Достони қошуқ…!

     Марди рӯҳоние рӯзе даст ба дуо бардошта гуфт: “Худовандо, дӯст медорам, то бидонам биҳишту дузах чи гунаанд?

Ба он мард хоб ғалаба карду, руъёе дид, ки дар он  Худованд ӯро ба сӯйи ду дар роҳнамоӣ кард ва яке аз онҳоро боз кард. Мард нигоҳе ба дохил кард. Дар байни утоқ мизи гирди калоне вуҷуд дошт, ки дар рӯйи он як зарфи хӯроке буд ва он қадар бӯйи хуше дошт, ки аз даҳонаш об рафт!

Афроде, ки дар гирди миз нишаста буданд бисёр лоғару мурданӣ ва беморнамо ва ба назар қаҳтизада менамуданд. Онҳо дар даст қошуқҳое бо дастаи бисёр дароз доштанд, ки ин дастаҳои қошуқ ба дасту оринҷи онон васл шуда буд ва ҳар кадоми онҳо метавонист, ки ба осонӣ қошуқашро дохили зарфи хӯрок дароз карда, онро пур кунад. Аммо қошуқҳо, ки ба дасти онҳо то болои оринҷ пайванд  бастагӣ буд, наметавонистанд  дастҳояшонро баргардонда, қошуқро дар даҳони худ гузоранд.

Марди рӯҳонӣ бо дидани ин саҳнаи бадбахтӣ ва азоби онҳо ғамгин шуд. Нидои ҳотифе омад: “ту ҷаҳаннамро дидӣ”!

Сипас Худованд барои он марди рӯҳонӣ дари дигареро боз кард. Онҷо ҳам дақиқан мисли утоқи пештар буда, мизи гирде бо як зарфи хӯрок, ки аз дидани он мисли гузашта аз даҳони мард об рафт.

Афроде дар гирди миз, мисли ҷойи қаблӣ ҳамон қошуқҳои дастадарозро доштанд, ки ба мисли гурӯҳи пешин қошуқҳо дар дасту оринҷи онҳо баста буд, вале ба андозаи кофӣ қавӣ ва сер буда, мегуфтанду механдиданд. Марди рӯҳонӣ гуфт: “чизеро аз ин нафаҳмидам”!

Нидое омад: “фаҳми ин душвор нест, танҳо ниёз ба маҳорате дорад! Чи гунае мебинӣ, мардуми ин утоқ ёд гирифтаанд, ки ба ҳамдигар ғизо бидиҳанд, дар ҳоле ки одамҳои тамаъкору тамаъҷӯи он утоқ танҳо фикри худро мекунанд”!

Пас биёед қошуқи ғизои хешро тавонем, ки бо як дигар тақсим намоем…

 

Сайре дар васфу ситоиши модар

Модар! Чӣ сухани зебову гувороест, ки аз такрори он ҳар лаҳзаю соат дилам гум мезанад ва аз чашмонам беихтиёр ашк ҷорӣ мешавад. Модар чароғу чашмихонадон, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳам аназдику меҳрубон  ва  мунису ғамхор ба ҳисоб меравад.   Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбия кунанда ва бакамол расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чи зсаодати шахсаст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаётимустақилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим бақадру манзалати падарумодар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.   Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худ шиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватан парастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дарнавбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ватан дурустииз ан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Донишчуйи соли 2-уми факултаи «Механикаю математика»-и  ДМТ Ҳабибулло Абдулғафоров чунин мегуяд:                                                                                                                  Модар!  Вожаест гўшнавозу гуворо ва қашангу марғуб. Дарачаи бузургии модар то ҳаддест, ки онро бо Ватан дар як радиф қарор дода, Ватан-Модар ва ё Модар-Ватан мехонем.
Модар чароғу чашмихонадон, киматтарин неъмати дунё, ганҷи бебаҳост ва он барои фарзанд шахси аз ҳама наздику меҳрубон ва мунису ғамхор ба ҳисоб меравад. Ин шири сафеду  чонбахше, ки ҳеч ғизову анвоъи олам дар шириниву тамъ бо он баробар нест.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарини нсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳамаҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синнусол.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модараст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модараст.
Он чӣ дар васфи  биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модараст.

