КИССАИ ВОКЕИ

Духтари ҷавоне аз яке аз оилаҳо бузургони Бухоро ба хонаи холааш ба меҳмонӣ меравад. Дар онҷо ӯро меҳмонӣ мекунанд ва бо духтарони холааш суҳбатҳои тӯлонӣ мекунад ва аз бегоҳ шудани рӯз ғофил мемонад. Ҳангоме мехоҳад, ба хонаашон баргардад, кӯчаҳо торик шуда буданд. Аз ин рӯ, холааш вайро бисёр илтиҷо кард, ки шаб бимонад ва субҳ хонаашон биравад, вале чун он духтар аз падараш иҷозаи шаб истодан нагирифта буд барои рафтан пофишорӣ кард ва ба роҳ баромад. Ҳангоме он духтари ҷавон дар торикии шаб дар тангкӯчаҳои Бухоро қадам мезад ва нисфи роҳро паймуда буд, овози мири шаб ва афроди бо ҳамроҳии вайро шунид, ки аз тарафи муқобили роҳ наздик мешуданд. Духтари ҷавон тарсид, ки агар мири шаб ӯро боздор кунад ба обурӯи худаш ва оилаашон зарар мерасад. Дар ҳамин асос, ба чаҳор тарафи худ нигариста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани макони эмин барои худаш гардид. Дар ин асно, чашмаш ба шаъми гирони тирезаи хобгоҳи мадраса афтид ва ба он наздик шуда дар дохилаш толибилмеро дид, ки дар равшани шамъ дарс тайёр мекунад. Духтари ҷавон ба худ гуфт: Аз дари хонаи шахси бегонаеро кӯфтан дари ин муллобачаро бикӯбад беҳтар аст. Зеро вай дин мехонаду худотарс мебошад ва натиҷа даст ба номуси вай намезанад. Духтари ҷавон ночор дарро мезанад ва ҳангоме толибилм ӯро мебинад моҷароро нақл мекунад ва хоҳиш мекунад, ки то субҳ вайро иҷоза бидиҳад, то онҷо бимонад.

Дар он ҳуҷраи танг дар як гӯшааш толибилми ҷавон ва дар гӯшаи дигараш он духтари ҷавон қарор мегиранд. Толибилм ба китобхондан идома медиҳад, вале вуҷуди чунин духтари ҷавону зебое дар утоқаш вайро беқарор мекунад ва шайтон вайро вас-васа мекунад, то ба номуси духтар даст бизанад. Ҳар боре чунин вас-васаҳо зиёд мешаванд яке аз ангуштонашро бо оташи шамъ месузад ва майлу шаҳваташ дур мешавад. То дамидани субҳ, он ҷавон бештар аз даҳ маротиб чунин мекунад ва шаҳваташро дур месозад вале пусти он ангушташ ба тамом сухта мешавад. Аммо духтар, ки дар кунҷи он хона нишаста буд бо гушаи чашмаш ҳоли он ҷавонро мушоҳада мекард ва аз тарс хобаш намебурд. Ин худ як шаби имтиҳоне буд, ки дар назари ин ду ҷавони мусулмон аз тамоми умри ҷавонашон дарозтар ба назар мерасид ва зери фишори сахти шаҳвату хавф сипарӣ гардид. Баъди дамидани субҳ, духтар ба хонаашон баргашт ва хабардор гардид, ки падару бародаронаш то субҳ дар ҷустуҷӯи вай буданд. Ҳангоме духтар моҷароро ба падараш ҳикоя кард, вай рост ба он мадраса омад ва аз сармударрис хоҳиш кард, то ҳамаи шогирдонашро қатор бикунад. Ҳангоме шогирдон қатор шуданд, ба дастони онҳо нигарист, ки дар байнашон як ҷавони зебоеро дид, ки яке аз ангуштонашро баста буд. Ба вай наздик шуд ва аз ӯ хоҳиш кард ончиро шаб аз сар гузаронида буд, қисса кунад. Ҳангоме он ҷавон моҷароро қисса кард он мард яқин кард, ки духтараш рост гуфтааст ва онҷо эълон кард, ки барои ин ҷавони имону ақидаашро дар амал нишон дода ҳамчун мукофот духтарашро бе маҳр ба занӣ медиҳад ва барояшон хонаи ҷудогона низ ҳадя мекунад.

“Солеха”

  • amazonS3_cache: a:3:{s:56:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parvona_300_212.jpg”;i:86;s:57:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/12/parvona_300_212.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1713417493;}s:54:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/12/parvona_300_212.jpg”;i:86;}

комментариев 14

  1. ШАХЛО Навишт:

    Худованд хамаи чавононро мисли ин дучавон хидоят кунад ба рохи неку аз шари шайтон нигахбон бошад!

