Салом Модар! Дустат медорам…

Бисёри падару модарон нисбат ба фарзандонашон сахтгир ҳастанд. Агар бародар ё хоҳаре ба падару модар хабари гуноҳи бародар ё хоҳари дигари худро расонад, падару модар зуд аз паси ҷазо додани гунаҳкор мешаванд. Бо ин кор ҳисси нафрат ва душманиро дар фарзандонашон мекоранд ва тақвият мекунанд. Баъд аз як муддати кӯтоҳ пушаймон мешаванд, вале он вақт дер шудааст. Баҷои танбеҳ кардани саросемавор падару модар бояд ба фикри ислоҳи ҳамаи фарзандон бошанд. Масалан пеш аз ҳама ба кӯдак бояд бо хубӣ бифаҳмонанд, ки хабаркашӣ ва суханчинӣ кори бад аст. Дар марҳилаҳои баъдӣ бояд ба гапи хабаркаш аҳамият надиҳанд, то кӯдаки хабаркаш эҳсос кунад, ки ин кор ҳеҷ натиҷа ва фоидае надорад ва оҳиста оҳиста аз ин кори худ даст бардорад. Агар ҳасодат байни бародарону хоҳарон зиёд шавад онҳо корҳои хуби якдигарро низ бад нишон хоҳанд дод. Барои мисол ба ин достон диққат намоед! Модари муҳаммад хаста ва ташна дар гармои тобистон аз бозор харид карда ба хона баргашт. Занги хонаро зад ва бачаҳо дарашро боз карданду ба хона дохил шуд. Модар ба сахтӣ борҳои харидаашро ба ошпазхона даровард, ки Аҳмад давон-давон ба наздаш омад ва гӯфт: «модарҷон Муҳаммад дар деворе ки шумо нав таъмир карда ранг намуда будед, расм кашид.». модар асабӣ ва нороҳат шуду ба ҳуҷраи Муҳаммад рафт. Муҳаммади хурдакак аз тарс дар зери тахти хоби худ пинҳон шуда буд. Модар ботамоми қувват фарёд мезад : кадом гуре рафтӣ? Биё берун! Эй бачаи аҳмақ ва беақл куҷо пинҳон шудӣ»? дар ин замон Муҳаммад тарсону ларзон бо чашмони ашколуд аз зери рахти хобаш баромад ва дар пеши модар бо сари хам рост истод. Модар боз ҳам ба дашному таҳқири ӯ идома дод ва ҳатто қаҳраш паст нашуду чанд зарба ба чеҳраи нозуктар аз гул ва маъсуми Муҳаммад навохт. Муҳаммад ба замин афтоду сараш ба пояи тахти хобаш бархурд ва хун аз сараш ҷорӣ шуд. Модар зани ҳамсояро ба кӯмаки худ даъват кард, то сари Муҳаммади бечораро банданд. Дар ин ҳангом падари Муҳаммад вориди хона шуд. ӯ вазъиятро дида зуд Муҳаммадро бардошт ва ба беморхона бурд. Дар беморхона маълум шуд, ки маѓзи Муҳаммади маъсум осеб дидааст. Модар аз карда пушаймон аз беморхона баргашта буд ва хост девори нав ранг кардаашонро бинад. Модар дари меҳмонхонаро боз карду ду қадам ба дохили он монд ва якбора дар ҷояш шах шуда монд.нигоҳи модар аз девор канда намешуд ва ӯ бо руймоли сараш ашки чашмонашро пок мекард. Муҳаммад дар он девор як қалби калон ва зебое кашида буду дар дохили он навишта буд: «модари азизам дӯстат медорам!» Модар ашк мерехт, аммо худаш намедонист, ки ин ашки шодӣ аст ё ҳасрат ё пушаймонӣ. Танҳо ҳаминро медонист ки бузургтарин хатои умрашро содир кардааст. Модар расми деворро бусид ва аз хона берун рафт. Аммо дарду алами ин модар таскин наёфт ва ӯ то охири умраш худро набахшид , зеро бар асари ҳамон зарба, Муҳаммади маъсуму бегуноҳ фалаҷ шуд ва модар барои ин кор худро гунаҳкор медонист ва пушаймон буд. Ин натиҷаи корҳои насанҷидаи инсонҳост. Агар ба ҳар чизе бо таҳқиқ ва оқилона нигоҳ кунед, пушаймон нахоҳед шуд. Ба ҳамин хотир беҳтар аст модарони муҳтарам тавре рафтор кунанд, ки байни фарзандон кина ва душманӣ эҷод нашавад. Аз фарзандонатон бахшиш пурсед то онҳо низ битавонанд бародарону хоҳарон ва ҳатто худи шуморо бибахшанд.

