Ислом ва хукуки башар!

Яке аз мавзӯъоти матраҳе, ки кунун дар баррасиҳои масоили ҷаҳонӣ раддаи аз ҳама аввалро ишғол намудааст, ҳуқуқи башар мебошад. Бар ин асос фаъолияти созмонҳои байнамилаливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пиёда шудааст. Аммо бо ин ҳама кӯшиш ва саҳмгузории онҳо боз ҳам дар меъёру санадҳои муртабит ба ҳимояи  ҳуқуқи башар норасоиҳои зиёде ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ин гуна ҳолатҳо даъвои шахсонеро, ки худро ҳамчун пешбарандаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд меҳисобанд, бекор мекунанд. Ғайр аз ин бештари мардум зери зулм ва истибдоди молӣ ва иқтисодӣ қарор доранд, агарчи дар зоҳир ҳама дунёро як навъ оромӣ фаро гирифтааст. Ҳодисаҳои охири мамолики араб ва даргириҳо миёни қувваҳо гувоҳӣ аз чунин ноадолатиҳо ва нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои дунё медиҳанд. Ҳамин тариқ, солҳост, ки аз тарафи инсоният қонунгузорӣ ва пешниҳодҳои назарӣ нисбати беҳтар гардонидани ҳолати зиндагии ҷомеъаи инсонӣ ва ғайра пешбинӣ мешаванд, вале то ҳанӯз ин омил роҳи ҳалли худро пайдо карда натавонистааст.
Сабаби асосии ин ҳама дар он аст, ки инсоният имрӯз ҳақиқати ҳолро аз даст додаву гӯё дар талоши ҳақиқати дигарест. Ҳол он ки ба қавли бисёр аз коршиносони масоили исломӣ, сарчашмаи ҳуқуқи башар ва барпо кардани адолату баробарӣ миёни мардум ва аз вартаи ҷаҳолат бурун кашидани онҳо аз даврони оини Иброҳим (а) оғоз меёбад, ки қонунҳои он комилтарин маҷмӯъаи ҳуқуқ ва таклифҳои башарро дар бар мегирад. Ҳама динҳои осмонӣ  ва хусусан дини Ислом, ки бо зуҳур карданаш умури динӣ комил гаштанд, дар асл якдигарро тақвият мебахшанд. Дар баробари ин ҳуқуқи ҷомеъаи инсониро бо тамоми ҷузъиёташ таъмин мекунанд.


Ҳуқуқи башар ва нақши Ислом дар он

Ҳуқуқи инсон дар динҳои илоҳӣ ба беҳтарин шакл баён шуда, бавижа дар дини мубини Ислом мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирифтааст. Тавре маълум аст, ҳадафи паёмбарони илоҳӣ танҳо дар муқобили зулм ва бедодгарӣ қарор гирифтану мардумро аз ҷаҳолат раҳо кардан буд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар кадоме аз паёмбарҳо, ки барои даъват сар бароварданд, танҳо як ҳадаф доштанд, ибодати Худо ва аз адлу инсоф кор гирифтан. Пас, метавон гуфт, ки Ислом дини ҷаҳонӣ ва инсонист, ки қавонини он комилтарин маҷмӯъаи ҳуқуқ ва таклифҳои башариро дар бар дорад. Ислом як низоми осмонист, ки дар он аз як тараф бунёди ҷомеъаи намунавӣ тарсим мегардад, то мардумро дар беҳтарин ҳолати зиндагӣ қарор бидиҳад, аз тарафи дигар барои ҳама гуна мардум ҷойгоҳи шоиста бино менамояд, то дар як низоми хуб ва боарзишу комил аз ҳимояи ҳуқуқ ва таколиф ба сар баранд. Ғайр аз ин асрҳост, ки дини Ислом дар майдони амал аст ва тавре маълум аст, ҳар асри мо дар худ тағйиру таҳаввулот ва дигаргуниҳоро доро мебошаду қавонини башарии мо низ аз ин хусусиёт орӣ нестанд. Вале дар баробари ин ҳама тағйирот дини Ислом дар як шакл боқӣ мондаасту мутобиқ ба ҳар давру замон, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон моҳият ва бузургии худро аз даст надодааст. Албатта, бояд қоил шуд, ки ин мӯъҷизаи Паёмбар (с) ва бузургии Худованд аст, ки барои ҳар соҳибақл ва соҳибмаърифат далел аст, ки ақли инсонӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замон дар худ норасоӣ ва камбудиҳоро таҷассум кардааст. Пас, ягона роҳи наҷот ва беғараз, ки танҳо аз дунёи адлу инсоф ва бартариву баробарӣ иборат аст, риояи қавонини дини Ислом аст, ки ҳамеша барои инсон комёбӣ ва манзалатро эҳдо менамояд.
Чун мавзӯъи мавриди баррасии мо ҳуқуқи башар аст, мушаххастар вориди масъала мешавем, то бо истифода аз манобеъи гуногун ҳарфи аниқе гуфта бошем. Муҳаммад Ғазолӣ гуфтааст, ки «ҳуқуқи инсон дар Ислом ҷоизаи як подшоҳ ё ҳоким ё баёнияи содирае аз қудрати минтақаӣ ё созмони байналмилал нест, балки ба ҳукми ислоҳӣ будан манбаъи он илзомовар аст ва имкони ҳазфу таътили он вуҷуд надорад ва касе иҷозаи таҷовуз ба ҳарими он ё бетаваҷҷӯҳӣ ва иҳмол дар ҳаққи он надорад». Дуктур Шайх Аммора низ дар ин робита мегӯяд: мебинем, ки Ислом дар заминаи имон ба инсон ва тақаддуси ҳуқуқи ӯ ба мартабае расидааст, ки аз мартабаи ҳуқуқ гузашта ва ин ҳуқуқро зарурат дониста ва онро дар чорчӯби воҷибот қарор додааст. Олими замони мо ва яке аз пешвоёни дини Ислом дуктур Юсуф Қарзовӣ низ мӯътақид аст, ки Ислом чордаҳ қарн пеш ба ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ кардааст, манзур аз инсон ҳар инсоне аз ҳар ҷинс, ҳар дин ва ҳар иқлиме, ки бошад, амр бар фалсафаи Ислом дар гиромидошти инсон аз он ҳайс, ки инсон аст, матраҳ мешавад. Он чӣ дар иртибот ба ҳуқуқи башар, ки Ғарб онро раво медонад, Ислом онро аз зумраи воҷибот ва таколиф мешмарад ва албатта, возеҳ аст, ки ин амр мутмаинтар ва эътимодтар аст. Зеро инсон метавонад аз ҳаққи худ даст бардорад, аммо лозим аст, ки ба воҷиботе, ки Худоавнд бар ӯ фарз кардааст, илтизом дошта бошад, онҳоро риъоят кунад ва дар адои онҳо кӯтоҳӣ накунад.

