ОШУ НОНАТ ЧУН АДО ШУД, ОШНОЯТ МЕРАВАД……(Номаи Парвиз аз Масква)

   

     Дуруду  саломи  саршор аз мехру   мухаббат  ба хами шумо  хамватанони  азиз! Дар  инчо  номаи  пурсузе  аз  бародар,  хамватани  мо ,ки  тулии 10-сол шуд  дар Руссия  мухочир асту  кору  зиндаги дорад  Парвизи Маъдихуча  аз  нохияи  Точикободро дар даст  дорем,ки  нисбати  одаму  одамгари, дустию бародари  аст!

Мо хеч замона хеч дунё хама хеч,

Эй хеч зи бахри хеч бар хеч мапеч.

Дони, ки зи одами чи мемонад пас,

             Мехрасту мухаббат асту боки хама хеч.

 

 

Номаро  ба пураги  руйи кор  меорам  ва хохиш  мекунам ,ки  фикрхои худро нависед ва ба Парвиз маслихат  дихед!

Рузи замистон   4-январи  соли 2009  хаво хунак ва барфи бисгр меборид.Падарамро хар сахар аз хона ба кор гусел мекардам.Ва хар сахар гапи падарам хамин буд бачам обу нон кунед ва мехмонхонаро алов кун ки мехмон меояд.

Модарам бошад аз сахар то бегох дар дар пеши дектон ва дар гирди дег рузашро бегох мекард…

Рузи душанбе ки падарам  сардухтури беморхонаи  маркази нохияи Точикобод буданд ба мачлиси хукумати нохия  рафтанд.Падарам дар вахти мачлис фишораш баланд мешавад ва дар даруни зали мачлисгох мегалтад…

Падарамро гирифта ба беморхонаи нохия мебаранд.,ки худ ончо  кор мекарданд

Баъди чанд соате дар махала як кудаке ба ман мегуяд.Падарат дар беморхонаи нохия ахволаш бад шудааст ту ин чо чи мекуни магар хабар надори!…

Ман саросема шудаму аз телефони дасти ба падарам занг задам”Чавоб надод.Ман давон ба беморхона ки аз хонаамон он кадар дур нест рафтаму пурсидам…

Ман давидакунон ба суи навбатдор рафтам.Дидам,ки як бачаи чавони ношиносе шиштааст”Ба у гуфтам дежурный врач ба ман даркор.Вай ба ман гуфт дежуный врач дар хонаш мехмон дорад сахари мебиёяд…

Ман гуфтам илтимос чура биё  фишори падарам баланд шудааст.Ин дежурный медбрат будай хайр омаду,Фишори падарамро санчиду гуфт…

Фишори падарат созай то пагох соз мешавад. Рахмати калон чура  гуфтам ба  табиб.Баъд боз гуфтам чура илтимос дар Палатаи хамсоя кати занхо Амама хам як  фишораша санчида бин Медбрат рози шуд…

Омадем пеши амамшон даромадем,Амачон хами доктор фишоратро як санчида медид.!АМАМ рози шуд. Медбрат фишорашро санчиду гуфт хола хама садай шумо ПРОСТА монда шудед камтар хоб кунед хамааш соз мешавад…

АМААМ аз чой бар хесту ба ин медбрат гуфт Бачам кани як бори дигар биё фишорамро санчида бин.Медбрат дуюмбора фишори амаамро санчид.Баъд амам ба суи ин медбрат нигох карду гуфт.Бачам фишори Акама хам худат санчида буди?:Вай дар хол гуфт: бале, бисер хуб аст.АМАМ ба ин писар гуфт ту ки холати кор фармондани ин Апаратро наметони барои чи чавоби нодуруст,медихи…

Ин  медбрат дар хол чавоб дод ман тачрибаомуз   охиста охиста ёд мегирам.Амам Апараташро аз дасташ гирифту ба вай гуфт раб бачам ягон дежурный врачро гирифта биёр ин Медбрат рафту дигар на омад!.

Рузи 2 дар беморхона хаво бисер хунук дар палатаи падарам хунук на печкю на свет аз тарафи дигар Детски отделение ба хама маълум ки кудакони бемор  овози гиряи кудакхои бемор .Рузи бозор буд чи кор карданамонро намедонистем…Падарам бе хуш  на гап мезад  на мечунбид.