Ислом ва хукуки башар!

Яке аз мавзӯъоти матраҳе, ки кунун дар баррасиҳои масоили ҷаҳонӣ раддаи аз ҳама аввалро ишғол намудааст, ҳуқуқи башар мебошад. Бар ин асос фаъолияти созмонҳои байнамилаливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пиёда шудааст. Аммо бо ин ҳама кӯшиш ва саҳмгузории онҳо боз ҳам дар меъёру санадҳои муртабит ба ҳимояи  ҳуқуқи башар норасоиҳои зиёде ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ин гуна ҳолатҳо даъвои шахсонеро, ки худро ҳамчун пешбарандаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд меҳисобанд, бекор мекунанд. Ғайр аз ин бештари мардум зери зулм ва истибдоди молӣ ва иқтисодӣ қарор доранд, агарчи дар зоҳир ҳама дунёро як навъ оромӣ фаро гирифтааст. Ҳодисаҳои охири мамолики араб ва даргириҳо миёни қувваҳо гувоҳӣ аз чунин ноадолатиҳо ва нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои дунё медиҳанд. Ҳамин тариқ, солҳост, ки аз тарафи инсоният қонунгузорӣ ва пешниҳодҳои назарӣ нисбати беҳтар гардонидани ҳолати зиндагии ҷомеъаи инсонӣ ва ғайра пешбинӣ мешаванд, вале то ҳанӯз ин омил роҳи ҳалли худро пайдо карда натавонистааст.
Сабаби асосии ин ҳама дар он аст, ки инсоният имрӯз ҳақиқати ҳолро аз даст додаву гӯё дар талоши ҳақиқати дигарест. Ҳол он ки ба қавли бисёр аз коршиносони масоили исломӣ, сарчашмаи ҳуқуқи башар ва барпо кардани адолату баробарӣ миёни мардум ва аз вартаи ҷаҳолат бурун кашидани онҳо аз даврони оини Иброҳим (а) оғоз меёбад, ки қонунҳои он комилтарин маҷмӯъаи ҳуқуқ ва таклифҳои башарро дар бар мегирад. Ҳама динҳои осмонӣ  ва хусусан дини Ислом, ки бо зуҳур карданаш умури динӣ комил гаштанд, дар асл якдигарро тақвият мебахшанд. Дар баробари ин ҳуқуқи ҷомеъаи инсониро бо тамоми ҷузъиёташ таъмин мекунанд.


