БУНЁДИ БОГ ФАРМУДАИ ПАЁМБАР(с) АСТ!

Аз Анас писари Молик ривоят аст, ки паёмбари худо (с) фармудаанд:
“Хеч мусалмоне нест, ки нихоле шинонад ё зироатеро кишт намояд, ки аз он парандае ё инсоне ё хайвоне бихурад, магар ин ки барояш амали мазкур садака мебошад”
(Ин хадисро Имо бухори ривоят кардааст.)
Аз ин суханони гухарбари рохнамои башаррият, хазрати расули акрам(с) бармеояд, ки бунёди бог, нихолшинони, парвариши зироат хулоса кишоварзи ва кори дехкони фазилати бузурге дорад, ки натанхо манфиаташ дар ин чахон, балки ачру савобаш хамчун садака ба дехкон аз чониби худовад дар олами укбо низ хохад расид. Нуктаи аз ин хадиси муборак чолиби диккат он аст. ки аз хосили дасти дехкон натанхо одамо, парандагон ва олами хайвонот хам манфиат мебаранд.
Гйар аз ин боз дар фазилати дехкони хусусан богдори бузургони миллати мо суханхои боарзиши зиёе гуфтаанд. Чунончи зохирии ин абиёти Мирзо Абдулкодири Бедил барои мо хелло мувофик аст:
Самари боги шавк бисёр аст
Яъне асбоби завк бисёр аст
Касби дехкони аз чи диди шок,
Эй сазовори хилъати раззок
Дари ин чилва бар дилат во кун
Сунъи хакро зи худ тамошо кун
Чанд аз афсурдаги нафас шумори
Навбахор офарин ба барзгари
Тухм чанде фишондан аст ба хок
Пас таваккул ба фазли Эзиди пок…
Имруз дар замони мо хам кадру киммати замин ва кишоварзи як андоза боло рафтааст. Ин пеш аз хама ба сиёсати дурусти аграри ва таваччухи беадозаи хукумати кишвар , хусусан ба таъкидхои харрузаи сарвари кишвар дар бораи бехтар кардани сохаи кишоварзи ва пуштибонии у аз марди дехкон вобастаги дорад.
Дар тамоми гушаву канори кишвар баъд аз ба ичтиклоли давлати ноил гаштани чумхури сохаи кишоварзи, хусусан богдори авчи тозае пайдо кардааст. Дар н.Точикобод хам корхои зиёде дар ин самт идома дошта бошад хам, лекин каноатбахш нестанд. Он шухрати азимеро, ки дар замони собик Шурави точикободихо дар парвариши картошка доштанд, холо ба даст наовардаанд. Он богхои пур аз себу ноки шахдвори мо, ки бозорхои чкмхуриро пур карда берун аз кишвар харидори зиёде доштанд аз нав эхё нагаштаанд. Агар мо имруз хамагон ба кадри он гамхорию дилсузие, ки сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон нисбат ба кишоварзон дорад нарасем ва камари химматро мустахкам баста дар пайи бартараф кардани камбуду норасоихои сохаи кишоварзи набошем фардо хело дер хохадшуд. Чунки фаъолияти мо дар хама самтхои сохаи кишоварзи нисбат ба дигар минтакахои чумхури хело суст пеш меравад. Бо худтаърифкунихои зиёд, бо хисоботхои нодурусу нишондихандагони бардуруг ватан обод нахохад гашт. Ба умеди аз берун нишастан ахвол бех нахохад гашт ва сарнавишти бобои ДЕХКОН бояд ба дасти худи у дода шавад. Хмчуноне, ки шоир фармудаанд:
Худованд он миллатеро сарвари дод,
Ки такдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки дехконаш барои дигарон кошт.
Дехкон имрузхам бояд дарк карда бошад, ки замин дар дасти худи мо хаст. Ончи кишт мекунем азони мост ва хосили онро хам касе аз мо нахохад ситонд. Мо дехконон роххои пурсамар истифода бурдани замин ва бардоштани хосили хубро чустучуй намуда дар фикри ободии бештари хонадон ва диёри худ бошем. Мо вобаста ба он замине, ки сохибаш хастем, зироатеро парвариш кунем, ки нафъи бештаре ба мо хохад дод. Ман хамчун дехкон богдориро сохаи сердаромад дар кори дехконони нохия медонам. Чунки тачриба нишон дод, ки боги бунёд кардаи мо дар замини хочагии дехкониамон нисбат ба заминхое, ки дар хамсоягии мо карор дошта ба парвариши зироатхо машгуланд даххо маротиба фоидаи зиёдтар меорад. Мо хангоми бунёд кардани ин бог чизеро аз даст намедихем. Дар дахсолаи аввали боги бунёдгашта хамон кишти картошка ва сабзавотро идома хохем дод.
