Беҳудагӯӣ

Ба беҳуда гуфтан мабар қадри хеш.Маҷоли сухан то наёбӣ зи пеш, Беҳудагўӣ, яке аз мушкилоте аст, ки осори шуми зиёде ба дунбол дорад ва камтар касе мутаваҷҷеҳи зишт ва нописанд будани он аст. Аслан мутаваҷҷеҳи вақтҳое, ки бар асари беҳудагўӣ аз даст медиҳем нестем, мутаваҷҷеҳи ғайбатҳо, тўҳматҳо, тамасхурҳо ва таҷассусҳое, ки ҳама фарзандони шуми беҳудагўиянд, нестем. Суханеро, ки метавон дар арзи чанд сония анҷом дод, соатҳо кашиш медиҳем. Васоили мудерн ҳам абзори “хубе” барои беҳудагўии мо шудааст, соатҳо чат мекунем, емайл мезанем, паёмак (смс) мефиристем… Биёед бо ҳам сўҳбате дар ин замина дошта бошем ки ин беҳудагўӣ чист, ки даст аз сари мо барнамедорад?!

Беҳудагўӣ яъне “шаҳвати калом”

Мақсуд аз беҳудагўӣ, ба забон овардани сухане аст, ки фоидаи дунёӣ ё охиратӣ, моддӣ ё маънавӣ, уқалоӣ ё шаръӣ надорад. Сухан гуфтан аз ончӣ барои гўянда баҳрае надорад, беҳудагўӣ аст, ки аз он ба “шаҳвати калом” низ таъбир шудааст. Албатта, бефоида будани сухан барои гўянда, ба маънои беарзиш будани он барои ҳамагон нест; чӣ басо суханоне, ки барои бархе бефоида, вале барои дигарон судманд ва муфид аст. Аз ин рў, муфид буданро метавон амре нисбӣ ба шумор овард, агар чӣ мумкин аст бархе суханон, барои ҳамагон бефоида бошад.

Ақсоми беҳудагўӣ

1. Сухан гуфтан дар бораи мавзўи бефоида;

2. Сухани изофӣ (фузули калом);

3. Сухани беш аз андоза лозиму кофӣ, ки агарчӣ дар бораи мавзўе судманд ҳам бошад, аз ақсоми каломи бефоида ба шумор меравад. Албатта рўшан аст ки, мақсуд аз он, тавзеҳ ё такроре, ки ҷиҳати дарки беҳтар ироа мешавад нест, зеро ба чунин такроре ниёзманд буда, аз он истифода мешавад;

3. Сухани нобаҷо;

Нобаҷоии сухан, гоҳ аз адами таносуби сухан бо мухотаб падид меояд, мисли ин ки як донишманд ба як чўпоне, ки саводи чандоне надорад, бо истилоҳоти илмӣ сўҳбат кунад. Ва гоҳе ҳам, аз набуди таносуби замонӣ ва маконӣ мухотаб ҳосил мешавад, мисли он ҷо ки шумо ба як нафаре, ки дар мусибат аст, масалан падар ё модар ва ё яке аз азизонашро аз даст додааст, суханони хандадор ва шўхиовар бизанед.

Пурсиши бефоидаро ҳам метавон аз ақсоми каломи беҳуда ба шумор овард, ки дар ин қисм низ гоҳ амре бефоида пурсида мешавад, ҳарчӣ қадар зиёд пурсем, тарафи муқобил ҳам ночор аст посух диҳад ва дар ин сурат, на танҳо худ дар вартаи беҳудагўӣ афтодаем, балки дигареро ҳам маҷбуран вориди беҳудагўӣ карда, дар гуноҳаш шарик мешавем.

Накўҳиши беҳудагўӣ аз диди Ислом

Умр, сармояи аслии башар аст, ки ба тундӣ сипарӣ мешавад ва роҳе барои бозгашти он нест. Ривоятҳои мавҷуд дар ин замина, аҳамияти парҳез аз сухани беҳударо намоён месозад. Расули Худо (с) дар ҳадиси тўлонии Меъроҷ мефармояд: (Дидам), ки дўзах ҳафт дар дошт ва бар ҳар даре се ҷумла навишта шуда буд. Ва бар дари панҷум навишта буданд: “Ва дар ончӣ беҳуда аст, бисёр сухан магўй, ки аз раҳмати Худо соқит мешавӣ.”

Паёмбари Худо (с) ба Абўзари Ғаффорӣ (р) фармуд: “Оё амали осону сабук барои бадан, ва сангин ва пурбаҳо дар мизони аъмол ба ту биёмўзам? Арз кардам: Оре, эй Расули Худо (с) Ҳазрат (с) фармуд: Хомушӣ ва хушхулқӣ ва тарки кори беҳуда.”