Ҳуқуқи башар ва нақши Ислом дар он

Ҳуқуқи инсон дар динҳои илоҳӣ ба беҳтарин шакл баён шуда, бавижа дар дини мубини Ислом мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирифтааст. Тавре маълум аст, ҳадафи паёмбарони илоҳӣ танҳо дар муқобили зулм ва бедодгарӣ қарор гирифтану мардумро аз ҷаҳолат раҳо кардан буд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар кадоме аз паёмбарҳо, ки барои даъват сар бароварданд, танҳо як ҳадаф доштанд, ибодати Худо ва аз адлу инсоф кор гирифтан. Пас, метавон гуфт, ки Ислом дини ҷаҳонӣ ва инсонист, ки қавонини он комилтарин маҷмӯъаи ҳуқуқ ва таклифҳои башариро дар бар дорад. Ислом як низоми осмонист, ки дар он аз як тараф бунёди ҷомеъаи намунавӣ тарсим мегардад, то мардумро дар беҳтарин ҳолати зиндагӣ қарор бидиҳад, аз тарафи дигар барои ҳама гуна мардум ҷойгоҳи шоиста бино менамояд, то дар як низоми хуб ва боарзишу комил аз ҳимояи ҳуқуқ ва таколиф ба сар баранд. Ғайр аз ин асрҳост, ки дини Ислом дар майдони амал аст ва тавре маълум аст, ҳар асри мо дар худ тағйиру таҳаввулот ва дигаргуниҳоро доро мебошаду қавонини башарии мо низ аз ин хусусиёт орӣ нестанд. Вале дар баробари ин ҳама тағйирот дини Ислом дар як шакл боқӣ мондаасту мутобиқ ба ҳар давру замон, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон моҳият ва бузургии худро аз даст надодааст. Албатта, бояд қоил шуд, ки ин мӯъҷизаи Паёмбар (с) ва бузургии Худованд аст, ки барои ҳар соҳибақл ва соҳибмаърифат далел аст, ки ақли инсонӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замон дар худ норасоӣ ва камбудиҳоро таҷассум кардааст. Пас, ягона роҳи наҷот ва беғараз, ки танҳо аз дунёи адлу инсоф ва бартариву баробарӣ иборат аст, риояи қавонини дини Ислом аст, ки ҳамеша барои инсон комёбӣ ва манзалатро эҳдо менамояд.
Чун мавзӯъи мавриди баррасии мо ҳуқуқи башар аст, мушаххастар вориди масъала мешавем, то бо истифода аз манобеъи гуногун ҳарфи аниқе гуфта бошем. Муҳаммад Ғазолӣ гуфтааст, ки «ҳуқуқи инсон дар Ислом ҷоизаи як подшоҳ ё ҳоким ё баёнияи содирае аз қудрати минтақаӣ ё созмони байналмилал нест, балки ба ҳукми ислоҳӣ будан манбаъи он илзомовар аст ва имкони ҳазфу таътили он вуҷуд надорад ва касе иҷозаи таҷовуз ба ҳарими он ё бетаваҷҷӯҳӣ ва иҳмол дар ҳаққи он надорад». Дуктур Шайх Аммора низ дар ин робита мегӯяд: мебинем, ки Ислом дар заминаи имон ба инсон ва тақаддуси ҳуқуқи ӯ ба мартабае расидааст, ки аз мартабаи ҳуқуқ гузашта ва ин ҳуқуқро зарурат дониста ва онро дар чорчӯби воҷибот қарор додааст. Олими замони мо ва яке аз пешвоёни дини Ислом дуктур Юсуф Қарзовӣ низ мӯътақид аст, ки Ислом чордаҳ қарн пеш ба ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ кардааст, манзур аз инсон ҳар инсоне аз ҳар ҷинс, ҳар дин ва ҳар иқлиме, ки бошад, амр бар фалсафаи Ислом дар гиромидошти инсон аз он ҳайс, ки инсон аст, матраҳ мешавад. Он чӣ дар иртибот ба ҳуқуқи башар, ки Ғарб онро раво медонад, Ислом онро аз зумраи воҷибот ва таколиф мешмарад ва албатта, возеҳ аст, ки ин амр мутмаинтар ва эътимодтар аст. Зеро инсон метавонад аз ҳаққи худ даст бардорад, аммо лозим аст, ки ба воҷиботе, ки Худоавнд бар ӯ фарз кардааст, илтизом дошта бошад, онҳоро риъоят кунад ва дар адои онҳо кӯтоҳӣ накунад.