    Худоё! Ба нафси ман такво ато кун, ва онро пок гардон, ки ту бехтарин поккунандагони, ва ту молики нафси ман ва сохиби он асти. Омин

  2. Хасан Навишт:

    Субхоналлох.Худованд имони моро кави гардон ва аз васвасаи шайтон дар панохат нигах дори.Омин

  3. Али Навишт:

    Омин!

  4. МУХАММАДСОДИК Навишт:

    э кош хама чунин нафс медошт!!!!

  5. МУРОДОВ БЕХРУЗ Навишт:

    САЛОМ ВА БАРАКАТ ВА РАХМАТИ АЛЛОХ ТАЪОЛО БАР ШУМО БОД МАРДУМИ НОХИЯИ АЗИЗАМ ТОЧИКОБОД.МАН ХАСТАМ БЕХРУЗ ПИСАРИ ЗАМОНЧОН АЗ Н.Т.КИШЛОКИ НАВАБОД.

  6. МУРОДОВ БЕХРУЗ Навишт:

    МАН ВАТАНИ АЗИЗАМ ТОЧИКОБОДРО ХЕЛЕ ЁД КАРДАМ
    ВАТАНДОРИ АЗ ЯК ГУШАИ ИМОНДОРИ АСТ.ВАТАНИ ХУДРО ДУСТ ДОРЕД.
    ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГОХВОРА,ЗИ ШИРИ ПОКУ АЗ ПИСТОНИ МОДАР.

  7. МУРОДОВ БЕХРУЗ Навишт:

    ДАР ИН КИССА ХУДОТАРСИИ ЯК ЧАВОНРО НИШОН МЕДИХАД ЧУНОНКИ ПАМБАРИ ХУДО (С.А.В) ДАР ХАДИСЕ ФАРМУДААНД , КИ ,,,ХАФТ ГУРУХ ДАР РУЗИ КИЁМАТ (КИ БИСЁР ЯК АЗОБИ САХТЕ ДОРАД ЧУН КИ ОФТОБ БА МИКДОРИ ЯК НАЙЗА ФУРУД МЕОЯД , КИ АЗ ГАРМИИ ОН МАЙНАИ САРИ ИНСОН МЕЧУШАД ) ДАР ЗЕРИ СОЯИ ЪАРШ ПАНОХ ДОДА МЕШАВАД , КИ ЧУЗ СОЯИ У ДИГАР СОЯЕ НЕСТ , ЯКЕ АЗ ОНХО ИН ЧАВОНЕ МЕБОШАД , КИ ЗАНИ ЗЕБОЕ УРО БА ЗИНО ДАЪВАТ МЕНАМОЯД , У ИН ДАРХОСТРО РАД НАМУДА ,МЕГУЯД , КИ МАН АЗ ХУДО МЕТАРСАМ.
    АММО ПАЁМБАР (С.А.В.) МОРО БО ЗАНИ НОМАХРАМ ТАНХО БУДАНРО НАХИ НАМУДААСТ , АГАР ЧИ БОТАКВО ХАМ БОШЕМ, ЗЕРО КИ ПАЁМБАР (С.А.В) ФАРМУД: ХАР ВАКТХО ШУМО БО ЗАНИ НОМАХРАМЕ ЯКЧО ШУДЕД САВУМИНИ ШУМО ШАЙТОН МЕБОШАД.

  8. tojikobod Навишт:

    Хело хушхол хастам, ки хамватанони мо гар чанде дур аз хоки ватани азизамон Точикистон хастанд хамеша дар ёди ватан мемонанд. Ахсан бар мардуми точик ки хамеша дуст дор ва парстори ватани худ мебошанд!

  9. safarmo kozieva Навишт:

