«Духтар чиву, хонданаш чӣ »

Модарро хуршеди тобон, чароғи хонадон ва тарбиятраги асосии фарзанд мегӯянд. Модари босавод тарбиятгари хуби фарзанд шуда метавонад, аммо модаре, ки худ аз илму дониш дур аст чӣ гуна метавонад фарзанд  тарбия кунад. Дур мондани зан аз илму дониш ҳам ба оила ва ҳам ба ҷомеа зарари худро дорад.Аз ин хотир набояд садди роҳи илмомӯзии духтарон шавем. Аз модари бесавод фарзанд чӣ меомӯзад?
Имрӯз ҳам қисме аз мардуми мо ҳамон мақоли пешинаи бемантиқу бедалели «духтарро чиву, хонданаш чӣ»-ро ба худ шиор медонанд ва духтарони хешро намегузоранд, то таҳсилашонро идома диҳанд. Худро мусулмон мегӯем, лекин чаро ба ҳадиси паёмбарамон Расули акрам (с.а.в) «Омӯхтани илм  барои мард ва зани мусулмон фарз аст», пайравӣ намекунем? Охир, фарзанд роҳи ростро аз чап ба воситаи модар муайян мекунад! Агар модар босавод бошад, ҳатман фарзанди он оила низ босавод ба воя мерасад, аммо мушкил ин аст, ки чаро духтаронро, ки оянда модар мешаванд аз таҳсил дур карда истодаем.

Ба суоли « чӣ сабаб мегардад,ки духтарон аз таҳсил дур мемонанд», Дилрабои Нуралӣ, сокини ш. Душанбе чунин гуфт:
«Ман мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, мехостам ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи Шарқшиносии ДМТ супорам. Мутаасифона, волидонам зидди ақидаи ман баромада, хондани мо духтаронро бефоида гуфтанд.Ана бо ҳамин сабаб ман натавонистам таҳсили хешро идома диҳам».

Маҳмудзода Умеда бошад, сабаби аз таҳсил дур мондани духтаронро дар низоми сару либос мебинад. Ба ақидаи ӯ бисёри волидон мехоҳанд духтарони хешро бо сатри исломӣ бинанд, аммо талаботи имрӯзаи донишгоҳҳо имкони бо чунин сару либос таҳсил кардани онҳоро намедиҳад, ки ин боиси тарки таҳсил дар мактабҳои Олӣ мегардад.
Бояд қайд кард, ки шароити вазнини оила ва зиёд будани маблағи шартномаи донишгоҳҳо низ, яке аз омилҳои дигари аз таҳсил дур мондани духтарон мегардад:
«Ман мактаби миёнаро хатм карда, орзӯи онро доштам, ки акнун ҳуҷҷатҳоямро ба «Донишгоҳи тиббӣ»месупорам. Аммо, паст будани сатҳи зиндагӣ ва аз ҳад зиёд будани маблағи шартномаи донишгоҳ, садди роҳи идомаи таҳсили ман дар донишгоҳ гардид», мегӯяд Гуландом Холова сокини маҳаллаи Гипрозем.

Мутаасифона, имрӯзҳо бо замми ҳама дастгириҳои давлату ҳукумат боз ҳам ёфт мешаванд нафароне, ки садди роҳи идомадиҳии таҳсили духтарон мегарданд. Намегӯзоранд, ки ҳисси бунёдкорие аз фарзанди эшон боқӣ монад. Лозим ба ёдоварист, ки дар тамоми давру замон нақши занон дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият созгор буд ва хоҳад монд!!! Ҳар як фарди мусулмон чи зан ё мард, бояд байти зеринро шиори худ донанд:

Чунин гуфт, паёмбари ростгӯй,
«Зи гаҳвора то ба гур дониш биҷӯй».

Миҷгонаи Қутбиддин
  • amazonS3_cache: a:5:{s:45:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/2525.jpg”;i:11;s:53:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/2525-300×199.jpg”;i:11;s:43:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/10/2525.jpg”;i:11;s:51:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/10/2525-300×199.jpg”;i:11;s:46:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/2525.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1714124695;}}

фикри хонанда: 1

  1. tojikobod Навишт:

    Салом ба кормандони Блоги Точикобод аслан фарк байни духтару писар дар хондану нахондани он нест омузиши илм ва дониш барои хама як аст!!

ибрози назар