Ғамгин мабош!

Ғамгин мабош! Зеро ғам нисбат ба гузашта мутаассиф ва нисбат ба оянда ноумедат мекунад ва имрўзатро бар бод медиҳад …Зеро ғам қалбатро танг, чеҳраатро гирифта ва рўҳатро хаста мекунад ва орзуҳоятро аз ҳам мепошад …Зеро ғам на гумшудаеро бармегардонад, на мурдаеро зинда мекунад, на тақдирро тағйир медиҳад ва на фоидае ба ҳамроҳ дорад. …Зеро агар ту фақир ҳастӣ шахси дигаре ба хотири қарздор шудан фирорӣ ё зиндонӣ аст. Агар ту мошин надорӣ шахси дигаре пойҳояшро аз даст додаст. Агар ту фарзанде аз даст додаӣ шахси дигаре чанд фарзандашро дар як ҳодиса аз даст додаст ва агар ту аз дардҳо шикоят дорӣ ашхоси дигаре бар тобутҳои сафед хобидаанд. …Зеро агар гуноҳ кардаӣ тавба кун, агар бад кардаӣ истиғфор кун, агар хатое кардаӣ ислоҳаш кун ва бидон, ки раҳмати Худованд бепоён, дари тавба боз ва холиқи ҳастибахш тавбапазир аст. …Магар намебинӣ абрҳои сиёҳ чигуна пароканда, шаби торик чигуна равшан, ва тўфони шадид (суннами) чигуна ором мешавад? Аз паси сахтиҳоят осоние ҳаст, зиндагият ба сўйи хушбахтӣ ва ояндаат ба сўйи неъматҳо раҳсипоранд.(Ин шоаллоҳ) …аз маломату сангзаданҳои аҳли ботил ва бединони ҷоҳил, зеро ак-аки саг худашро хаста мекунад, вале ту барои сабрат аз холиқи меҳрубон подоши нек хоҳӣ гирифт. …зеро беморӣ шифо меёбад, мусибат мегузарад, гуноҳ бахшида мешавад, дин амалӣ мегардад, зиндонӣ озод мешавад, гумшуда бармегардад, гунаҳкор тавба мекунад ва фақиру камбағал тавонманд мешавад. …ҳар гоҳ аз чораҷўйӣ бозмонӣ ва ҳамаи роҳҳоро баста ёбӣ, орзуҳо поён ёбанд ва ресмонҳо канда шаванд, пас нидо кун! «Ё Аллоҳ ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» … ҳар гоҳ замин бо ҳама фаррохиаш бар ту танг шавад ва нафасат аз сина берун наояд, пас нола кун ва бигўй! «Ё Аллоҳ, ҳасбуналлоҳ ва ниъма-л-вакил» …ва ҳангоме ки мусибате ба сарат биёяд, нагунбахтӣ сар барорад ва бўҳрон бузург гардад, пас фарёд кун ва бигўй! « Ё Аллоҳ, ниъма-л-мавло ва ниъма-н-насир». Парвардигоро! Бар чашмҳои бедор, хоби ором ва бар нафсҳои беқарор оромӣ ва итминон биёвар ва ҳардуро ба пирўзии наздик бирасон! Таҳияи Бобоҷони ҚАЙЮМЗОД

ибрози назар