СУХАНХОИ ИБРАТОМУЗ БАРОИ ЗИНДАГИИ ИМРУЗАИ МО

1-Биёед ҳарчизро дар ҷойи худ ва инсонро дар мақоми инсоният дарк кунем.

2-Биёед кӯшиш кунем, то вожаи “наметавонам”-ро аз дафтари зиндагии хеш бизудоем.

3-Ҳеҷгоҳ худро бо мусибатҳо ва мушкилот татбиқ надиҳем, балки онҳоро бо баҳрагирӣ аз нерӯи дарунӣ тағийр диҳем.

4-Аз ғарқ шудан дар ҳодисаҳои гузашта ва ғӯтта дар афкори оянда парҳез кунем ва бо фикри ҳол зистан ва бо дигарон зистан бошем.

5-Бо чанд сӯбҳи дар гарав мондаи хеш ба олами маънавият ворид шавем ва ҳаёти дигареро ба рӯҳу ҷони худ бубахшем.

6-Лавҳи сафеди мӯъҷизаосои дарунамонро бо фикрҳои зананда ва харобкунанда хатчадор накунем.

7-Бо фаҳми дуруст ва биниши васеъ ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони ҳастӣ пайдо кунем.

8-Барои арзишҳои худ эҳтиром қоил шавем ва барои расидан ба он ба қадри тавон кӯшиш кунем.

9-Зиндагӣ ҳамчун сафҳаи шатранҷест, ки мебояд бо тафаккуру тааммул нафсу ҳавои хешро мот кунем.

10-Шахсияти ҳар як инсон ба василаи фикри ӯ баҳогузорӣ карда мешавад, пас ҳамвора хуб фикр кунем, то шахсияте, ки лоиқи мо ҳаст, ба даст ояд.
11-Биёед хештанро дарёбем, то дигарон моро дарёбанд.

12-Дилҳои худро бо ишқ бар Худо ва ишқ бар зиндагӣ кардан ва ишқи хидмат ба башар лабрез кунем, то лаззати зиндагиро дарёбем.

13-Хубиҳои дигаронро бингарем ва бадиҳоро бипӯшонем, то бадиҳоямон дар назарашон ҷилва накунад ва сифати писандидаи мо дар зеҳни онҳо муҷассам гардад.

14-Бо дигарон чунон рафтор кунем, ки интизор дорем, ки бо мо чунин рафтор кунанд.

15-Бояд, ки ҳаққи Худо ва ҳаққи мардум,  ҳаққи лаҳзаҳои зиндагӣ ва ҳаққи худро ба таври комил адо кунем.

16-Худро озор надиҳем, то зиндагиямон ранги воқеиятро ба худ гирад.

17-Вожаи “ёдгирӣ”-ро барои зиндагӣ интихоб кунем ва дуруст зиндагӣ карданро ёд гирем.

18-Бояд ба худ эътимод кунем ки тавоноии баровардани ҳадафҳоямонро дорем.

19-Чанд сӯбҳе аз умри мо гузашт ва чанд субҳи дигаре ба поёни он мондааст, аммо ҳанӯз ба ҳадафҳоямон нарисадаем? Аз ҳоли ҳозир бояд барои ба ин ҳадафҳо расидан талош кунем.

20-Ҳеҷ омиле набояд сабаби таҳқир шудани мо гардад.

Ҷамъоварии Б. Қаюмзод

  • amazonS3_cache: a:3:{s:46:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/suxan.jpg”;i:46;s:47:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2011/10/suxan.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1714224615;}s:44:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2011/10/suxan.jpg”;i:46;}

ибрози назар