Мо имруз дар боге, ки бунёд кардаем аз се чихат фоидаи соф ба даст меорем. Аввал хосили дарахтони мевадиханда, дувум хосил аз кишти картошка ва дигар зироатхо, ки дар байни каторхои дарахтон руёнда мешавад ва саввум дарахтони бе самар (арар ва бед), ки дар атрофи замин парвариш ёфтаанд, хамчун маводи сохтмон ва захираи хезум дар фасли сармо ба кор меоянд.
Имруз хар марди дехконе, ки дилаш ба замин месузад, тачрибаю малаки дехкониеро, ки дорад бояд ба дигарон пешниход созад, то як самти мухими сохаи кишоварзи, яъне богдори дар нохия руш кунад. Албата дар ин самт монеа ва мушкилот кам нест, пеш аз хама гуфтан лозим аст, ки раёсати кишоварзии нохия дар самти богдори фаъол нест, дувум мушкили ва монеъа аз тарафи баъзе раисони хочагихои колективии нохия, ки худро хокими мутлаки замин медонанд, эчод карда мешавад, Сеюм мушкили дар он аст, ки сохибони заминхои хочагихои дехконии инфироди на хама дехкони асиланд. Онхо ба даромади бештар аз замин эхтиёч надоранд, яъне ашхосе хастанд. ки манбаи даромади дигаре доранд, чахорум мушкилот он аст, ки як муассисаи мучаххазе, ки ба богдорон дар вакти мубориза бо хашарот ва касалихо кумак расонад дар нохия вучуд надорад, панчум, дехкон хангоми чамъоварии хосили зиёди меваро бо сабаби вучуд надоштани корхонаи коркарди мева, аз даст медихад, шашум, ба дехкони асил ва фаъъол гамхори ва пуштибоние зохир намегардад, ё ин ки аз тарафи рохбарони макомоти нохия ягон хавасмандкуние нисбат ба дехкон вучуд надорад, хафтум комбудии соха он аст, ки дехкони хакики ва асил ба ягон семинар ё тачрибаомузи ба бигар минтакахои чумхури ва берун аз он фиристода намешавад.
Хулоса камбуду норасои ва монеъаю мушкили дар кори кишоварзони нохия хусусан дар самти богдори хело зиёд аст. Аммо имруз дехкони точикободи аз як чиз хушбин аст, имрузхо сарварии нохияро як чавонмарди бисёр кордону окиле ба ухда гирифтааст. Боварии марди дехкон ба ояндаи нек аз он аст, ки рохбари нави нохия хама камбудихою мушкилихои онхоро пурсон аст ва дар пайи бартараф кардани онхо ёрии худро дарег намедорад. Худо хохад дар оянда кадри замину дехконро боло хохад бурд. Бояд хамагон имруз дарк карда бошанд, ки аз дастранчи як нафар дехкон аз болои замин саркарда то болои дастархон нафарони зиёде сохиби касб ва лукмаи нон мегарданд.
Пас бояд аз руйи инсоф чойгохи ин марди мехнати, ки бо араки чабин, бо обилаи кафи даст Ватанро обод месозад ба кадри бояду шояд дониста шавад. Чунки пой гузоштан дар болли хукукхои марди дехкон ва худи дехкон окибатхои ногуворе ба бор хохад овард. Хмчуноне. ки шоир фармудааст:
Натанхо харду чашмаш мешавад кур,
Агар шери фалак бошад, шавад мур.
Чу аз болои магзи нони гандум,
Касе бигзашт аз болои Дехкон.

Изатуллохи Сохибназар (дехкон аз нохияи Точикобод дехаи Калъаи лаби Об)

  • amazonS3_cache: a:5:{s:44:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/bog.jpg”;i:27;s:52:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/bog-150×150.jpg”;i:27;s:45:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/bog.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1714108048;}s:42:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/10/bog.jpg”;i:27;s:50:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/10/bog-150×150.jpg”;i:27;}

ибрози назар