ПАДАРИ БЕХТАРИН БУДАН!!

 

Равишҳои муассир барои беҳтарин падар будан:
1-    Ба ҳамсари худ меҳрубон бошед.
Дониста бошед, ки писаронатон бо ҳамсарони ояндаи худ ҳамон гунае рафтор мекунанд, ки шумо имрӯз бо ҳамсаратон(модари онҳо) рафтор мекунед.
Муҳимтарин бахши зиндагӣ, ки шумо барои фарзандонатон омода мекунед, издивоҷу хонавода аст ва беҳтарин навъи омодасозӣ ин зиндагӣ кардани кӯдак бо падарест, ки модарашро бисёр дӯст дорад.
2-Марди комил бошед.
Агар шумо ба кӯдаки худ дӯстдорӣ намоед, вале дар тӯли ҳафта бо ҳамсаратон доду бедод кунед, дар назари фарзандон суханҳои меҳрубононаи шумо арзиши худро гум мекунад, зеро онҳо рафтори шуморо мувофиқи гуфторатон намебинанд.
3- Вақтеро  махсус барои бозӣ бо  кӯдакон гардонед.
Бачаҳо медонанд, ки мо вақти худро барои корҳо ва афроде сарф мекунем, ки бароямон бисёр муҳиманд. Аз ин рӯ, тавре барномарезӣ кунед, ки тавонед, то замонеро бо фарзандонатон бигузаронед, чунки ин муҳаббати онҳоро нисбати шумо зиёд менамояд ва дар тарбияи онҳо нақши муҳимеро мебозад.
4-Ба фарзандонатон ёд диҳед, то қадри худро донанд.
Фарзандон қадри худ ва арзиши кори худро аз қадрдонии падару модар  мешиносанд, аз ин рӯ, қадрдонии волидайн аз фарзандон таъсири босазое дар тамоми зиндагии онҳо  мегузорад.
5- Ҳамонанди як хонавонда гуфтугӯ кунед.
Як хонавода муттаҳид, ба фарзандонаш эҳсоси амният медиҳад. Ҳадди ақал як ваъдаи ѓизоиро бо хонаводаатон сарф кунед ва дар ҳамон ҳол дар мавриди итифоқоти он рӯз бо ҳам суҳбат кунед. Ҳадди ақал бахше аз шабро ба унвони як хонавода бигузаронед на инки ба тамошои тилвизиюн биншинед. Мутмаин бошед ин кор аслан пурҳазина нест, шумо метавонед бо ҳам бозӣ кунед ё ба пиёда рӯи ё парк биравед. Мо ошиқ насиҳат кардан ҳастем вале шунидан мавқеи сурат мегирад, ки мо воқеан бидонем ниёзҳои қалбӣ фарзандонамон чист!!!
6- Тарбияти  падарона кунед.
Ба хотири хашми худ фарзандонатонро танбеҳ надиҳед, то фарзанд мушоҳида кунад, ки адаб кардан ва дӯст доштан, ду чизи зид ва мухолифи ҳам нест.
7- Аз нишон додани эҳсоси муҳаббатомези худ наҳаросед.
Ба забон овардани калимоти муҳаббатомез ва ошкор намудани эҳсосот дар тарбияти фарзандон аҳамияти босазое дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки кӯдаконе, ки аз меҳрубонии падару модар маҳруманд, ҳамеша мекӯшанд, то ба кадом роҳе, ки бошад, ба он ноил шаванд. Ба ин хотир, меҳрубонии худро нисбат ба фарзандонатон ошкор намоед ва боиси саргаштагии онҳо нашавед.
РИСОЛАТ

  • amazonS3_cache: a:3:{s:47:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/11/padar1.jpg”;i:62;s:45:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/11/padar1.jpg”;i:62;s:48:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/11/padar1.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1713660782;}}

ибрози назар