Ислом ва ҳифзи ҳаёт

Зиндагӣ ва ҳаёти инсонӣ боарзиштарин мавзӯъ дар олами ҳастӣ аст ва ҳама инсонҳо бо вуҷуди ихтилофоташон перомуни аҳамият ва арзиши ҳаёт иттифоқи назар доранд. Ислом низ беш аз дигарон ба ин арзиш аҳамият қоил аст. Ислом ҳаёту ҳаққи зиндагиро табиъитарин ва аввалин ҳаққе медонад, ки инсон аз он бархурдор буда ва бештарин талошро барои ҳифзи он дар муқобили осеб ва таҷовуз анҷом медиҳад ва бо арзиш қоил шудан ба он куштани ҳатто як нафарро ба ғайр аз талаботи қонун баробари куштани ҳама мардум шумор меоварад ва мефармояд: «Ҳар касе инсонеро бидуни иртикоби гуноҳе қатл мекунад ё фасоде дар замин бикашад, чунон аст, ки гӯё ҳамаи инсонҳоро куштааст» (сураи «Моида», 32).
Аз он ҷое, ки ҷойгоҳи хуни инсон дар Ислом бисёр аз аҳамияти волое бархӯрдор аст, Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Аввалин чизе, ки байни мардум дар рӯзи қиёмат қазоват мешавад, хунҳои рехташудаи ноҳақанд». Ин дар ҳолест, ки бештаре аз кишварҳо парчамбардори демократия мебошанд, вале иддае аз кишварҳоро бо баҳонаҳои терроризм ва ноадолатиҳо мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд. Аз ҷумла кишвари Фаластин, Ироқ, Афғонистонро метавон мисол овард, ки аз ҷониби «демократхоҳон» мавриди таҳоҷум қарор гирифтаанд.

Ислом ва мубориза бо ихтилофи табақотию гуногуннажодӣ

Бар хилофи суннатҳои қабилавӣ ва ифтихороти қавмӣ, одобу расмҳои минтақавӣ, ки дар замони зуҳури Ислом дар дунё ривоҷ доштанд ва ҳар гурӯҳе ба иллати доштани сарват, қабила, зан, нажод, ранг ва ғайра бар гурӯҳи дигар ифтихор карда, худро дар нисбати якдигар боло медонистанд, дини Ислом муқобили ин ҳама ҷаҳолат ва худхоҳиҳо қиём кард ва бардавомии онҳоро хотима бахшид ва тамоми башарро баробарӣ дар ҳуқуқ ва арзиши муайяне таъин намуд. Вобаста ба тақсимоти донишмандони исломӣ, мусовоте, ки Ислом миёни афроди башар қоил аст, бар се қисм тақсим мешаванд:
Аввал, мусовот ва баробарӣ дар асли инсоният навобаста аз он ки чӣ гуна ранг аст ва ё аз кадом қабила аст. Дуввум, баробарӣ дар ҳуқуқ ва таклифҳои инсонӣ. Саввум, баробарӣ дар доварӣ ва иҷрои қавонин.
Ҳамин тариқ, дини Ислом ҳама эҳтиёҷоти инсониро дар ҳама давру замон ва ҳатто дар асри имрӯз, ки асри технология ва пешравии башар аст, таъмин намояд. Ҳамзамон метавонад тамоми норасоиҳо ва камбудҳои инсониро пурра намояд. Ҳол он ки конститутсияҳои инсонӣ ҳар сол ва ҳар замон тағйир мехӯранд. Пас, ягона мақсад ва равише, ки дунёи Ғарб барои пиёда кардани ҳадафҳои худ дар ҷомеъаи башарӣ мақсад гузоштааст, аз нуқсу камбудӣ холӣ нест. Ягона мақсад ва мароми Ғарб ва дигар давлатҳои абарқудрат он будааст, ки ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ намояду дунёро зери султаи худ қарор бидиҳанд.

Хуррамшоҳи Асадуллоҳ

БИХИШТИ ФУРУШИ!