Дар ҷои дигар низ мефармояд: “Ҳар кас каломи худро ҷузъе аз амали хеш бидонад, сухани ў кам мешавад, магар дар мавориде, ки барои ў фоида дорад.”

ҳазрати Алӣ (р) яке аз сифоти муъминонро дурӣ аз сухани бефоида бармешумурад ва аз беҳудагўён изҳори шигифтӣ мекунад: “Дар шигифтам аз касе ки сухане мегўяд ки дар дунё суде надорад ва дар охират аҷре нахоҳад дошт.”

Сухани изофӣ, агарчӣ дар бораи амре муфид ҳам бошад, накўҳида аст; зеро изофаи он беҳуда аст ва фоидае ба бор намеоварад. Ҳазрати Алӣ (р) фармудааст: “Бадтарин чизе ки одамӣ вақти худро ба он саргарм мекунад, корҳои зиёди беҳуда аст, (ки шомили сухани зиёди беҳуда ҳам мегардад).”

Сухани нобаҷо ҳам, агарчӣ дар бораи мавзўе муфид бошад, накўҳида аст; зеро афзун бар он ки фоидае надорад, чӣ басо костии шахси гўяндаро низ дар пай доштааст. Ҳаргиз аз ончӣ бефоида аст сухан магў ва ҳаргиз аз ончӣ муфид аст сухан магў, то ҳангоме ки ҷойгоҳи муносибе барои суханат ёбӣ. Чӣ басо гўяндае, ки ба ҳақ сухан гўяд, (аммо дар ҷойгоҳи номуносибаш), пас бар ў айб гирифта мешавад. Ва бисёре аз суханони муфидро тарк кун, то барои онҳо ҷойгоҳи муносибе биёбӣ. Чӣ басо гўяндаи барҳаққе, ки дар ҷойгоҳи номуносиб сухан мегўяд ва дар сахтӣ қарор гирифта, нобуд мешавад.

Пурсиши беҳуда ҳам амре накўҳида аст; чунон ки нақл мекунанд, донишманде ҳамроҳи шогирдонаш нишаста буд, ки осмон раъде зад, донишманд фармуд: “Поку муназзаҳ аст касе ки раъд ба ситоиши ў, ва фариштагон аз тарси ў тасбеҳ мегўянд!” Яке аз шогирдонаш арз кард: Оё раъд ҳам сухан дорад? Донишманд фармуд: Аз чизе ки ба корат меояд бипурс ва ончиро ба корат наояд, раҳо кун.

Чу ў парда созад, шавам ҷумла гўш,

Нишинам зи беҳўдагўӣ хамўш.

Таҳияи Марями Шариф .

Нусха аз сомонаи васатият.

 

Истиклол муборак эй хамватан!

22-юмин солгарди Истиклолияти Ватани азиам Точикистонро ба тамоми хамватанон табрик гуфта таманнои онро дорам ки хамеша хушбахт ва кабутари сулху дусти дар осмони софу бегубори кишвари азизам Точикистон парубол бол бизанад.

Иштирок дар интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон!

Озод ва хатмист иштироки хамаи шахрвандоне, ки мувофики конунгузорихои амалкунандаи Чумхурии Точикистон хакки иштирок дар интихоботро доранд, зеро дар ин руз мо такдири ояндаи худро озодона интихоб намуда барои 7-соли минбаъдаи худ рохбареро интихоб менамоем, ки миллату ватанро ободу зебо мегардонад. Шукронаи ватани пурнеъмату пурфайзро  карда ояндаи уро бо чашми нек бояд дид. Пас эй хамватан сахми худро барои гулгун шукуфии ватани худ гузор, зеро гуфтаанд катра катра чам шавад дарё шавад.

6-уми ноябр  хавзаи интихоботии махалли зисти худ хозир шав!

Мусалмонхо зиёд мешаванд.

Мувофиқи охирин маълумот дар ҷаҳон 7 миллирду 70 миллион аҳолӣ зиндагӣ дорад. Аз ин 1 миллиарду 760 миллионаш мусулмонанд. Агар аз рӯи ҳисса гирем, пас қариб 25% одамон мусалмонанд.

Муслимин аз ҳама зиёд дар қитъаи Осиё – 1 миллиарду 180 миллион, баъд дар Африқо – зиёда аз 519 миллион, Аврупо – тахмин 50 миллион, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ – болотар аз 10 миллион ва  Австралияву Океания – зиёдтар аз 0,7 миллион сукунат доранд.