Хамин хел  як хафта гузашт  падар дар як  холат буд хомуш  чашм во намекард факат  сузандору  мечакиду тамом.Аз  хамкорону  шогирдон  касе аз холи падарам  намепурсад.Баъд ногох як ошинои падарам  ба дидор бини  омада ин хама холу ахволи  падарамро дида гирья кард ва ба ман гуфт.Дар чи хол будани падаратро ёру рафикону  хамкасбонаш, ки дар шахр хастанд медонанд..?.

Ман гуфтам не.! Вале аз донистани онхо чи натича, Мебинам ин ки хамкорону рафикони дар гирду атроф будааш хама ки дар як ватан дар як дасторхон нон мехурданду як солу ду сол не наздики 40 сол аст ки хамдигарро мешиносанду ёру ощиноханд..як бор даромада  намепурсанду  боз аз шахр!Ба хар хол бо гуфти рафики падар дар чустучуи  рафикони падар  шудем!

Баъд  мо телефони дастии падарамро гирифта ба яке аз дустони наздикаш,ки  дар Вазорати  Тандурусти   кор мекард  ба акаи  Азамчон  занг задем.Акаи  Азамчонро аз ходисаи ба  падар  омада  хабар додам  то ки  ягон  табиберо аз  марказ  фиристонад . Ташакури зиёб ба ин  инсони хуб ки  худи пагох  2- нафар  табибонро  ба  нохияи Точикобод  барои  даво бахшидан ба  падарм  фиристод.

Духтурхо соати 2-и шаб омада расиданд.Ва ба хирургия даромаданд ба суроги Падарам…

Онхоро аз хирургия ба детский отделени равон карданд.Духтурони шахр  аз дидани ахволи падарам ки холаш хеле бад буд бисер гамгин шуда.Яке аз онхо гуфт,ки табобати навиштаи  табибони нохияро  биёред  бо  таърихи касалиро муайян кунем.Вакте,ки дидан табобати  навиштагиро хайрон  монданду  гирифта хамун  навиштагихоро  дарондану   аз нав  табобат навиштан!

Баъди  навиштани  табобат  яке  аз  ин духтурхо  пурсид, ки Исмоилов  Мукарраб  дар хамичо бошад  ба  назди мо  бихонаш  то, ки мо  ба  у  бифахмонем  тарзи табобатро!Ман  рафата  акаи  Мукаррабро  гирифта оварда  духтурхо  когази табобати навиштаи худашонро ба   дасташ додану  фахмонида  худашон рафтанд.

Як  хафта баъд аз рафтани духтурхои шахр,Шукри Худованд,ки Падарам руз то руз бехтару бехтар шудан гирифт.

Рахмат  ба акаи Мукарраб ки  чандин  шабу  рузхо хамрохи мо  дар  пахлуи падарам буд!

Вале  аз  он  рафикони  нонии  падар ки  40 сол якчо кору  зиндаги кардан дараке  набуд.

САД БОР БАДИ КАРДИВУ ШАРМИ ТУ НАОМАД,

 НЕКИ ЧИ БАДИ ДОШТ, КИ ЯК БОР НАКАРДИ?!

Аз барои чи хурсанд буданд рафикхои падарам  ман намедонам.Хозир ба хонаи мо  баъди шифо  ёфтани  падарам  баъзе  рафикхояш  меоянду бо хамрохии падарам шишта чой менушанду сухбат мекунанд.Онхое ки дар бемориаш дари хучраашро во на мекарданд

 

ОШУ НОНАТ ЧУН АДО ШУД, ОШНОЯТ МЕРАВАД,

 АЗ НАВО ЧУН БОЗМОНДИ, ХАМНАВОЯТ МЕРАВАД!’

 

Шукри Худои бузургу мехрубон хозир падарам шифо  ёфанду   боз  кор ва хизмати халкро  пешбурда исодааст.

Бародарон ва хохарони мухтарам ман намедонам чи гуям баъди ин хама ки дар хонадони мо ба сари Сардухтури нохия омад Худованд шифоят дихад падарчон Як кисм Шогирдон ва Хамсабаконат ки бисер хурсан буданд…

Хайр хонандагони мухтарам:Аввало он ки хеч гох бемор нашавед,Дуввум ин ки агар як одами бечораю бегон ба беморхона дучор шаванд холашон чи мешуда бошад???.вакто,ки  табибон  ба  хамкасби худ  рафики худ чунин  рафтор карданд!.

