ДОСТОНХО

 ДОСТОНИ ХАТТИБИ ЧАВОН!

Дар замони подшоҳии Абдулаҳадхон дар яке аз масоҷиди Бухоро хатиби ҷавоне зоҳир бишуд, ки хутбаи вай мардумро ба гиря медаровард. Овозаи шуҳрати ин хатиби ҷавон ба Абдулаҳадхон расид ва ба он масҷид рафт ва дар яке аз хутбаҳояш иштирок кард. Абдулаҳадхон ба ҳаракатҳои хатиби ҷавон диққат медод, ки ҳар боре номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонро мегирифт салавот мефиристод ва пояшро сахт ба замин мезад. Чун мардум аз хутбаи балиғи он ҷавон мутаасир шуда буданд Абдулаҳадхон нахост, то он ҳолатро халалдор бисозад. Аз ин рӯ, то охири хутба нишаст ва баъд аз масҷид баромаданаш дастур дод, то дар назди масҷид дореро бардоранд ва фардо дар онҷо аз он хатиб хутба бихонад.

Ду кори Абдулаҳадхон мардумро ба ҳайрат даровард; яке мукофот надоданаш ба хатиб ва дуввумаш бардоштани дор. Бо вуҷуди ин касе чизе нагуфт ва фардо дар вақти муқараршуда Абдулаҳадхон ба он масҷид омад ва хатиби ҷавон ба хутба хондан оғоз кард. Дар ин асно, Абдулаҳадхон дастур дод, то вайро аз минбар поён бикунанд ва мӯзаашро аз пояш бикашанд. Ҳангоме мӯзаашро аз по кашиданд дар дохили мӯза дар зери суми пояш варақеро пайдо карданд, ки дар он номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва халифаҳояш навишта шуда буд. Баъди таҳқиқ маълум гардид, ки хатиби мазкур аз яҳудиёни Бухоро буда барои душманӣ ва таҳқир кардани дини Ислом мадраса хонда ва хатиб шудааст. Амир дастур дод, то он хатиби яҳудӣ дар он дори фармудааш дор кашида шуд. Чун инро мардум мушоҳада карданд дар байни худ гуфтанд, ки амир каромот дошта будааст ва бо каромот макри яҳудиро кашф кардааст. Аммо Абдулаҳадхон ба мардум рӯ оварду гуфт: Ман соҳиби каромот намебошам, вале вақте мушоҳада кардаам, ки ҳангоми зикри номи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пояшро ба замин сахт мезанад донистам, ки ин мусулмон намебошад. Бо вуҷуди ин чун суханонаш дирӯз ба шумо сахт таъсир карда буданд чизе нагуфтам ва ошкор кардани ҳолашро ба имрӯз гузоштам. (Ин ҳикоя воқеъӣ он ба мо аз тариқи Махдуми Маҷид аз падараш эшони Уроқ, ки шоҳиди он будаанд, расидааст.)

“Сохиба”

