Нохияи Точикобод, чун як чузъи таркибии Точикистони азиз дар водии хушманзараи Раштонзамин маъво гирифтааст.Табиати пурнакхаташ ба дилхо фарах бахшида насими гулафшонаш рухро болида медорад.Куху барзанда сабзпуш асту пурфайз аз хар пораи сангашу хар вачаб заминаш зархез асту хуснофарин.
Соли 1931 дар водии Рашт нохияхо ташкил шудан ва тумани Калъаи лаби об ба тобеъияти нохияи Хоит гузаронида шуд.
Январи соли 1937 нохияи мустакили Калъаи лаби об ташкил гардид ки марказаш дехаи имрузаи Калъа буд.
Соли 1949 заминларзаи мудхиш руй дода аз хама бештар нохияи Хоит зарар ди хазорхо одамон курбон шуданд.Заминрарза нохияи Хоитро 90 дар сад ва кисман нохияхои Калаи лаби об Чергатол ва Гармро ба вайрона табдил дод.
Точикободихо аз он ифтихормандан ки номи нохия соли 1949 бо пешниходи котиби Якуми хамондавраи хизби Коммунисти Точикистон Кахрамони точикистон академик бобочон Гафуров гузошта шудааст.
Хамин тавр июли соли 1949 номи Калаи лаби об ба номи Точикобод иваз карда шуда марказ аз Калъа ба дехеи Точикобод кучонида шуд.
Январи соли 1963 нохияи точикобод бархам дода шуд.
То соли 1963 Точикобод дар тобеъи нохияи Чиргатол буд ва аз соли 1965 то соли 1991 дар тобеъи нохияи Гарм буд.
Феврали соли 1991 бо карори Шурои Олии Чумхурии Точикистон нохияи Точикобод аз нав ташкил ёфт.
23-июли хамон сол ичлосияи якуми ташкилии нохия баргузор гардида Хукумати нохияро таъсис дода Идиев Махмудро Раиси нохияи навташкили Точикобод интихоб шуд.
Дар он солхои душвори чанги хамватани барои паст намудани шиддати вазъияти ва рахонидани диёр аз харобихои гушншунид собик раиси нохия шодравон МАХМУД ИДИЕВ ва дигар рохбарону шахсиятхои бузурги ин нохия сахми беандозае гузоштаанд.
Аз чумла дар он солхо душвор хамсафони раис ва аъзоёни Хукумати нохия рохбархои сохторхои гуногун ба монанди Абдусалом Абдафтохов, Абдусалом Абдусаторов, Исроилов Сичоуддин, Махсум Фозилов, Ахмадчон Миршоев, Исо Рахимов,Аюб Шарипов.Гафур Нидоев,Махмадиёр Шарипов,Ахлиддин Хашаров,Умарли Музафаров,Идибеков Хоким,Султонов Саидэхсон,Шомуддин Миромуддинов,зебо Химатова,Дилафруз орзуева,Кодир Бедориев ва дигарон сахми гузоштаанд.