман намедонам.Хозир ба хонаи мо  баъди шифо  ёфтани  падарам  баъзе  рафикхояш  меоянду бо хамрохии падарам шишта чой менушанду сухбат мекунанд.Онхое ки дар бемориаш дари хучраашро во на мекарданд

 

ОШУ НОНАТ ЧУН АДО ШУД, ОШНОЯТ МЕРАВАД,

 АЗ НАВО ЧУН БОЗМОНДИ, ХАМНАВОЯТ МЕРАВАД!’

 

Шукри Худои бузургу мехрубон хозир падарам шифо  ёфанду   боз  кор ва хизмати халкро  пешбурда исодааст.

Бародарон ва хохарони мухтарам ман намедонам чи гуям баъди ин хама ки дар хонадони мо ба сари Сардухтури нохия омад Худованд шифоят дихад падарчон Як кисм Шогирдон ва Хамсабаконат ки бисер хурсан буданд…

Хайр хонандагони мухтарам:Аввало он ки хеч гох бемор нашавед,Дуввум ин ки агар як одами бечораю бегон ба беморхона дучор шаванд холашон чи мешуда бошад???.вакто,ки  табибон  ба  хамкасби худ  рафики худ чунин  рафтор карданд!.

Дар  охир  ба хамаи онхое,ки  дар вакти бемори падар бо мо хамрохи мекарданд  ба домулло  Хикамтуллох ва  писарашон кори Мухаммадчон ба акаи Азамчон  акаи Мукарраб ва хама  хешу  табору  хаду хамсояхое,ки хамдарди мо буданд  як  чахон  ташакур  мегуям.Ва  худованди карим  хохони онам,ки ягон  бандаи мусалмон  бемор  нашавад ба  дасти чунин духтурони беимону бетавфик  нафтад!

Ман чи хел дар ин диёр дар оянда умр ба сар бурда ба ин Инсонхо ру ба ру шуда салому алек мекунам!Худо ёратон бод!

 ЯКЕ СИМУ ЗАРУ ГАВХАР БИХОХАД,
ЯКЕ САД АХТАРИ ДУНЁ БИХОХАД.
ДИЛИ МАН АЗ ХАМА КОЛОИ КИММАТ,
ДУОИ ХАЙРИ ПАДАР БИХОХАД!

Ин расми падарам пас аз шифо ёфтанаш!


 


  • amazonS3_cache: a:7:{s:47:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parviz.jpg”;i:90;s:53:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parviz-avosh.jpg”;i:91;s:55:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parviz-225×300.jpg”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1585152490;}s:61:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parviz-avosh-225×300.jpg”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1585152490;}s:48:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parviz.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1713738605;}s:45:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/12/parviz.jpg”;i:90;s:51:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/12/parviz-avosh.jpg”;i:91;}

комментариев 10

  1. tojikobod Навишт:

    Дар хакикат ин шахсият арзантаи тахсину офарин аст зеро куммаки дасти Акаи Маъдихуча ба хма мардуми нохия расидааст мо аз даргохи илохи орзумандем ки худованд шифои комилаш дихаду дар панохи худаш нигахаш дорад!

  2. точик Навишт:

    Бародари Азизу гироми хар вактеки ягон вокеаро менависед ба суханони навиштаатон ахмят тиед хангоми падаратонро ба беморхона овардед мегуед, ки хучраи беморон хунук буд. Оё ин падари шуммо сардухтури хамин бемор хона набуд оё ин ухдадории падари шумо набуд, ки хучрахои беморонрог таъмир намуда бо тачхизотхои гарм дихи
    таъмин мекард як бори дигар хонен номаи навиштаатон ро аз ман хафа нашавед падари шумо дар хакикатам кобили хама кор хаст аммо бо ин мактуби навиштаатон обу руи падаратон ро резондед…

  3. Сулаймони Раштони Навишт:

    Салому дуруди хешро ба чопкунандаи ин кисса ва хонандагони бисёр хам оликадри ин сомона иброз медорам.
    Дар хусуси ин кисса фикри банда чунин аст: Хонандагони гиромикадр. Вокеан хам акаи Маъдихуча тавонистан хизмати хешро ба беморони нохия дар вактхои адои вазифаашон расонидаанд. Фикр мекунам дар он даврахои нооромии (1993-1997) манотики Раштонзамин кор кардан дар чунин муасисаи табобати бисёр хам душвор буд, вале ба ин нигох накарда акаи Маъдихуча хизмати хешро ба беморон ва он нафароне,ки дар он даврахо захм мебардоштан хизмати худро дарег надошта бо як чехраи кушоду табъи болида муолича мекарданд.
    Он шахсе,ки дар боло бо номи”точик” ибрози андеша кардааст, ман ба андешаи он кас зидам. Оё хизмати чунин як табиби бо фахму бо идрок ба шумо нарасидааст акаи “точик”! Дар он холате.ки акаи Парвиз ин номаро ба калам медодан фикр мекунам нафрати хамкасбони падарашро (онхое,ки бо хам 40 сол кор кардаанд )нисбати табобати падараш фикр мекарданду чунон ба хашм ин навиштаро руи когаз меоварданд. Дар ин холат акаи “точик”шумохам бошен аз ин бадтар менависен. Агар шумо хуб фикр кунен ин нома ё кисса на обу руйи падарашро мебардорад ва на обу руйяшро паст мекунад. Ин факат хамон холате, бе ахамиятии шогирдон ва хамкорони падараш насбати табобаташ тасвир кардааст.

  4. ШАХЛО Навишт:

    БАЛЕ ДОКТОР МАЪДИХУЧА МИРЗОРАХМАТОВРО ДАР НОХИЯИ ТОЧИКОБОД ХАМА МЕШИОСАНД ХАМЧУН ЯК ТАБИБИ ХУБ КИ БАРОИ ХАЛК ХИЗМАТХОИ ЗИЁДЕ КАРДАСТ. ИН МАКОЛА БА ОН ХОТИР БУД КИ РАФИКОНИ НОНУ НАМКХУР ЧИ ХЕЛ РАФТОР КАРДАНД БА ИН ИНСОН. ИНЧО ЯК ЧИЗ МАЪЛУМ ШУД ДУСТОНИ НОНИЮ ДУСТОНИ ЧОНИ.
    ПАРВИЗ ГИЛА АЗ ДУСТОНИ ПАДАР ДОРАД.

    ХУДОВАНД ЯК ШИФОИ КОМИЛРО БА ИН МАРДИ МЕХНАТИИ ВАТАН АЗ ХАЗИНАИ ГАЙБАШ БИРАСОНАД.

    Бани одам аъзои якдигаранд,
    Ки дар офариниш зи як гавхаранд.
    Чу узверо ба дард оварад рузгор,
    Дигар узвхоро намонад карор

  5. ШАХЛО Навишт:

    ИНАК БОЗ ЯК МАТЛАБИ ДИЛИ ПАРВИЗ КИ ХУД НАТАВОНИСТ ИНЧО РУЙИ КОР БИЁРАД АРЗИ ХУДРО, ЧАВОБ БА САВОЛИ БАЪЗЕ БАРОДАРОН!!

    БА РОСТИ ИН БАРОДАР КИ НОМИ ХУДРО (ТОЧИК)НАВИШТА ЧУНИН ТАНКИД КАРДААНД МАН ИН ТАНКИДИ ШУМОРО ИНТИЗОР ХАМ БУДАМ.ВАЛЕ ПАДАРИ МАН ДАР ДАВОМИ ИЧРОИ ВАЗИФААШ БИСЕР КУШИШ МЕКАРДАНД КИ РУЗ ТО РУЗ ВАЗЪИ БЕМОРХОНА ХУБТАРУ ХУБТАР ШАВАД ВАЛЕ ДАР ШАРОИТЕ БАЪДИ ЧАНД СОЛИ НООРОМИЮ НОТЕНЧИЕ,КИ МОВУ ШУМОРО ШОХИДИ ХОДИСАХОИ ВАЗНИН ДАР ВОДИАМОН КАРДА БУД.ГУФТАНИАМ КИ ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН ОН РУЗХОРО БА САРИ МО ДИГАР ХЕЧ ГОХ БА БОЛОИ ХАЛКАМОН НАОРАД!
    09:23
    БАРОДАР КИ ИСМАТРО ¿ТОЧИК¿ГУФТИЮ ЧУНИН ТАНКИД КАРДИ АВВАЛО КИ ДАР БЕМОРХОНА ДАР ХАМА ХУЧРАХО ПЕЧКА ВА ДИГАР ШАРОИТХО БА КАДРИ ИМКОН БУДАНД.ВА ДУВВУМ ИН КИ МО ПЕШ АЗ ОВАРДАНИ ПАДАРАМ ИЛТИМОС КАРДЕМ БА УН ЧОЙНИШИНОНУ ШОГИРДОНИ ПАДАРАМ 2-3 РУЗ ПЕШ КИ ЧОРАЕ БИНАНД ВАЛЕ ЯГОН ЧОРА НАДИДАНД ВА НА МАН БАЛКИ БИСЕР ОДАМОН ИН НОХУРМАТИЮ БЕ ТАВФИКИИ ХАМКОРОНи ПАДАРАМРО ДИДАНД.ФАКАТ ДАР ХУЧРАИ ПАДАРИ МАН ПЕШКА НАБУДУ ХАЛОС …
    09:36
    ДАР ОХИР БА ИН БАРОДАРИ ТОЧИК МЕГУЯМ,КИ БАРОИ ОБОД КАРДАНИ ВАТАН МАРДХОЕ БУДАН,КИ ЧОНИ ХУДРО АДОИ ХИЗМАТУ ОРОМИИ ХАЛКИ ХУД ГУФТА БА ИН ХОТИР ЧОН ФИДО КАРДАН.ИМРУЗ БОШАД КАСЕ АЗ НОМИ НЕКИ ИН ШАХИДОНРО БА ЗАБОН НАМЕОРАД КИ ПАДАРИ МАН ХАМ БО ХАМРОХИИ ОНХО БУДАН ДАР ВАКТХОИ БИСЕР ХАМ ВАЗНИН.МАН БА ИН БАРОДАР МЕГУМ КИ ИН ЧО ГАП ДАР БОРАИ ИНСОНГАРИ ДУСТИю ХАМКОРИИ ЧАНДИНСОЛАЕ КАРИБ 40СОЛ ИН ЯК УМРИ ОДАМЕ ХАСТ ИМРУЗ ОДАМОН АФСУС КИ ОДАМОН 40 СОЛ УМР НАМЕБИНАНД…