\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\\=\=\=\

Кудаке ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯи худованд карду пурсид; эй худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кумаке чигуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам?
Худованд ба ӯ гӯфт: аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард.
Кудак ҳануз намедонист ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба суи худованд карду гӯфт: худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд.
Ҳотифе аз ҷониби худованд ба ӯ гӯфт: фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд.
Кудак бо нигаронӣ пурсид: эй худоҷони меҳрубон ман читавр метавонам бифаҳмам онҳо чӣ мегӯянд вақте ман забони онҳоро намедонам?
Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро ки мумкин аст бишнавӣ дар гуши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна суҳбат кунӣ.
Кудак бо нороҳатӣ идома дод: вақте бихоҳам бо ту суҳбат кунам чикор кунам? Аз онҷо чигуна бо ту суҳбат кунам?
Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода ба ту ёд медиҳад ки чигуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ.
Кӯдак сарашро поин андохту пурсид: шунидам дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, кӣ маро аз онҳо муҳофизат мекунад?
Фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад.
Кудак даст бардошт ва пурсид: худоё агар қарор аст биравам пас номи фариштаам чист?
Ҷавоб шунид ки номи фариштаат аҳамият надорад ба соддагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ.
Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае ки худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати кӯдакон интихоб кардааст.
Аммо ончи муҳим аст ин аст ки оё ин фариштагони заминӣ ҳамеша ба вазифаҳои худ дуруст амал мекунанд? Пас ҳар як зан ё модар аз худ бипурсад ки ба ин вазифаи ҳассоси худ чиқадар амал карда аст.
Оё то ҳол дар бораи худо ва меҳрубонии ӯ бо фарзандатон сухан гуфтаед?
Оё ба фарзандатон омӯхтаед ки чигуна бо худояш сухан бигӯяд?
Оё дар бораи амру фармонҳои худованд ба фарзандатон чизе гуфтаед?
Оё аз ишқу меҳрубонӣ ва неъматҳои парвардигораш ба ӯ чизе гӯфтаед?
Дар зеҳни фарзандонатон Аз худованд мавҷуди тарснок ва хашмгин насозед, балки коре кунед ки фарзандатон ошиқи худо бошад ва ӯро беҳтарин дӯсти худ бидонад.
Аммо шумо эй касоне ки аз ин фариштаи замини бениёз гаштаед, оё ҳаққи ӯро ба ҷо овардаед?
Оё як шаби бехобии ӯро ҷуброн кардаед?
Оё як рӯзи нигаронии ӯро барои бемориатон ҷуброн кардаед?
Оё баҳои як зарра муҳаббати ӯро пардохт кардаед?
Оё посухи аллаҳои ошиқонаи нимашабии ӯро додаед?
Оё посухи он ишқеро ки хуни шурро ба шири ширин табдил кард, то шумо нуши ҷон кунед, метавонед бидиҳед?
Агар ба ин гуфтаҳо фикр кунем пай мебарем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем ҷавоби онҳама заҳмату меҳнати ин фариштаи заминиро бидиҳем. Мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи илоҳӣ оҷизем. Боз ҳам ишқи ин фаришта аст, ки моро аз азоби виҷдонамон мераҳонад. Агар мо бо камтарин кори хуби худ лаҳзае хотири ӯро шод гардонем, исми ӯро ошиқона садо бизанем, ва аз ӯ оҷизона талаби дуо кунем, боз ҳам шоҳиди табассуми зебо ва дуоҳои ошиқонаи ӯ дар ҳаққи худамон хоҳем буд.

Қаюмов Бобоҷон

==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==/==

ПОДУШОХИ ЯХУД ВА МАСЕХИЁНИ БЕГУХОН!!