Дар 39 кишвар мусалмонҳо аз 80% зиёдтаранд ва боз дар 13 мамлакати дигар аз 50 то 79% мебошанд.  Боз дар 15 сарзамин мусалмонҳо нақши муҳим мебозанд, зеро аз 20 то 49% – и аҳолиро ташкил медиҳанд.

Умуман, дар 174 мамлакат мусалмонҳо сокинанд. Даҳ давлати аввали мусалмоннишин аз рӯи аҳолӣ ин кишварҳоанд:

Индонезия – зиёда аз 221 миллион.

Ҳиндустон – зиёда аз 177 миллион.

Покистан – зиёда аз 176 миллион.

Бангладеш – зиёда аз 144 миллион.

Ниҷерия – зиёда аз 88 миллион.

Миср – зиёда аз 79 миллион.

Эрон – зиёда аз 77 миллион.

Туркия – зиёда аз 74 миллион.

Эфиопия – зиёда аз 46 миллион.

Алҷазоир – зиёда аз 36 миллион.

Дар Судон, Чин, Ироқ, Марокаш, Афғонистон, Арабистони Саъудӣ, Ӯзбекистон, Яман ва Танзания аз 20 то 30 миллион мусалмонон зиндагӣ доранд.

Русия аз ҷиҳати шумораи мусалмонон дар мақоми 21-ум буда,  зиёда аз 18 миллиону 500 ҳазор мебошад.

Русия яке аз мамолики шумораи аҳолии мусалмонаш зуд афзоянда ба ҳисоб меравад, зеро мувофиқи рӯйхати аҳолӣ соли 2010 дар Русия тахмин  15 миллион буд.

Дар Ҷумҳурии халқии Чин зиёда аз 18 миллион мусалмон зиндагӣ доранд ва 30 ҳазор масҷиду 50 ҳазор имом – хатиб ва муллоҳо фаъолият доранд.

21-уми Декабр оё дунё ба охир мерасад?

«Вен» яке аз рӯзномаҳои шветсарӣ хабари ҷолибе мунташир карда, ки бар асоси он дунё пас аз як моҳи дигар ба поён мерасад. Ба гузориши рӯзномаи свисӣ “parseek.com”, бар асоси тақвими Моё дар Шветсария як моҳ пас дунё ба поён мерасад.

Тавре Георг Этвошмед, коршиноси умури фирқаҳо дар Шветсария гуфтааст, пайравони ин фирқа дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ худро барои ин рӯз омода мекунанд. Вай афзуда, ки пайравони онҳо дар ин минтақа чандест гушанишиниро ихтиёр карда ва ҳатто бархе аз онҳо дар ҳафтаи гузашта аз шуғлҳои худ истеъфо додаанд. Бар асоси дидгоҳи пайравони ин фирқа, дар ин рӯз яке аз кураҳои осмонӣ ба кураи замин афтода ва дунё ба поён мерасад. Бархе аз муътақидон ба тақвими Моё мехоҳанд шаби 21 декабр (аввали дай), ки бар ин асос охирин рӯзи тақвими дунёстро дар зери заминҳои атомӣ сипарӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир, чунин як суханҳо, ки гуё 21 декабр дунё ба охир мерасида бошад, миёни мардум паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон низ чунин як овозае миёни занҳо ва хурдсолон ҷой дорад.

Ба ин хотир сомона дар ин маврид назари чанде аз рӯҳониёни кишварро гирифт, ки ҳоло пешкашатон мегардонем.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии кишвар: «Дунё тибқи ақидаи мо, мусалмонҳо, як рӯз не як рӯз ба охир мерасад, аммо паёмбари Худо (с) бо нишонаҳои хурду бузург ба охир расидани дунёро баён кардааст. Яъне нишонаҳои хурд ин аст, бо омадани рӯзи қиёмат дузбачаҳо, ҳаромизодҳо, ғуломбачаҳо, бадахлоқӣ зиёд гардида, ҳатто фарзанд болои модару падари худ ҳукмрон мешавад. Нишонаҳои бузуг ин нузули ҳазрати Исо, нузули Даҷҷол, нузули ҳазрати Маҳдӣ аст. Яке аз нишонаҳое, ки то имрӯз амалӣ шуд, паёмбари Худо Муҳаммад (с), Китоби Қуръон, инҳо аз шавоҳидҳое ҳастанд, ки марҳилаи қиёмат ҳастанд. Дар як ҳадиси дагар низ паёмбар (С) гуфтааст: «Вақте ки Шумо мусалмони солеҳ бошед, дунё ба охир намерасад». Бинобар ин тибқи ақидаи мо, мусалмонҳо, ин як даъвои ботил аст. Ин ягона хусусиятҳои хосе ҳаст, ки танҳо Парвардигор медонад ба охир расидани қиёматро, на бандаҳо ва на малоикаҳои муқарраб медонанд.»