    КИССАИ ВОКЕИ03.12.2011 10:12 дп, tojikobod:
    Духтари ҷавоне аз яке аз оилаҳо бузургони Бухоро ба хонаи холааш ба меҳмонӣ меравад. Дар онҷо ӯро меҳмонӣ мекунанд ва бо духтарони холааш суҳбатҳои тӯлонӣ мекунад ва аз бегоҳ шудани рӯз ғофил мемонад. Ҳангоме мехоҳад, ба хонаашон баргардад, кӯчаҳо торик шуда буданд. Аз ин рӯ, холааш вайро бисёр илтиҷо кард, ки шаб бимонад ва субҳ хонаашон биравад, вале чун он духтар аз падараш иҷозаи шаб истодан нагирифта буд барои рафтан пофишорӣ кард ва ба роҳ баромад. Ҳангоме он духтари ҷавон дар торикии шаб дар тангкӯчаҳои Бухоро қадам мезад ва нисфи роҳро паймуда буд, овози мири шаб ва афроди бо ҳамроҳии вайро шунид, ки аз тарафи муқобили роҳ наздик мешуданд. Духтари ҷавон тарсид, ки агар мири шаб ӯро боздор кунад ба обурӯи худаш ва оилаашон зарар мерасад. Дар ҳамин асос, ба чаҳор тарафи худ нигариста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани макони эмин барои худаш гардид. Дар ин асно, чашмаш ба шаъми гирони тирезаи хобгоҳи мадраса афтид ва ба он наздик шуда дар дохилаш толибилмеро дид, ки дар равшани шамъ дарс тайёр мекунад. Духтари ҷавон ба худ гуфт: Аз дари хонаи шахси бегонаеро кӯфтан дари ин муллобачаро бикӯбад беҳтар аст. Зеро вай дин мехонаду худотарс мебошад ва натиҷа даст ба номуси вай намезанад. Духтари ҷавон ночор дарро мезанад ва ҳангоме толибилм ӯро мебинад моҷароро нақл мекунад ва хоҳиш мекунад, ки то субҳ вайро иҷоза бидиҳад, то онҷо бимонад.

    Дар он ҳуҷраи танг дар як гӯшааш толибилми ҷавон ва дар гӯшаи дигараш он духтари ҷавон қарор мегиранд. Толибилм ба китобхондан идома медиҳад, вале вуҷуди чунин духтари ҷавону зебое дар утоқаш вайро беқарор мекунад ва шайтон вайро вас-васа мекунад, то ба номуси духтар даст бизанад. Ҳар боре чунин вас-васаҳо зиёд мешаванд яке аз ангуштонашро бо оташи шамъ месузад ва майлу шаҳваташ дур мешавад. То дамидани субҳ, он ҷавон бештар аз даҳ маротиб чунин мекунад ва шаҳваташро дур месозад вале пусти он ангушташ ба тамом сухта мешавад. Аммо духтар, ки дар кунҷи он хона нишаста буд бо гушаи чашмаш ҳоли он ҷавонро мушоҳада мекард ва аз тарс хобаш намебурд. Ин худ як шаби имтиҳоне буд, ки дар назари ин ду ҷавони мусулмон аз тамоми умри ҷавонашон дарозтар ба назар мерасид ва зери фишори сахти шаҳвату хавф сипарӣ гардид. Баъди дамидани субҳ, духтар ба хонаашон баргашт ва хабардор гардид, ки падару бародаронаш то субҳ дар ҷустуҷӯи вай буданд. Ҳангоме духтар моҷароро ба падараш ҳикоя кард, вай рост ба он мадраса омад ва аз сармударрис хоҳиш кард, то ҳамаи шогирдонашро қатор бикунад. Ҳангоме шогирдон қатор шуданд, ба дастони онҳо нигарист, ки дар байнашон як ҷавони зебоеро дид, ки яке аз ангуштонашро баста буд. Ба вай наздик шуд ва аз ӯ хоҳиш кард ончиро шаб аз сар гузаронида буд, қисса кунад. Ҳангоме он ҷавон моҷароро қисса кард он мард яқин кард, ки духтараш рост гуфтааст ва онҷо эълон кард, ки барои ин ҷавони имону ақидаашро дар амал нишон дода ҳамчун мукофот духтарашро бе маҳр ба занӣ медиҳад ва барояшон хонаи ҷудогона низ ҳадя мекунад.

    «Солеха»

  10. safarmo kozieva Навишт:

    Дар ин кисса аз бо имони ва Худотарсии ду чавон вокиф шудем ! Худавандо сабрамонро зиёд бигардон ва дар васвоси шайтон гофил нагузор. ОМИН

  11. tojikobod Навишт:

    Хурсан аз он хастам, ки чунин хохарони мусалмону бо такво дар замони кунунии мо хастанду барои хохарони магруру дур аз илми исломи дарси ибрат мешавадд.. Рахмат ба шумо апаи азиз худованд нигахбон ва мададгори доимии шумо бошад!

  12. худойдодов сайидо Навишт:

    Субхоналох

  13. худойдодов сайидо Навишт:

    Саломи гарми чушон ай мардуми гариб бар Ватана

  14. фаридун Навишт:

    Мошоаллох

ибрози назар