Ислом ва ҳифзи ҳаёт

Зиндагӣ ва ҳаёти инсонӣ боарзиштарин мавзӯъ дар олами ҳастӣ аст ва ҳама инсонҳо бо вуҷуди ихтилофоташон перомуни аҳамият ва арзиши ҳаёт иттифоқи назар доранд. Ислом низ беш аз дигарон ба ин арзиш аҳамият қоил аст. Ислом ҳаёту ҳаққи зиндагиро табиъитарин ва аввалин ҳаққе медонад, ки инсон аз он бархурдор буда ва бештарин талошро барои ҳифзи он дар муқобили осеб ва таҷовуз анҷом медиҳад ва бо арзиш қоил шудан ба он куштани ҳатто як нафарро ба ғайр аз талаботи қонун баробари куштани ҳама мардум шумор меоварад ва мефармояд: «Ҳар касе инсонеро бидуни иртикоби гуноҳе қатл мекунад ё фасоде дар замин бикашад, чунон аст, ки гӯё ҳамаи инсонҳоро куштааст» (сураи «Моида», 32).
Аз он ҷое, ки ҷойгоҳи хуни инсон дар Ислом бисёр аз аҳамияти волое бархӯрдор аст, Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Аввалин чизе, ки байни мардум дар рӯзи қиёмат қазоват мешавад, хунҳои рехташудаи ноҳақанд». Ин дар ҳолест, ки бештаре аз кишварҳо парчамбардори демократия мебошанд, вале иддае аз кишварҳоро бо баҳонаҳои терроризм ва ноадолатиҳо мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд. Аз ҷумла кишвари Фаластин, Ироқ, Афғонистонро метавон мисол овард, ки аз ҷониби «демократхоҳон» мавриди таҳоҷум қарор гирифтаанд.

Ислом ва мубориза бо ихтилофи табақотию гуногуннажодӣ

Бар хилофи суннатҳои қабилавӣ ва ифтихороти қавмӣ, одобу расмҳои минтақавӣ, ки дар замони зуҳури Ислом дар дунё ривоҷ доштанд ва ҳар гурӯҳе ба иллати доштани сарват, қабила, зан, нажод, ранг ва ғайра бар гурӯҳи дигар ифтихор карда, худро дар нисбати якдигар боло медонистанд, дини Ислом муқобили ин ҳама ҷаҳолат ва худхоҳиҳо қиём кард ва бардавомии онҳоро хотима бахшид ва тамоми башарро баробарӣ дар ҳуқуқ ва арзиши муайяне таъин намуд. Вобаста ба тақсимоти донишмандони исломӣ, мусовоте, ки Ислом миёни афроди башар қоил аст, бар се қисм тақсим мешаванд:
Аввал, мусовот ва баробарӣ дар асли инсоният навобаста аз он ки чӣ гуна ранг аст ва ё аз кадом қабила аст. Дуввум, баробарӣ дар ҳуқуқ ва таклифҳои инсонӣ. Саввум, баробарӣ дар доварӣ ва иҷрои қавонин.
Ҳамин тариқ, дини Ислом ҳама эҳтиёҷоти инсониро дар ҳама давру замон ва ҳатто дар асри имрӯз, ки асри технология ва пешравии башар аст, таъмин намояд. Ҳамзамон метавонад тамоми норасоиҳо ва камбудҳои инсониро пурра намояд. Ҳол он ки конститутсияҳои инсонӣ ҳар сол ва ҳар замон тағйир мехӯранд. Пас, ягона мақсад ва равише, ки дунёи Ғарб барои пиёда кардани ҳадафҳои худ дар ҷомеъаи башарӣ мақсад гузоштааст, аз нуқсу камбудӣ холӣ нест. Ягона мақсад ва мароми Ғарб ва дигар давлатҳои абарқудрат он будааст, ки ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ намояду дунёро зери султаи худ қарор бидиҳанд.

Хуррамшоҳи Асадуллоҳ
  • amazonS3_cache: a:4:{s:46:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/11/quran.jpg”;i:78;s:54:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/11/quran-300×221.jpg”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1584784184;}s:47:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/11/quran.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1714053437;}s:44:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/11/quran.jpg”;i:78;}

ибрози назар