Зиндаги худ шеъраст.,.ки бо аллаҳои модарон ибтидо гирифта,бо номи он анчом меёбад.Харфарзанде,ки кимати модарро донад,бо дуояаш хушбахту шухратёр мегардад.                                                                                                                                                                         Сад ҷонудил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоишорад дасти дуои модар.

Дилшод Нозимовд онишҷӯйи соли 4-уми ДМТ  ихтисоси Физика дар васфи модари мушфиқу меҳрубон чунин суханҳоро ироа мекунад:

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи оламаст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳарчӣки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарини нсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.

Модар бузургаст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабурӯз дар фикри он аст, кифарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеаи нсони саҳм гузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар синни 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад.

Донишчӯйи соли 5-уми факултаиЖурналистикаи ДМТ Фаррухи Асадулло мегӯяд,Модар! Ватан! Ин дукалима беҳ амдигар маънои худро гум карда дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонанд…

Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офаридашуданду ғазалу таронаҳо сароида мешаванд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсонон чунон азизу муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда боҷону дил дӯсташ медорад.

Дар оғӯши модар – Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Барои ҳамин ду калима бе  ҳамдигар маънои худро гум  карда  дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Модар – Ватан муқаддастарин  мафҳум ҳимояи он шаъну шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс баҳ исоб меравад.

Ба андешаи ман зани тоҷик, ки намунаи  олитарини зан-модараст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз ҳам ӯро чун зан-модар – ҳамон модаре, ки сари гаҳвора алла мехонад, парастиш мекунанд, вале шахсияташ, ишқу муҳаббаташ, андешаву оламашро касе эътироф наменамояд. Афсӯс, ки имрӯзҳо бори вазнини ҳаётроҳам бештар занон мекашанд. Рисолати аслии зани тоҷик аз сабурии ӯст.

Зан модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Ба қавле «Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори занаст».

Таҳияи Сулаймон Маҳмадов донишуйи

 соли 5-уми риштаи Рӯзноманигории

Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

САЛОМ МОДАР ИДАТ МУБОРАК БОШАД!

САЛОМ МОДАР, САЛОМ БАР ОН МОДАРЕ, КИ ОФАРИДГОРИ ОЛАМ БИХИШТИ ЧОВИДОНРО ПОЯНДОЗИ ПЕШИ ПОЯТ КАРД,  ВА ТАМОМИ ЗЕБОИЮ ЭХТИРОМРО ЯКЧО НАМУДУ ДАР ЗАМИН МОДАР ОФАРИД, КИ ИМРУЗ ОФАРАНДАИ НАСЛИ ОДАМИЗОД ДАР ЗАМИН БА ХИСОБ РАФТА АРЗАНДАИ ТАХСИНУ ОФАРИН АСТ. САЛОМ БА ОН МОДАРЕ. КИ ЗАХМАТХОИ БЕ БАХОЕРО БАХРИ ТАВЛИДУ БА ВОЯ РАСИДАНИ ФАРЗАНДИ ХУД ПУШТИ САР МЕКУНАД. САЛОМ БА ОН МОДАРЕ, КИ ИМРУЗ ДАР ТАНХОИСТ ВА ОРЗУИ ОНРО ДОРАД ТО ФАРЗАНДИ У, ЧИГАРБАНДИ У ПУШТИ ДАРАШ БИОЯДУ БО САДОИ БАЛАНД САЛОМ МОДАРЧОН ГУЯД. САЛОМ БАР ТАМОМИ МОДАРОНЕ, КИ ИМРУЗ ДУР АЗ ФАРЗАНЧОНИ ЧОНИ ЗИНДАГИ ДОРАДУ ОРЗУИ ДИДОРИ РУИ ОНХОРО ДОРАД. САЛОМ БАР МОДАРОНЕ. КИ БЕМОРАСТАНДУ БА ДИЛБАРДОРИ НИЁЗ ДОРАНД.