    Вақте Баҳлул дилгир  мешуд ба канори рӯдхона мерафт ва  дар соҳил нишаста, ба чараёни об нигоҳ мекард. Покӣ ва таровати об  ғуссаҳояшро мешуст. Агар бекор мебуд, ҳамонљо нишаста, мисли бачаҳо хокбозӣ мекард.
Рӯзе Баҳлул ба мисли одат нишаста буд, ки ногаҳон садои пойеро шунид, баргашта Зубайдахотун-ҳамсари Ҳорунарашидро бо хидматкоре дид, ки  ба тарафи ӯ меоянд. Баҳлул онҳоро нодида намуда, ба кораш идома дод. Зубайдахотун болои сари Баҳлул истода, гуфт: Баҳлул, чӣ мекунӣ?
Баҳлул бо љиддият гуфт: Биҳишт месозам.
Зубайдахотун медонист,  ки Баҳлул шӯхӣ мекунад, аз ин рӯ, гуфт: Онро мефурӯшӣ?!
Баҳлул гуфт: мефурӯшам.
Қимати он чанд аст?
Сад динор.
Зубайдахотун гуфт: ман онро мехарам.
Баҳлул сад динорро гирифта, гуфт: ин биҳишт моли туст, аммо васиқаашро фардо медиҳам.  Зубайдахотун лабханд заду рафт.
Баҳлул сикаҳоро гирифту бо дили шод ба сӯйи шаҳр рафт.
Дар роҳ ҳар фақиреро мердид, як сика медод. Вақте сад динорро садақа дод, бо табъи болида ба хона баргашт.
Зубайдахотун ҳамон шаб дар хоб дид, ки вориди бо ғи бузургу зебое шуд.  Дар миёни бо ғ қасрҳое дид, ки бо љавоҳироти ҳафтранг орододашуда буданд. Гулҳои бо ғ атри аљибе доштанд. Зери ҳар дарахт зебосанамон  ба хидмат омода буданд. Яке аз он зебосанамон баргаи тиллорангеро ба Зубайдахотун дода, гуфт: ин васиқаи ҳамон биҳиштест, ки аз Баҳлул харидӣ».
Вақте Зубайда аз хоб бедор шуд, аз хушҳолӣ хоби дидаашро ба Ҳорунаррашид ҳикоят кард.
Субҳгоҳон Ҳорунарашид хидматкореро ба дунболи Баҳлул фиристод. Вақте Баҳлул ба қаср омад, Ҳорун ба ӯ бо меҳрубонию хушӣ пазироӣ кард. Баъд сад динор ба Баҳлул доду гуфт: Аз ҳамон биҳиштҳое, ки ба Зубайда фурӯхтӣ ба ман ҳам бифурӯш!
Баҳлул сикаҳоро ба сӯйи Ҳорун пош доду гуфт: Ба ту намефурӯшам.
Ҳорун гуфт: Агар мабла ғи бештаре хоҳӣ, ба ту медиҳам!
Баҳлул гуфт: Агар ҳазор динор ҳам бидиҳӣ, намефурӯшам.
Ҳорун нороҳат шуда, пурсид: Чаро?!
Баҳлул гуфт: Зубайдахотун он биҳиштро надида харид, аммо ту медонӣ ва мехоҳӣ бихарӣ, аз ин рӯ, ба ту намефурӯшам!

Чаро гушти хук, дар ислом харом аст?

