Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

        Вергилий Гиёргиё мегӯяд, дар ҳеҷ як аз динҳои бузург то ин ҳад (ба андозаи таъкиди  Қуръон) барои маърифат арзиш ва аҳамият қоил нашудааст. Қуръон чунон аз маъорифи илоҳӣ саршор аст, ки башар ҳар чи бештар дар ирфон ва фалсафа пешрафт кунад, ба ҳама асрори он иҳота пайдо нахоҳад кард.
Сумор дар бораи ин китоби илоҳӣ иброз медорад, ки Қуръон илова бар ин ки аз латифтарин кутуби адабӣ аст, мукаммали қонунҳои ахлоқӣ, кишварӣ, лашкарӣ ва иҷтимоист. Короел, муаррих ва андешаманди маъруфи Англия изҳор доштааст, ки агар як бор ба ин китоби муқаддас назар афканем, ҳақоиқи барҷаста ва хусусиятҳои асрори вуҷуд тавре дар мазмунҳо ва ҷавҳараи он парвариш ёфта, ки азмат ва ҳақиқати Қуръон ба хубӣ аз онҳо намоён мегардад ва ин худ бузургиест, ки фақат барои Қуръон ихтисос ёфта ва дар ҳеҷ китоби илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодии дигар дида намешавад.
Гиёте, файласуф ва шоири бузург олмонӣ гуфтааст, Қуръон асарест, ки аҳёнан ба воситаи сангинии ибораҳо хонанда дар ибтидо ба мушкилӣ дучор мешавад ва сипас мафтуни ҷозибаи он мегардад ва дар охир бе ихтиёр шефтаи зебоиҳои бешумори он мешавад. Синоиш дар ҳақоиқ ва ростии Қуръон баён доштааст, ки Қуръон бегумон ҳамон қонуни комил ва ҳамагонист, ки ботил на аз рӯ ва на аз пушти сар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дар он роҳ ёбад. Ин китоб шоиста ва боистаи ҳар замону макон аст. Агар мусалмонҳо чунончи сазовор аст ба он мутамассик ва пайрав шаванд ва ба таълиму аҳкомаш амал кунанд, бузурги умӯми қавмҳо ва миллатҳо хоҳанд шуд, ҳамчуноне ки дар гузашта буданд.
Рокстони шотландӣ низ гуфтааст, ки солиёни дароз дар ҷустуҷӯӣ ҳақиқат будам, то ин ки ҳақиқатро дар Ислом ёфтам. Пас Қуръони азимро дидам ва шурӯъ ба мутолиъаи он намудам, тамоми саволҳоямро ин китоб ҷавоб гуфт. Қуръон тарсро дар инсон илҳом мекунад ва дар айни ҳол собит менамояд, ки ҳар чи мегӯяд ҳақиқат аст. Ҷорҷ Герберт баён медорад, ки муҳимтарин китоби дунё Қуръон аст. Зеро таъсире, ки ин китоби осмонӣ дар дунё карда, назири онро ҳеҷ китобе надоштааст. Қуръон китоби илмӣ, динӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва таърихист ва барои ҳамеша муқаррарот ва қавонину аҳкоми он бо усули қонуни имрӯз ҳамоҳанг аст. Глодстун сиёсатмадори Англия Қуръонро ба маҷлиси омма бурду гуфт, то ин китоби илоҳӣ бошад, саёдат ва бартарии Англия дар мамолики исломӣ муҳол аст.

Мавзӯъ аз моҳномаи Анҷумани ахлоқ ва маърифат гирифта шудааст.
Таҳияи Ҳувайдои Абдуллоҳ

  • amazonS3_cache: a:4:{s:53:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/01/kuroni-karim.jpg”;i:94;s:61:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/01/kuroni-karim-300×225.jpg”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1584729502;}s:51:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/01/kuroni-karim.jpg”;i:94;s:54:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/01/kuroni-karim.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1711268898;}}

ибрози назар