МИЛЛАТРО АЗ ХИЗМАТ НАТАРСОНЕД ШАРОИТРО ХУБ КУНЕД, МО МЕТАВОНЕМ!

Хизмати модар-ватан хам карзу хам фарз аст! Вале новобаста аз он ки хизмат фарз аст ё суннату витри вочиб, Хукумат бояд аскаронашро бо шароитхои замонави таъмин намояд! Вазорати дифоъ хам муваззаф аст то армияи облавакардаашро бо шароитхои бехтарин имруза таъмингар бошад! Бас аст дар танкахои солхо вайрону валангор машк гузарондан! Дигар то кай дар 2 соли хизмат дар куху пуштахои дур аз мантик тиркушои мекунему камонамон дар як тир 10 маротиб “остечака” медихад?! Айб нест, ки дар 2 соли хизмат хамаги тиркушоиро аскари точик наомузад? Вокеан хам дар як сол 4 мох давраи даъвати чавонон ба хизмати харби баргузор мегардад, ва аз он гурухе ки адои хизмат кардаанд мутмаинан 80 фисадашон силохро дошта наметавонад, кучо расад ба тиркушоиву хифзи ватан аз адуи миллат! Ин кадар аскарбача “лойсумзани” мераванд армия?! Нонхури зиёдро чамъ карда мачбуру ихтиёр дар 2 сол чиро ёд медихед?! Намешавад ки 200 марди чанги бех аз 100хазорро шиор кунем? Хам аз капустпиёва чони солдати бечора халос мешаваду хам марди часур тарбия кардан мумкин аст!!!

Инак даъвати навбатии чавонони танбал ба аскари хам даррасид! Чаро танбал? Зеро гурехтаро наметавонанд! Ёд дорам киссаи овозадору таърихии шикорчиёни амрикоиро ки чунин карор кабул карданд: “дар чангал бабрхоро нест мекунем, зеро охувонро шикор мекунанд, дар чангал оху намондааст!”. Баъди чанде диданд, ки бабрхо охувонро аз кафояшон медаванд ва охуи нуксдошта ё бемор худ маьлум мешудааст ва мадори гурехтанаш намемондааст сипас бабрхо охуи касалиро дошта мехурдаанд. Бо хамин беморихо аз миёни галлаи охувон нест мешудаанд ва вирус пахн намешудааст. Яъне хикмати охушикори бабрхоро ёфтем. Аммо хикмати чанобони “облавчик”-ро кай дарк мекарда бошем ки солхои сол тамоми миллатро тарсончаку талхакаф кардаанд??? То кай чавонони бемору касалиро ичборан ба хизмат мекашед?

Бовар кун хонандаи гироми ки дар деха садои “облава” дар гуши рустоиён статуси Азроилро ба худ касб кардааст! Хама тарсончак аст! БАС облава! Чи? Гуфтаниед, ки касе хизмат намеравад? Ин гунохи миллат нест, ки Шумо масъулини гироми ба гардани миллат бораш кардан доред! Ин гунохи худи Шумост, ки дар 2 сол аскарбаччаро хич мард карда наметавонед, ки наметавонед! Хар нафаре ки адои хизмати модар-ватан дар Точикистон кардааст бо дилхохат пари мебандам, ки баъди адои хизмат пушаймон нагашта бошад!!! (Агар уро хам мисли худатон порахур накарда бошед!)
Ва медонед чаро? Зеро Шумо масъулини гироми, чавонро дарси матонату мардонаги гуфта баръакс тарсончаку рубохиродаву шаголхислат мекунед! Чавоне ки дар 18 соли умраш аз бало наметарсид, дар 2 сол Шумо чунонаш мекунед, ки дар ру ба руи душман истодагари карда наметавонад ва агар ахамият дихед дар дилхох чангу разбор хамсафони мо, ки махз Шумо дарсашон додаед, дар кутохтарин фурсат аз ТАРС чониби мукобилро тарафдори мекунанду хамсафони хешро кидат мекунанд!!!

Ёд оред, казияи ХАЛАБОНХОро ки аксар мутаассуф дар разбори миёнидавлати чониби Русияро мегирифту сахт мехост, ки чонаш аз хамин “хуччатпроверкакуни”-и пулиси Русия ворахад! Хама чониби Точикистон санг мепартофту Русияро ХАК мебаровард! Инро хама фаромуш карда буд, ки Точикистон бо хама мушкилоташ ВАТАНИ МОст ва МО вазифадорем, ки агар гунахкор хам бошем, дар бахсхои миёнидавлати чониби Точикистонро гирем ва ба хич вачх мавкеъамонро иваз накунем! Аммо чун Шумо масъулини нотавон тамоми миллатро солхост, ки хамингуна “матинирода” тарбия кардаед, дар кутохтарин фурсат хама Точикистонро фурухт! Ахсан ба ” матонататон”!!! Ин натичаи тарсу кардани миллат аз чониби “облавчикхо” буд! Аз чониби комиссариятхои харби, Раисони Чамоатхои дехот ва билохира аз чониби Вазорати Дифоь, ки хич сарфахми дастпарваронаш нарафту ба хич вачх гапаш ба “военком”-хои порахураш нарасид, ки нарасид!