Дар  охир  ба хамаи онхое,ки  дар вакти бемори падар бо мо хамрохи мекарданд  ба домулло  Хикамтуллох ва  писарашон кори Мухаммадчон ба акаи Азамчон  акаи Мукарраб ва хама  хешу  табору  хаду хамсояхое,ки хамдарди мо буданд  як  чахон  ташакур  мегуям.Ва  худованди карим  хохони онам,ки ягон  бандаи мусалмон  бемор  нашавад ба  дасти чунин духтурони беимону бетавфик  нафтад!

Ман чи хел дар ин диёр дар оянда умр ба сар бурда ба ин Инсонхо ру ба ру шуда салому алек мекунам!Худо ёратон бод!

 ЯКЕ СИМУ ЗАРУ ГАВХАР БИХОХАД,
ЯКЕ САД АХТАРИ ДУНЁ БИХОХАД.
ДИЛИ МАН АЗ ХАМА КОЛОИ КИММАТ,
ДУОИ ХАЙРИ ПАДАР БИХОХАД!

Ин расми падарам пас аз шифо ёфтанаш!


 


Киссам таърихи

Баъди даромадани асокири Иттиҳоди Шуравӣ ба Афғонистон мардуми мусулмони ин кишвар бар муқобили онон ҷабҳаҳои ҷиҳодӣ ташкил намуданд ва то ихроҷи қувваҳои аҷнабӣ муборизаи мусалаҳона бурданд. Аммо баъди ихроҷи қувваҳои аҷнабӣ дар байни ҳамдигар барои соҳиби курсии риёсат ҷангҳои ҳизбӣ ва танзимиро оғоз карданд. Дар натиҷаи чунин муборизаҳои дохилӣ хуни ҳазорон мусулмон рехта шуд ва Афғонистон ба як кишвари ҷангзада ва садпора шудае мубаддал гашт, ки ҳар шаҳр ва қаряи он таҳти сайтараи чандин қумондонони танзимҳои бар муқобили ҳамдигар сангар гирифта қарор гирифт. Дар чунин вазъи ногувор силоҳбадастони роҳзан ва гуруҳҳои дуздони мусаллаҳе пайдо шудаанд, ки рӯзу шаб даст ба тороҷи моли мардум мезаданд ва хуни ба ноҳақ мерезониданд. Мо дар инҷо ҳикояи воқеъиеро ёдовар мешавем, ки аз он ҳақиқати ҳолу аҳволи мардумро дарк карда мешавад. Автобуси пур аз мусофирон дар мантақаи ба номи Гирдоб, ки дар байни шаҳри Қундуз ва Бағлон воқеъ гардидааст дар ҳаракт буд, ки ногоҳ роҳзанони силоҳбадаст ба роҳи автобус баромада онро ба таҳдиди ба тарафи осмон тирандохтан аз ҳаракат манъ карданд. Яке аз роҳзанон ба автобус дохил гардид ва амр кард, то мусофирон тамоми маблағҳои бо худ доштаро бароранд ва ба онон бидиҳанд. Ҳама маблағҳои бо худ доштаро бароварданд, вале як муйсафеде чизе набароварда буд. Аз вай пурсиданд, ки оё вай пул надорад, гуфт: Ман бо худ 40 ҳазор афғонӣ дорам, вале то даҳону дандонҳоямро нашикананд як афғонӣ ҳам барояшон намедиҳам. Мусофирон вайро бисёр илтиҷо карданд, ки таҳдиди роҳзанон ҷиддист ва дар ин кор таъхир накунад, вале муйсафед ба мавқеъи худаш пофишорӣ мекард. Дар ин асно роҳзан бо қундоқи автомат ба даҳонаш зарбаи сахте зад, ки тамоми дандонҳояш бирехтанд ва даҳонаш пур аз хун шуд. Муйсафед баъди даҳонашро шустан ва дандонҳои рехтаашро ҷамъ кардан он маблағи 40 ҳазор афғониро ба роҳзанон дод ва автобус ба ҳаракат даромад. Дар роҳ аз вай пурсиданд, ки чаро ба коре даст задааст, ки пулҳо ва дандонҳояшро ба якҷоягӣ аз даст дод. Дар ҷавоб муйсафед гуфт: Ин даҳони ман чандин сол ба даргоҳи Худо дуо ва илтиҷо мекард, ки муҷоҳидинро пирӯз бисозад. Аммо инҳо ба ҷои ҷорӣ кардани аҳкоми ислом ва овардани амнияту озодӣ роҳи тороҷи мардумро пеш гирифтанд. Аз ин рӯ ин даҳони ман барои хатои содиркардааш бояд ҷазо медид.