 

ТАМОМИ МОДАРОНУ БОНУВОНИ КИШВАРРО БО ФАРО РАСИИ РУЗИ ИДАШОН ТАБРИК ГУФТА БАРОЯШОН ТАМОМИ ХУШИХОИ ЗИНДАГИРО ОРЗУМАНДАМ, БИГУЗОР ХАНДАИ ТИФЛАКОНИ НАВЗОД ХАМЕША ЗИННАТ ДИХАНДАИ ХОНАДОНИ ШУМО БОШАД ВА ХЕЧГОХ ХАСТАГИЕРО ДАР ЗИНДАГИ ЭХСОС НАКУНИ ЗЕРО ХАСТАГИИ ЗАН ИН ХАСТАГИ ДАР ЗИНДАГИИ МО ХОХАД БУД. ИЛОХО КУЛЛИ МОДАРОНИ ТОЧИКРО ХУШБАХТ ВА ЗЕБО НИГАХДОР. ИД МУБОРАК МОДАРЧОН.

Ғамгин мабош!

Ғамгин мабош! Зеро ғам нисбат ба гузашта мутаассиф ва нисбат ба оянда ноумедат мекунад ва имрўзатро бар бод медиҳад …Зеро ғам қалбатро танг, чеҳраатро гирифта ва рўҳатро хаста мекунад ва орзуҳоятро аз ҳам мепошад …Зеро ғам на гумшудаеро бармегардонад, на мурдаеро зинда мекунад, на тақдирро тағйир медиҳад ва на фоидае ба ҳамроҳ дорад. …Зеро агар ту фақир ҳастӣ шахси дигаре ба хотири қарздор шудан фирорӣ ё зиндонӣ аст. Агар ту мошин надорӣ шахси дигаре пойҳояшро аз даст додаст. Агар ту фарзанде аз даст додаӣ шахси дигаре чанд фарзандашро дар як ҳодиса аз даст додаст ва агар ту аз дардҳо шикоят дорӣ ашхоси дигаре бар тобутҳои сафед хобидаанд. …Зеро агар гуноҳ кардаӣ тавба кун, агар бад кардаӣ истиғфор кун, агар хатое кардаӣ ислоҳаш кун ва бидон, ки раҳмати Худованд бепоён, дари тавба боз ва холиқи ҳастибахш тавбапазир аст. …Магар намебинӣ абрҳои сиёҳ чигуна пароканда, шаби торик чигуна равшан, ва тўфони шадид (суннами) чигуна ором мешавад? Аз паси сахтиҳоят осоние ҳаст, зиндагият ба сўйи хушбахтӣ ва ояндаат ба сўйи неъматҳо раҳсипоранд.(Ин шоаллоҳ) …аз маломату сангзаданҳои аҳли ботил ва бединони ҷоҳил, зеро ак-аки саг худашро хаста мекунад, вале ту барои сабрат аз холиқи меҳрубон подоши нек хоҳӣ гирифт. …зеро беморӣ шифо меёбад, мусибат мегузарад, гуноҳ бахшида мешавад, дин амалӣ мегардад, зиндонӣ озод мешавад, гумшуда бармегардад, гунаҳкор тавба мекунад ва фақиру камбағал тавонманд мешавад. …ҳар гоҳ аз чораҷўйӣ бозмонӣ ва ҳамаи роҳҳоро баста ёбӣ, орзуҳо поён ёбанд ва ресмонҳо канда шаванд, пас нидо кун! «Ё Аллоҳ ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» … ҳар гоҳ замин бо ҳама фаррохиаш бар ту танг шавад ва нафасат аз сина берун наояд, пас нола кун ва бигўй! «Ё Аллоҳ, ҳасбуналлоҳ ва ниъма-л-вакил» …ва ҳангоме ки мусибате ба сарат биёяд, нагунбахтӣ сар барорад ва бўҳрон бузург гардад, пас фарёд кун ва бигўй! « Ё Аллоҳ, ниъма-л-мавло ва ниъма-н-насир». Парвардигоро! Бар чашмҳои бедор, хоби ором ва бар нафсҳои беқарор оромӣ ва итминон биёвар ва ҳардуро ба пирўзии наздик бирасон! Таҳияи Бобоҷони ҚАЙЮМЗОД

