Озодии зан дар Ғарб чӣ гуна буд?

Доктор Муҳаммад Имора, мутафаккири олами Ислом, зимни суханронии худ дар шаҳри Қоҳираи Миср дар қазияи озодии занҳо гуфт:

Дини мубини ислом қабл аз ҳама тамаддунҳо барои зан дар ҷомиъа ҳуқуқ ва озодиҳоро зиёдтар бахшид ва барои ӯ аз назари молӣ ҳиссаи мустақил аз шавҳарро ато фармуд, аз ин лиҳоз ин дин дар ҳама асру замона муътабар аст.

Созмонҳои байналмилалие, ки барои озодии зан сару садо баланд мекунанд, то ба ҳол ҳуқуқи комили занро надодаанд.

Ҳангоме ки мо худро бо дигарон муқойиса мекунем, ин масъаларо рӯшантар мефаҳмем, масалан дар ғарб ҳамаи мушкилотро аз рӯзи аввали офариниш бар души модарамон биби Ҳавво меандозанд, ки ӯ ба Шайтон таслим шуд ва ҳазрати Одамро маҷбур кард, ки аз дарахти себ бихӯрад ва башариятро ба рӯйи Замин оварад.

Дар дини яҳудиҳо, агар шавҳар вафот кунад, зан наметавонад, ки бе иҷозати хонадони ӯ ба шавҳар барояд ва ҳар яҳудӣ рӯзона бояд намози шукрона бихонад, ки Худовонд ӯро ғулом, бутпараст ё зан наофаридааст.

Сухани яке аз пешвои дини масеҳият бисёр машҳур шуда аст, ки гуфта буд: дар дунё танҳо як ҷинс вуҷуд дорад… мард ва зан марди ноқис мебошад.

Муҳаммад Имора афзуд, соли 1793 дар Фаронса як фармоне содир карда буданд, ки зан, девона ва кӯдаку ҷинояткор баробар аст ва дар сатҳи давлатӣ ҳуқуқ надоранд.

Дар ишора ба инкори Ғарб аз ҳуқуқи молии зан гуфт: «Як зани мисрӣ соли 1903 хост, ҳиссаи худро, ки дар иншооти канали Суетс дошт, ба фурӯш гузорад. Он вақт ин канал дар тасарруфи Фаронса буд ва дар ҷавоб ба зани мисрӣ аз ширкати фаронсавӣ гуфта буданд, ки тибқи қонуни Фаронса зан ҳуқуқи тасарруф дар моли худро надорад. Ин зан ба муфтии он вақтаи Миср Муҳаммад Абдуҳ нома навишт ва дар ҷавоб Муфтӣ ба он зан фаҳмонд, ки Ислом барои зан ҳуқуқи молиявии мустақил аз шавҳар дода аст ва метавонад, ки дар моли худ бидуни дахолати шавҳар тасарруф кунад.

Зан дар Амрико:

Ин мутафаккири исломӣ мегӯяд: «Касоне, ки Амрикоро намунаи озодии зан медонанд, набояд фаромӯш созанд, ки ИМА то соли 1920 занро бо ғуломҳо баробар медонист ва онҳо комилан аз ҳуқуқи сиёсӣ маҳрум буданд, ҳамчунин дар Конгресси ИМА занҳо танҳо 14%ро ташкил медиҳанд ва дар додгоҳи ИМА аз 675 додситон 8 нафари онро занҳо ташкил медиҳанд.»

Зан ва файласуфҳо

Доктор Имора ба ин назар аст, ки навиштаҷоти файласуфҳои ғарбӣ ба суди занҳо набуда аст.

Як файласуфи юнонӣ аз ин ки ӯ писари як зан аст, дилтанг буд ва файласуфи олмонӣ, Нитше як сухани машҳур дорад: «Ҳар вақте назди зан рафтед, бо худ як қамчин бибаред.»

Агар мо мафҳуми озодии ғарбиро таҳлил кунем, мебинем, ки Ғарб танҳо дар умури шахсӣ озодиро дастгирӣ мекунад, ки бо мухолифи меъёрҳои ахлоқӣ ва фитрати инсонӣ мебошад, аз қабили зинову ҳамҷинсгароиву фаҳшо ва инҳоро нишонаи озодии шахсӣ медонанд.

Мафҳуми нодурустеро барои зан фаҳмондаанд, ки ҷисми зан моликияти худи ӯст ва метавонад, ки аз роҳи иҷрои ҳама ашколи ҷинсӣ озодии худро баён кунад. Дар ҷавоби ин фикраи ғарбӣ Абдуллоҳ Надим соли 1892 мақолае навишта буд, ки: «Озодии ҳақиқӣ, талаб кардани ҳуқуқ ва риоя намудани ҳудуд мебошад ва ҳуқуқи инсон маҳкум ба ҳалолу ҳаром аст.»

  • amazonS3_cache: a:4:{s:47:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/11/doktor.jpg”;i:144;s:55:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/11/doktor-300×158.jpg”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1585027298;}s:48:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/11/doktor.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1606717866;}s:45:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/11/doktor.jpg”;i:144;}

ибрози назар