“Солеха”

КИССАИ ВОКЕИ

Духтари ҷавоне аз яке аз оилаҳо бузургони Бухоро ба хонаи холааш ба меҳмонӣ меравад. Дар онҷо ӯро меҳмонӣ мекунанд ва бо духтарони холааш суҳбатҳои тӯлонӣ мекунад ва аз бегоҳ шудани рӯз ғофил мемонад. Ҳангоме мехоҳад, ба хонаашон баргардад, кӯчаҳо торик шуда буданд. Аз ин рӯ, холааш вайро бисёр илтиҷо кард, ки шаб бимонад ва субҳ хонаашон биравад, вале чун он духтар аз падараш иҷозаи шаб истодан нагирифта буд барои рафтан пофишорӣ кард ва ба роҳ баромад. Ҳангоме он духтари ҷавон дар торикии шаб дар тангкӯчаҳои Бухоро қадам мезад ва нисфи роҳро паймуда буд, овози мири шаб ва афроди бо ҳамроҳии вайро шунид, ки аз тарафи муқобили роҳ наздик мешуданд. Духтари ҷавон тарсид, ки агар мири шаб ӯро боздор кунад ба обурӯи худаш ва оилаашон зарар мерасад. Дар ҳамин асос, ба чаҳор тарафи худ нигариста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани макони эмин барои худаш гардид. Дар ин асно, чашмаш ба шаъми гирони тирезаи хобгоҳи мадраса афтид ва ба он наздик шуда дар дохилаш толибилмеро дид, ки дар равшани шамъ дарс тайёр мекунад. Духтари ҷавон ба худ гуфт: Аз дари хонаи шахси бегонаеро кӯфтан дари ин муллобачаро бикӯбад беҳтар аст. Зеро вай дин мехонаду худотарс мебошад ва натиҷа даст ба номуси вай намезанад. Духтари ҷавон ночор дарро мезанад ва ҳангоме толибилм ӯро мебинад моҷароро нақл мекунад ва хоҳиш мекунад, ки то субҳ вайро иҷоза бидиҳад, то онҷо бимонад.

Дар он ҳуҷраи танг дар як гӯшааш толибилми ҷавон ва дар гӯшаи дигараш он духтари ҷавон қарор мегиранд. Толибилм ба китобхондан идома медиҳад, вале вуҷуди чунин духтари ҷавону зебое дар утоқаш вайро беқарор мекунад ва шайтон вайро вас-васа мекунад, то ба номуси духтар даст бизанад. Ҳар боре чунин вас-васаҳо зиёд мешаванд яке аз ангуштонашро бо оташи шамъ месузад ва майлу шаҳваташ дур мешавад. То дамидани субҳ, он ҷавон бештар аз даҳ маротиб чунин мекунад ва шаҳваташро дур месозад вале пусти он ангушташ ба тамом сухта мешавад. Аммо духтар, ки дар кунҷи он хона нишаста буд бо гушаи чашмаш ҳоли он ҷавонро мушоҳада мекард ва аз тарс хобаш намебурд. Ин худ як шаби имтиҳоне буд, ки дар назари ин ду ҷавони мусулмон аз тамоми умри ҷавонашон дарозтар ба назар мерасид ва зери фишори сахти шаҳвату хавф сипарӣ гардид. Баъди дамидани субҳ, духтар ба хонаашон баргашт ва хабардор гардид, ки падару бародаронаш то субҳ дар ҷустуҷӯи вай буданд. Ҳангоме духтар моҷароро ба падараш ҳикоя кард, вай рост ба он мадраса омад ва аз сармударрис хоҳиш кард, то ҳамаи шогирдонашро қатор бикунад. Ҳангоме шогирдон қатор шуданд, ба дастони онҳо нигарист, ки дар байнашон як ҷавони зебоеро дид, ки яке аз ангуштонашро баста буд. Ба вай наздик шуд ва аз ӯ хоҳиш кард ончиро шаб аз сар гузаронида буд, қисса кунад. Ҳангоме он ҷавон моҷароро қисса кард он мард яқин кард, ки духтараш рост гуфтааст ва онҷо эълон кард, ки барои ин ҷавони имону ақидаашро дар амал нишон дода ҳамчун мукофот духтарашро бе маҳр ба занӣ медиҳад ва барояшон хонаи ҷудогона низ ҳадя мекунад.