  6. Али Навишт:

    Аслан фикрхо гуногун мешаванд ва хама кас метавонад нисбати ин ё он матлаб фикри худро дошта бошад, лекин дар асл дар он вактхо бенихоят мушкил буд кор ва фаъолият кардан лекин ин шахсият чи гунае, ки набошад хизмати худро бахри мардуми диёри худ расонидааст…
    Нисбати бародари азиз Парвиз гуфтаниям, ки хаволаи инсонхои бадро ба худо дех, ва рахмат ба бародар Сулаймон ва апаи Шахлобону, ки вакти худро дарег надошта назаре ба навиштахои мо кардаанд.
    Хушхол аз навиштахои шумоям дустон!!!

  7. Маъди Навишт:

    Ман худам аз Чергатол. Рости гап ман, хам ба беморхонаи н Точикобод як чанд маротиба бемори овардам, лекин ба ман тамоман муомилаи гарм кардаанд, ман бисёр миннатдорам аз мардуми Точикобод, шахсан аз Духтуроне, ки дар беморхонаи маркази кор мекунанд….

  8. Parviz Навишт:

    ХОНАНДАГОНИ МУХТАРАМ ЯК ЧИЗ НОГУФТА НАМОНАД,КИ ДАР БЕМОРХОНАИ МО ДУХТУРОНИ ХУБ ВА БОИНСОФУ ХУДОТАРС ХАСТАНД,ВАЛЕ АФСУС,КИ ШУМОРААШОН ХЕЛО ХАМ КАМ АСТ,!!

  9. Parviz Навишт:

    САД БОР БАДИ КАРДИЮ РАХМАТ НАШУНИДИ, НЕКИ ЧИ БАДИ ДОШТ,КИ ЯК БОР НАКАРДИ!!!

  10. МУХАММАДСОДИК Навишт:

    МАН БА БАРОДАРАМ ПАРВИЗ ГУФТАНИ ХАСТАМ КИ АЗ ТАГДИРИ ОМАДАИ ПАДАРАШ ГАМГИН НАШАВАД ВА КУШИШ КУНАД КИ БА ПАДАРАШ ХИЗМАТ РАСОНАД ВА ХУДОВАНД ГУФТААСТ КИ КАСЕКИ ЯК ЗАРА НЕКИ МЕКУНАД ОН ПОДОШИ ХУДРО МЕБИНАД ВА КАСЕ КИ ЯК ЗАРА БАДИ МЕКУНАД ОН ХАМ ПОДОШИ БАДИИ ХУДРО МЕБИНАД. ВА ДАР ОХИР ГУФТАНИ ХАСТАМ КИ ХУДОВАНД ШИФОИ КОМИЛ ДИХАД ПАДАРАТРО. ХИЗМАТИ ПАДАРИ ШУМО БА МАН ХАМ РАСИДААСТ!!!

ибрози назар