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

        Вергилий Гиёргиё мегӯяд, дар ҳеҷ як аз динҳои бузург то ин ҳад (ба андозаи таъкиди  Қуръон) барои маърифат арзиш ва аҳамият қоил нашудааст. Қуръон чунон аз маъорифи илоҳӣ саршор аст, ки башар ҳар чи бештар дар ирфон ва фалсафа пешрафт кунад, ба ҳама асрори он иҳота пайдо нахоҳад кард.
Сумор дар бораи ин китоби илоҳӣ иброз медорад, ки Қуръон илова бар ин ки аз латифтарин кутуби адабӣ аст, мукаммали қонунҳои ахлоқӣ, кишварӣ, лашкарӣ ва иҷтимоист. Короел, муаррих ва андешаманди маъруфи Англия изҳор доштааст, ки агар як бор ба ин китоби муқаддас назар афканем, ҳақоиқи барҷаста ва хусусиятҳои асрори вуҷуд тавре дар мазмунҳо ва ҷавҳараи он парвариш ёфта, ки азмат ва ҳақиқати Қуръон ба хубӣ аз онҳо намоён мегардад ва ин худ бузургиест, ки фақат барои Қуръон ихтисос ёфта ва дар ҳеҷ китоби илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодии дигар дида намешавад.
Гиёте, файласуф ва шоири бузург олмонӣ гуфтааст, Қуръон асарест, ки аҳёнан ба воситаи сангинии ибораҳо хонанда дар ибтидо ба мушкилӣ дучор мешавад ва сипас мафтуни ҷозибаи он мегардад ва дар охир бе ихтиёр шефтаи зебоиҳои бешумори он мешавад. Синоиш дар ҳақоиқ ва ростии Қуръон баён доштааст, ки Қуръон бегумон ҳамон қонуни комил ва ҳамагонист, ки ботил на аз рӯ ва на аз пушти сар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дар он роҳ ёбад. Ин китоб шоиста ва боистаи ҳар замону макон аст. Агар мусалмонҳо чунончи сазовор аст ба он мутамассик ва пайрав шаванд ва ба таълиму аҳкомаш амал кунанд, бузурги умӯми қавмҳо ва миллатҳо хоҳанд шуд, ҳамчуноне ки дар гузашта буданд.
Рокстони шотландӣ низ гуфтааст, ки солиёни дароз дар ҷустуҷӯӣ ҳақиқат будам, то ин ки ҳақиқатро дар Ислом ёфтам. Пас Қуръони азимро дидам ва шурӯъ ба мутолиъаи он намудам, тамоми саволҳоямро ин китоб ҷавоб гуфт. Қуръон тарсро дар инсон илҳом мекунад ва дар айни ҳол собит менамояд, ки ҳар чи мегӯяд ҳақиқат аст. Ҷорҷ Герберт баён медорад, ки муҳимтарин китоби дунё Қуръон аст. Зеро таъсире, ки ин китоби осмонӣ дар дунё карда, назири онро ҳеҷ китобе надоштааст. Қуръон китоби илмӣ, динӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва таърихист ва барои ҳамеша муқаррарот ва қавонину аҳкоми он бо усули қонуни имрӯз ҳамоҳанг аст. Глодстун сиёсатмадори Англия Қуръонро ба маҷлиси омма бурду гуфт, то ин китоби илоҳӣ бошад, саёдат ва бартарии Англия дар мамолики исломӣ муҳол аст.

Мавзӯъ аз моҳномаи Анҷумани ахлоқ ва маърифат гирифта шудааст.
Таҳияи Ҳувайдои Абдуллоҳ