Буд шоҳе дар ҷуҳудон зулмсоз,
Душмани Исою насронигудоз.
Подшоҳи яҳудӣ бо ҳазрати Исо(а) сахт душманӣ дошт ва масеҳиёнро бо гуноҳи дӯстӣ бо Исо(а) аз дами теғ мегузаронид. Ин подшоҳ дубин буд, чаро ки Мусо ва Исоро дутоӣ медид, дам аз Мусо(а) мезад ва бо Исо(а) душманӣ меварзид, дар ҳоле ки он ду ба ростӣ яке буданд ва як ҳақиқатро мегуфтанду роҳашон яке буд, ҳарду дам аз ибодат ва бандагии Худо мезаданд ва мардумро ба ӯ мехонданд.
Ин шоҳи яҳудиро вазире буд, маккору ҳилагар, рӯзе ба шоҳ гуфт:
Гуфт: тарсоён паноҳи ҷон кунанд,
Дини худро аз малик пинҳон кунанд.
Масеҳиён дини худро аз малик пинҳон медоранд ва аз марг ҷон ба саломат мебаранд. Барои он ки онҳоро хуб бишносӣ, ман худро масеҳӣ ва пайрави ойини Исо(а) мехонам, ба миёни онҳо меравам ва оҳиста-оҳиста бо мурури замон роҳбари онҳо мегардам, пас ҳар кадоми онҳоро хуб хоҳам шинохт. Он гоҳ миёни онҳо тафриқа андохта, онҳоро ба чанд фирқа ва ё гурӯҳ ҷудо намуда, эшонро ба ҷони ҳам меандозам, то аз дарун заиф ва нотавон гарданд. Пас чун ту бар онҳо ҳуҷум оварӣ, аз эшон як тан боқӣ нагузорӣ:
Гуфт: эй шаҳ гӯшу дастамро бибур,
Биниам бишкофу лаб дар ҳукми мур.
Баъд аз он дар зери дор овар маро,
То бихоҳад як шафоатгар маро.
Шоҳ ба хости вазир, дастур дод, то гӯшу дасти вайро буриданд ва биниашро шикофтанду ба зери дор оварданд, он гоҳ бо миёнҷигии касе раҳояш карданд.
Вазир бо ин найранг ба миёни масеҳиён рафт ва онҳо низ ӯро ба гумони ин ки ёре ниҳоят бо сабру тоқат ва дар роҳи дини масеҳ шиканҷа дидааст, ба гармӣ пазируфтанд ва дар атрофи ӯ ҷамъ омаданд.
Вазир шаш сол миёни онҳо монд ва назди онҳо мақому манзалати баланд ҳосил намуд, он гоҳ фитнагарӣ ва ихтилофандозиро оғоз кард ва миёни масеҳиён он миқдор, ки мехост тухми тафриқа ва низоъро пароканд. Онҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим кард ва бар ҳар гурӯҳ амире аз байнашон ниҳод. ӯ дар пинҳонӣ бар ҳар кадоми аз амирон гуфт, ки ҷонишини ман ту ҳастӣ ва ҳукми ҷонишинии худро ба ҳар яке аз онҳо дод. Сипас ҳар як аз ин амирон бо ҳаводорони худ дар баробари якдигар истоданд ва сахт биҷангиданд:
Хун равон шуд ҳамчу сел аз чапу рост,
Кӯҳ-кӯҳ андар ҳаво з-ин гард хост.
Мавлоно Румӣ бо овардани ин ҳикоят барои ҳар як хонанда гӯшзад ва панд доданист, ки душмани берунӣ танҳо дар сурате метавонад бар мардум ғолиб ояд, ки миллат ваҳдату ҳамбастагии худро аз даст бидиҳад ва дар баробари ҳам ба ҷангу низоъ бархезанд, ки агар чунин шавад, душман бе ҳеҷ заҳмате ба мақсади хеш хоҳад расид ва ин тадбирест, ки душманон аз дер боз андешидаанд, ки: ” тафриқа андозу ҳукумат кун”

Таҳияи  Бобоҷони Қаюмзод

==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\==\

Паёмҳои зебои Қуръон

 