Зубайдуллоҳ Розиқ, раиси Акамедияи Исломии ҲНИТ: «Дар ин маврид илми ғайб аст, ин як илмест, ки он фаҳмишу донише, ки ҳаст онро Худо медонад, дигар ғайри Худо касе намедонад. Яке аз ҳамин мавзӯҳо, мавзӯи қиёмат аст, вақте дар сураи «Нозиот» низ омадааст, ки «Туро аз омадани қиёмат мепурсанд, ки кай ин воқеа мешавад, ин дар вазифаи ту нест. Донистани он ки қиёмат кай мешавад, ин баста ба Парвардигор аст, яъне касе ин чизро намедонад».

Вақте, ки ҳазрати Ҷабраил ба сурати як шахс омаду дар назди паёмбари Худо нишаст, чандин суолҳоро ба паёмбарамон дод, ки Ислом чӣ аст, Имон чӣ аст, сипас пурсид, ки қиёмат кай мешавад?-дар ҷавоб паёмбари Худо гуфт: «Дар ин масъала ман аз ту донотар нестам. Дар ин масъала ҳардуи мо баробар ҳастем». Ба ҳамин хотир ин суханоне, ки дар ҳамаи ҷо мегӯянд, ин чизҳои ҳавоӣ ва дурӯғ мебошад. Омадани Қиёматро танҳо Худованд медонад, ғайри Худо дар салоҳияти касе нест, ки ӯро донад. Ва ин надонистан ҳам ҳикмат дорад, яъне Худованд инсонро дар рӯи дунё офаридааст, то ки заминро обод кунад. Инсон махлуқи такомулёбанда аст ва ин такомул бо сайъу талош мешавад. Агар мисол мо як одамро гӯем, ки як моҳ пас ё як сол пас мемурад, ӯ тамоман аз фаъолият мемонад. Аз ин рӯ агар қиёматро дар вақташ Худованд, ки мегуфт, имрӯз мардум фаъолият намекарданд, замин обод намекарданд. Ба ҳамин хотир ин чизро Худованд пӯшида мондааст. Ба ягон кас ҳеҷ ишорае гузошта нашудааст барои қиёмат расидан.»

Домулло Маъруф, имом – хатиби масҷиди «Сари осиё»: «Ба охир расидани дунё мувофиқи ақидаи Исломӣ ҳаст, вале кай расидани дунё маълум нест. Инро танҳо Худо медонад, ба ҷӯз Ӯ касе инро намедонад.»

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ: «Ба охир расидани дунё ин як сиррест, ки онро танҳо Худо медонад. Ва ин сирро ҳатто ба маҳбубтарин ва боваритарин шахсаш паёмбари Худо (с) нагуфтааст. Бинобар ин ҳеҷ кас ин илми ғайбро намедонад, ҳар касе, ки ба донистан даъво мекунад, беасос аст. Вале аз нигоҳи дини мубини Ислом бояд шахси муътақид ҳаррӯз эҳтимоли ба охир расидани дунёро дар интизораш бошад. Ва худ омодагӣ бигирад барои ба охир расидани дунё.

Хусусан паёмбари Худоро як саҳоба мепурсад, ки дунё кай ба охир мерасад?- дар ҷавоб паёмбар (с) мегӯяд: «Барои қиёмат чӣ омодагӣ дидаӣ, ки дар ғами ба охир расидани ин дунёиву дар қиёми қиёмат ҳастӣ? Яъне, беҳтар ин аст, ки ба ҷойи пурсидани чунин савол шумо худро ба ин рӯз омода кунед, зеро ҳар рӯз одамизод бояд интизори рӯзи қиёмат бошад.»

«Ва банда метавонам бигӯям, ки Алҳамдуллиллоҳ барои ин рӯз омодагии хуб дорам ва агар ҳамин рӯз дунё ба охир расида, як дунёи ҷадиди қиёмат барпо шавад мо ба орзӯи худ расидаем. Зеро орзӯи мо он дунё мебошад, ҳамаи ин заҳматҳое, ки дар ин ҷо мекашем ва ҳар талошҳое, ки мекунем ба хотири он аст, ки дунёи дигари мо обод шавад. Агар ин дунё ба охир расаду дунёи дигар баргузор шавад, хело шод ҳам ҳастем.»