“Солеха”

РУСХО ЭТИРОЗ БАЙЁН КАРДА МЕТАВОНАНД?? ТОЧИКОН ЧИ??

Сафорати Точикистон дар Маскав чандин маротиба маълумот дода буд, ки чавонон ва чамъиятхои руси дар назди сафорат бо навиштачотхои тахкиромезу кабех чамъ шуда талаб намуданд, ки чинояткорони рус дар Точикистон озод карда шаванд, ва чанде аз он чамъиятхо руйи рост иброз доштанд, ки барои дарёфт ва дастгир кардани мухочирони точик ба макомотхои Руссия куммак менамоянд, магар танхо русхо хакки эътирозро доранд, дархоле, ки мо касеро сар набуридаем танхо чинояткорро дасгир карда будем, аммо точикро сар мебуранду оташ мезананду эътироз кардан мумкин набудааст, албата мумкин аст, агар мардум инро хохад, ЭЪТИРОЗ БАЁН КАРДАН ИН МАЪНОИ ОНРО НАДОРАД, МАРДУМ БА КУЧА БАРОМАДА БА БЕСАРУ СОМОНИ ДАСТ ЗАНАНД, ИН ТАНХО МАЪНОИ ОНРО ДОРАД, КИ МАРДУМИ ТОЧИК НИСБАТИ ОН СТРАТЕГИЯЕ, КИ МАКОМОТИ РУССИЯ ВА ТОЧИКИСТОН МАТРАХ КАРДАИСТОДААНД НОРОЗИАН ВА ОНРО ХАТТО МЕХИСОБАД Ё ИСЛОХИ ОНРО ТАЛАБ ДОРАНД, ва айни замон чавонон пеш аз он. ки ба назди ин ё он сафорат чамъ оянду эътироз баён кунанд бояд онхо хисси ватан дориро дошта бошад, то дар рафти ин эътироз касеро ё чойеро вайрону зарар надиханд. Лекин фикри шахсии ман нисбати он, ки эътироз байён кардан дар назди сафорати Руссия дуруст аст ё не? Ман чунин мегуям ки кишвари мо кишвари демократи аст мувофики мукарароти конститутсиони хар як шахрван метавонад ътироз байён кунад албата дар доираи конун ва айни замон чунин эътирозхо нишон аз хисси миллии миллати точик мебошад ва ман тарафдорам то як эътирози конуни ва дар доираи конун ва бо розигии рохбарияти шахри Душанбе ташкил карда шавад!!

ОЁ ИН НАФАРРО МЕШИНОСЕД??

Сайдо Курбонов зодаи дехаи Калъаи лаби Об мебошад ва мо хостем то нисбати ин шахсияти бузург ки дар сохаи фарханг ва кино хизматхои арзандае кардааст маълумот пайдо кунем аз ин лихоз аз тамоми хонандагон хохиш дорем, то нисбати хешу акрабои ин шахсият дар н.Точикобо аниктараш дар дехаи Калъаи лаби Об маълумот пайдо кунем ва шумо хонандагони азиз метавонед дар чустучуйи мо кумак дошта бошед.

Заслуженный артист РФ (2004).
Родился 6 июня 1947 года в кишлаке Калай-Ляби-об, Таджикской ССР.
На киностудии «Таджик-фильм» с 1965 года.
Первая роль – Софол (“В горах мое сердце”, 1967 год). В 1969-1975 годах учился и закончил режиссёрский факультет ВГИКа (мастерские Игоря Таланкина, Ефима Дзигана). Режиссёрский дебют в кино – “Золотая стрела” (приз Всесоюзного фестиваля спортивных фильмов во Фрунзе “За лучший режиссёрский дебют”). Среди других режиссёрских работ (всего – 7 удожественных и 12 документальных фильмов): телесериал “Джура – охотник из Мин-Архара” , “Взгляд”, “Квартира”, “Четыре листа фанеры” (1991-й год, независимая студия “Украина”).
В Магнитогорском драматическом театре – с 1991 года. Первая роль – Режиссёр (“Вера. Надежда. Любовь”