ҲИКОЯТИ АЛМОСУ ЗУҒОЛ

Аз ҳақиқат боз бикшоям даре, Бо ту мегўям ҳадиси дигаре. Гуфт бо алмос дар маъдан зуғол: “Эй амини ҷилваҳои лозавол. Ҳамдамему ҳасту буди мо якест, Дар ҷаҳон асли вуҷуди мо якест. Ман ба ком мирам зи дарди нокасӣ, Ту сари тоҷи шаҳаншоҳон расӣ. Қадри ман аз бадгилӣ камтар зи хок Аз ҷамоли ту дили ойина чок. Равшан аз торикии ман миҷмар аст, Пас камоли ҷавҳарам хокистар аст. Пушти по ҳар кас маро бар сар занад, Бар матоъи ҳастиям ахгар занад. Бар сару сомони ман бояд гирист, Баргу сози ҳастиям донӣ, ки чист? Мавҷаи дуди ба ҳам пайпастае, Моядори як шарори ҷастае. Мисли анҷум рўйи ту, ҳам хўйи ту, Ҷилваҳо хезад зи ҳар паҳлўйи ту. Гоҳ нури дидаи Қайсар шавӣ, Гоҳ зеби дастаи ханҷар шавӣ.” Гуфт алмос: “Эй рафиқи нуктабин, Тирахок аз пухтагӣ гардад нигии. То ба пиромуни худ дар ҷанг шуд, Пухта аз пайкор мисли санг шуд. Пайкарам аз пухтагӣ зуннур шуд, Синаам аз ҷилваҳо маъмур шуд. Хор гаштӣ аз вуҷуди хоми хеш, Сўхтӣ аз нармии андоми хеш. Фориғ аз хавфу ғаму васвос бош, Пухта мисли санг шав, алмос бош. Мешавад аз вай ду олам мустанир, Ҳар кӣ бошад сахткўшу сахтгир. Мушти хоке асли санги асвад аст, Кў сар аз ҷайби Ҳарам берун задаст. Рутбааш аз Тур болотар шудаст, Бўсагоҳи асваду аҳмар шудаст. Дар салобат обрўи зиндагист, Нотавонӣ, нокасӣ, нопухтагист”.

ибрози назар