Ман мисли дигархо намегуям, ки эркатулфорхои мансабдорону чиновникхову вазиронро дар сафи артиши милли баробари шербаччаи камбагал бубинам! Рубахро хич бари шер наоред, ки мабод шерон хам рубах нагарданд! Низ падаронашонро дида истодаем, ки дар вазифахои давлати бо вучуди шароити хуби кори, чи кадар хизмати миллат мекунанд, аз фарзандонашон дар артишие, ки хич шароит надорад, чи умед бандем?! МО ИНРО ТАЛАБ НАМЕКУНЕМ! БИГЗОР ФАРЗАНДОНИ ЗАНАКСИФАТАТОН РАФТА ДАР ДИСКОКЛУБХО РАКСИ СТРИПТИЗ КАРДА МАЙНУШИЯШОНРО ИДОМА ДИХАНД! БИГЗОР ДАР ТАРАБХОНАХОИ АВТОРИТЕТ РАФТА МАЙНУШИ КАРДА БО ОИМЧАХОИ ФОХИШААШОН ИСТИРОХАТ НАМОЯНД! БИГЗОР, КИ РАФТА ДАР МЕХМОНСАРОХОИ ХУШБОДУХАВОИ ВАРЗОБ ЧАРХ ЗАДА ГАРДАНД, АЗ ХИСОБИ ПАДАРЧОНИ “ХИЗМАТГОРИ МИЛЛАТ”-АШОН! БИГЗОР, КИ ДАР МАДЕЛХОИ ОХИРИНИ ИНОМАРКАХОИ ХОРИЧИ САВОРИ КАРДА БО НОЗАНИНХОЯШОН ГАРДАНД!

Факат хохиш хамин, ки чавононро бо омад-омади ГазЕли ОБЛАВА талхакафу занаксират макунед, ки фардо чун Ачал аз пои Шумо чангол зад, ин миллатро мебояд, ки вазиру мансабдори шердилтаре дошта бошад ва низ ин ватану ин миллату ин марзу бум сохибони мардтар мехохад то содикона барояшон хизмат кунанд!

Ва пешниход хамин, ки сагерагаллаи бисёрро бурда мисли хезуми дузах дар казармахои хунук тал назанед, кам бошаду хуб бошад! Аз хурдсоли моро хамингуна тарбияи “талпавой” додаед, ки то хол миллат бесавод мондааст! Хама дар хотир дорад, ки дар мактаби миёна аз як синф 25 талабаро бурда дар сари як компютер шинонда мефахмонданд ки “МАНА ХАМИН ТЛВИЗОРро КОМПЮТЕР меноманд”!!!! Инак натичаи дарсхонии “талпавой”-ро хама дидем, ки имруз чавонони Амрикову Русияву Эрону Чин тавассути КОМП дар хона дарс мегиранду дигар ба аксарашон МАКТАБ ДАРКОР НЕСТу мо холо хам адреси электрони, E-mail-ро сарфахм намсеравем! Бираву бипурс ки дар Вилояти Хатлон чанд нафар аз олами ИНЕТ бохабар аст??? 90% ИНЕТро “бомба” мефахмад! 10 фисаде ки кам-каму ахён-ахён мефахманд мутаассуф дар мухочират бо КОМП ошно шудаанд ё дар корхонахои хоричи фаолият доранд! Ва дастпарвари макотиби Точики нестанД! ИН натичаи дарсхои “талпавой” аст! Вокеьан хам калимаи “талпавой” дар фарханги мо нест, вале мардум ин калимаро 150 фоиз мефахмад! Зеро ки чангхои Мо дар хамачо “талпавой” аст! Хеле шуд, ки чанги 1 бар 1ро надидем ва агар тарбияи Вазорати Дифоь дар хизмати аскари хамингуна бошад, ки хаст, ба гумони голиб дигар аз чунин чангхои мардонаги, ки солхои пеш медидем, хама фаромуш мекунад! Ва медонед чаро? Зеро тарсончакем ва агар ба сари занро хам хамакаса нахезем, гумон дорем, ки занак мабод ки ягон мушти обдор дар бехи гушамон мезанаду назди хама шарманда мегардем! Зеро метарсем, ки зурамон ба занак хам НА-МЕ-РА-СА-ДДД!!!

Бо умеди миллати часуру гаюру тавоно ва нотарстарин миллат дар курнаи замин гаштани МИЛЛАТИ ШАРИФИ ТОЧИК

 

 

 

 

 

«Шарифхони Т. “Талпавой” не, Тагоймурод!»

  • amazonS3_cache: a:9:{s:52:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/tagojmurod2.jpg”;i:129;s:60:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/tagojmurod2-150×150.jpg”;i:129;s:54:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/saldatchaxak2.jpg”;s:3:”127″;s:48:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/saldat2.jpg”;s:3:”128″;s:53:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/tagojmurod2.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1713660438;}s:50:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/tagojmurod2.jpg”;i:129;s:58:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/tagojmurod2-150×150.jpg”;i:129;s:52:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/saldatchaxak2.jpg”;s:3:”127″;s:46:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/saldat2.jpg”;s:3:”128″;}

ибрози назар