ИСТЕЪДОДИ ОЛИ АЗ КАЪРИ ДАРЁИ СУРХОБ!

Айёмиддини Хайриддин, зодаи нохияи Точикобод донишҷӯйи курси 4-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, автомобиле бо номи «Истиқлол-Тоҷвар»-ро ихтироъ кардааст.

Ин ихтироъкардаи ӯ ба мошини «Лада» монандӣ дошта, ду ҷойи нишаст дорад ва аз офтоб нерӯ гирифта, барои 200 км роҳ танҳо 3 литр бензин сарф мекунад.

Ба гуфтаи худи Айёмиддин, мақсад аз ихтироъи ин автомашина тарғиби идеяи худ мебошад. Ғояи ӯ бунёди заводи автомобил мебошад, ки дар он садҳо ҷавонони мо бо ҷои кори доимӣ таъмин бигарданд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки бунёди чунин корхонаҳо аз саҳми сармоягузорон ва ҳам мутахассисон бастагӣ дорад.

Айёмиддин ният дорад дар оянда боз 11 адади дигар ин гуна автомобил бисозад. Аҳрор Ҷаъфаров, сардори маркази ихтироот ва эҷодиёти техникии донишҷӯёни ДТТ мегӯяд: «Дар аввал мо нақшаи сохтани автомобилро кашидем, баъдан қисмҳои ин мошинро аз партовгоҳҳо дастрас кардем. Қисми болоии автомобили мазкур аз мошини «Опел» гирифта шудааст.»

«Айни ҳол, ин автомобил бо як бор қувва гирифтан то 60-70 км масофа ҳаракат мекунад ва дар оянда боз ният дорем, ки дар ҳолати нерӯ гирифтан, масофаи ҳаракат бо як қуввагирӣ то 120-130 км расад. То имрӯз «Истиқлол – Тоҷвар» бетаъмири ҷиддӣ 6 ҳазор км роҳ тай кардааст.», афзуд Аҳрор Ҷаъфаров.

Ихтироъи автомобили«Истиқлол-Тоҷвар» барои Айёмиддин бори аввал нест, ки донишгоҳро муаррифӣ мекунад. Соли 2010 низ ӯ як автомобили дигареро бо номи «Офтобак» ихтироъ карда буд.

Дар баробари ин, ӯ боз якчанд дастгоҳи электронӣ, аз ҷумла дӯғкашакро низ ихтироъ кардааст. Ин дастгоҳ бо қувваи барқ фаъолият карда, барои корхонаҳои истеҳсолии коркарди шир пешбинӣ шудааст.

Аслан истеъдодхо дар олам бисёранд, лекин онхоро бояд чуё шуд, дастгри намуд то шавку завки он афзун шавад умедворам чунин чавонони бо лаёкатро Хукумати кишвар, Сарвари Чумхурии Точикистон хело ва хелохам дастгири хохад кард но вобаста аз мавкеъи пайдоиши истеъдодхо.

 

  • amazonS3_cache: a:17:{s:43:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/11.jpg”;i:112;s:51:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/11-300×212.jpg”;i:112;s:43:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/13.jpg”;i:114;s:51:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/13-300×212.jpg”;i:114;s:43:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/10.jpg”;i:113;s:51:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/10-300×212.jpg”;i:113;s:44:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/121.jpg”;i:116;s:52:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/121-300×212.jpg”;i:116;s:44:”//tojikobod.eto-ya.com/files/2012/04/11.jpg&”;a:1:{s:9:”timestamp”;i:1713660452;}s:41:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/11.jpg”;i:112;s:49:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/11-300×212.jpg”;i:112;s:41:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/13.jpg”;i:114;s:49:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/13-300×212.jpg”;i:114;s:41:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/10.jpg”;i:113;s:49:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/10-300×212.jpg”;i:113;s:42:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/121.jpg”;i:116;s:50:”//cdn.eto-ya.com/tojikobod/2012/04/121-300×212.jpg”;i:116;}

ибрози назар