Ба дурустӣ, ки  мӯъминон бародари якдигаранд. (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 10)
Дар корҳои хайр  аз ҳамдигар  сабқат ва пешӣ бигиред. (сураи “Моида”, ояти 48)
Бо мардум сухани накӯ бигӯед. (сураи “Бақара”, ояти 83)
Ба аҳд ва паймони худ  вафо кунед. (сураи “Исро”, ояти  34)
Адолат пеша кунед, ки он  ба тақво  наздиктар аст. (сураи “Моида”, ояти  8)
Огоҳ бошед, танҳо  бо ёди Худо  дилҳо ором  ва мутмаин мегарданд. (сураи “Раъд”, ояти  2)
Байни мардум аз рӯйи ҳақиқат ҳукму қазоват намо. (сураи “Сод”, ояти  26)
Агар (дини) Худоро  ёрӣ кунед,  ӯ низ шуморо  ёрӣ мекунад. (сураи “Муҳаммад”, ояти  7)
Дар (корҳои) нек ва тақво  бо якдигар  ҳамкорӣ кунед. (сураи “Моида”, ояти  2)
Бо хайр ва шар(р)  шуморо озмоиш  мекунем. (сураи “Анбиё”, ояти 35)
Ҳатман,  некиҳо бадиҳоро  аз байн мебаранд. (сураи “Ҳуд”, ояти 114)
Бо занон ба некӣ ва шоистагӣ муошират кунед. (сураи “Нисо”, ояти 19)
Ба дурустӣ, ки  баъзе аз гумонҳо  гуноҳ аст. (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 12)
Вой  бар ҳар айбҷӯӣ  ҳарзазабон. (сураи “Ҳумаза”, ояти  1)
Агар шукргузори неъматҳо  бошед, (неъматҳоямро) афзун хоҳам намуд.(сураи “Иброҳим”, ояти 7)
Ҳамоно,  гиромитарини Шумо  дар назди Худо  ботақвотарини шумост. (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 13)
Фитнаангезӣ аз куштор сахттар (ва бадтар) аст. (сураи “Бақара”, ояти 191)
Фазлу некӣ ба якдигарро аз ёд набаред. (сураи “Бақара”, ояти 237)
Кори мӯъминон  бо машварати якдигар анҷом  мегирад. (сураи “Шӯро”, ояти 38).
Пас чаро дар Қуръон  тадаббур ва андеша намекунанд? (сураи Нисо, ояти 82)
Ба дурустӣ, ки  Худованд накӯкоронро  дӯст медорад. (сураи “Моида”, ояти 13)
Мо инсонро  ба накӯӣ намудан  ба падару модар  супориш кардем. (сураи “Аҳқоф”, ояти 15)
Ҳамоно,  шайтон  байни инсонҳо  душманӣ ва фасод  эҷод мекунад. (сураи “Исро”, ояти 53)
Ва афроди дармонда ва фақирро  таом диҳед. (сураи “Ҳаҷ”, ояти  28)
Аз гуфтори ботил  ва ноҳақ дурӣ ҷӯед. (сураи “Ҳаҷ”, ояти  30)
Ҳамонгуна ки  маъмур шудӣ (ба ту дастур расидааст) пойдорӣ ва истиқомат кун.
(сураи “Ҳуд”, ояти 112)
Рӯзиро танҳо дар назди Худо (аз ҷониби ӯ) биҷӯед. (сураи “Анкабут”, ояти 17)
Ҳар кас кофир шавад, куфраш ба зарари худи ӯст.  (сураи “Рум”, ояти  44)
Сабр кун,  ки ваъдаи Худованд (ҷ) ҳақ аст. (сураи “Рум”, ояти 60)
Ба дурустӣ, ки ширк ба Худо  ситами бисёр  бузургест. (сураи “Луқмон”, ояти  13)
Магар Худо басандаи  бандаи худ нест? (сураи “Зумар”, ояти 36)
Ба дурустӣ, ки Худованд  бисёр латифу огоҳ аст. (сураи “Луқмон”, ояти 16)
Худост, ки  борони раҳматро нозил мекунад.  (сураи “Луқмон”, ояти  34)
Худованд сазовортар  ва мустаҳиқтар аст, ки аз ӯ битарсӣ. (сураи “Аҳзоб”, ояти  37)
Худованд он чиро, ки дар қалби шумост,  медонад. (сураи “Аҳзоб”, ояти  39)
Гуфтори дуруст ва маҳкам  ва устувор бигӯед. (сураи “Аҳзоб”, ояти  51)
Аз чизҳои  покизае, ки ба даст овардаед, нафақа кунед (диҳед). (сураи “Бақара”, ояти 267)
Оё офарандае ғайр аз Худо ҳам ҳаст? (сураи “Фотир”, ояти  3).

=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\=\