МАКТАБ!!! НАКЛИ ХОМИЁН Ё ДАРСИ ТАЪРИХ???

     Имрузхо филмхои турки бо забони точики тарчума мешаванду хурду калон дар интизори кисми нави он мебошанд, то андозае мардуми точик ба он филмхо додашудаанд, ки муаллим дар мактаб накли филми хомиён мекунад, дар куча хама  аз захми шудани Хайрию ба махбас афтодани Йигит харф мезанан, магар касе фикр аз он намекунад, ки чунин филмхо фахмиш ва мафкураи миллати точикро дур аз манфиатхои милли месозад?? Агар суол кардани боши, ки ин филмхо чихати ахлоки доранд манхам розиям лекин ончо ахлоку фахмишхоеро руи навор меорад, ки барои миллати мо барои насли навин зарар овар аст, зарар овар аз он чихат ки чавонон аз донистани таърихи худ дур мемонан. Агар кудаки синфи 2-ро суол куни, ки Хайри ё Йигит кист дархол тарчумаи холи уро, ки будану ба чи кор машгул будани онро бо пурраги накл хохад кард ва агар суол куни ки имруз чи дарс хонди дар мактаб дар чавобаш хомуширо ихтиёр мекунад, зеро дар хона бо волидайн Хомиён дар мактаб накли Хомиён пас албата дар зехни тифл он боки хохад мон. Мурочиат ба тамоми падарону модарон фарзандони худро аз бесавод мондану ба равияи пантуркисти рафтанашон эхтиёт бошед зеро окибати чунин рафтору амалхои мо насли чавонро дур аз фарханги ниёгони мо дур аз манфиатхои милли мо хохад кард. Кам нестан вокеъахое, ки як кисми чавонон худро Хайрию Йигит карда бо кисмати дигараш, яъне бо душманон ба чанг шудаю худро зада хунсор мекунанд. Чанде пеш созандагони ин филм ба Точикистон ташриф оварданду духтарону писарон кариб ки худро мекуштан то Хайриро ба огуш гиранд, шармандаги, магар имрузхо чунин чавонон падар ё модари худро ба огуш мегирифта бошанд??? Алба не зеро онхо Хайрию Йигит нестанд. Точикфилмро мебояд. ки имрузхо барои миллати точик кушиш кунад, то барои худи мо барои точикони асил чунин Хайрихою Йигитхои точикиро офарад, аммо ТОЧИКФИЛМ мутасифона дар ин чода кам кушиш мекунад. Чавононо бо талант дар миллати мо кам нестанд танхо онхоро омузондан даркор.

Агар фикри ман хато бошад хатман фикри худро навис мо онро ба назар хохам гирифт хатман ба суолхои Шумо посух хохам гуфт!

  • amazonS3_cache: a:3:{s:42:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/03/i.jpg”;i:106;s:40:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/03/i.jpg”;i:106;s:43:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/03/i.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1713381564;}}

комментария 4

  1. Самариддин Навишт:

    салом

  2. Самариддин Навишт:

    салом аввал аз шумо як саволро мепурсам ичозат медихед? ман аз магозаи дискфруши диски “переводчик” хамсадора харидам аммо афсус, ки дар он рамз дошта будааст ман рамзи хамон дискро аз шумо мехохам

  3. Самариддин Навишт:

    аз шумо боз як хохиши дигар дорам мумкин аст ин рамзро дар телефони мобили 988-87-13-60 равон кунед

  4. асоев фариддун и Навишт:

    аввало минадори худамро ба манкунандагони ин филмхо мерасонам

ибрози назар