Қонунхок, ки Худованд дар дини Ислом ба риояи онҳо амр намудааст, ҳар кадом дорои иллатҳои гуногун аст, ки шояд бисёре аз инсонҳо аз онҳо бехабар бошанд ва ба ҳамин далел ба иҷрои онҳо напардозанд. Ба унвони мисол, яке аз масоиле, ки Худованд дар Қуръон бар он таъкид карда, ҳаром будани гӯшти хук барои мусалмонон мебошад, ки мутаассифона, ба далели беиттилоъӣ ва ноогоҳӣ аз ин таъкид истифода аз гӯшти хук аз ҷониби онҳо дида мешавад.
Зимнан бояд гуфт, гӯшти хук боиси бурузи анвоъи бемориҳо дар инсон мешавад, ки яке аз иллатҳои он вуҷуди навъе аз кирм дар таркиби гӯшти хук аст, ки хатарноктарин кирм барои бадани инсон ба ҳисоб меравад. Ин кирм дар рӯдаи инсон мегузарад ва вориди ҷараёни хун мешаванд, ки метавонад ҳама органҳои баданро таҳти таъсир қарор диҳад. Тухмҳои ин кирм дар сурати вуруд ба мағзи сар муҷиби аз даст рафтани ҳофиза, дар сурати вуруд ба қалб, муҷиби ҳамлаи қалбӣ, дар сурати вуруд ба чашм, муҷиби кӯрӣ ва дар сурати вуруд ба ҷигар, муҷиби ихтилол дар кори ин узви бадан мешавад.
Як фарзияи ғалате, ки дар миёни оммаи мардум вуҷуд дорад, ин аст, ки дар сурате ки гӯшти хук хуб пухта шавад, ин навъ кирмҳо аз байн мераванд, аммо натоиҷи як таҳқиқи илмӣ дар Амрико нишон додааст, ки аз ҳар 24 нафаре, ки аз беморанд, бар мабнои хӯрдани гӯшти хук будааст. Он 22 нафар ин гӯштро пухта буданд, вале кирмҳои мавҷуд дар гӯшти хук дар дараҷаи ҳарорати маъмулӣ кушта намешаванд. Илова бар ин сохтори бадани хук дорои моҳичаи бисёр кам мебошад ва бештари бадани онро чарб ташкил медиҳад. Вақте гӯшташ хӯрда мешавад, ин чарб дар рагҳои бадани инсон таҳшин мешавад ва метавонад боиси фишори хун ва ҳамлаи қалбӣ шавад. Ба ҳамин далел тааҷҷубовар нест, ки беш аз 50 дар сади амрикоиҳо аз фишори хуни боло ранҷ мебаранд.
Ҳамчунин хук яке аз касифтарин ва олудатарин ҳайвоноти рӯи замин аст. Хук бар рӯйи фузулоти худ ва ё ҳайвоноти дигар зиндагӣ карда, аз онҳо тановул мекунад. Фузулоти инсонҳо дар бархе аз рустоҳое, ки мардум дорои сервисҳои беҳдоштӣ нестанд, тавассути хукҳо аз сатҳи замин пок мешаванд. Ҳатто агар хукҳо дар муҳитҳои бисёр тамйиз ва покиза он тавр ки дар Австралия марсум аст, нигоҳ дошта шаванд, аз фузулоти бадани худ ва ё хукҳои дигар истифода мекунанд. Пас ҳар чӣ қадар ҳам, ки шумо ба нигоҳ доштани онҳо дар муҳитҳои тамйиз бикӯшед, боз ҳам онҳо ба хотири касиф будани худ наметавонанд худашонро аз олудагӣ ҳифз кунанд.

Андешаҳои психологии Имоми Аъзам

Бе шак, таълимоти Имоми Аъзам (р) саршор аз панду ҳикмат, тарзҳои муносибати дуруст бо одамон, усулҳои беҳтарини ҳалли моҷаро, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ ва ташаккули шахсияти ҷавонону наврасон мебошад. Ҳадафи омӯзиш аз ин қисмат дар он аст, ки усулҳои мазкурро омӯхта, ҷанбаҳои психологии онро муайян намоем. Гарчанде ки илми равоншиносӣ ҳамчун илми мустақил дар асри Имоми Аъзам (р) вуҷуд надошта бошад ҳам, лекин эшон дар таълимотҳои худ аз усулҳои психологӣ хеле хуб истифода мебурданд. Ном аз назари психологӣ муаррификунандаи шахсияти инсон аст. Мутаассифона, бисёре аз одамон номҳои зеборо як тараф гузошта, номи олоти меҳнат (табар, теша, хоркаш), парранда (тутӣ, майна, кафтар), ҳайвон (гург, шер, паланг), номҳои ҳафта (душанбе, сешанбе, чоршанбе,… якшанбе), меваҷотҳо (олуболу,шафтолу), сабзавотҳо(карам) ва ғайраро мегузоранд. Ба ин муносибат Имоми Аъзам (р) таъкид мекунад, ки номҳои зебо дорои хусусиятҳои хос дошта, ба инсон таъсири амиқе доранд. Номҳои хуб дар бисёри ҳолатҳо барои соҳиби ном аз овони кӯдакӣ ҳамчун барандаи ҳамаи хислатҳои накӯе, ки дар номаш вуҷуд дорад, хизмат мекунад. Бисёри кӯдакон бо номи худ фахр карда, кӯшиш мекунанд, то ба мартабаи соҳиби пешинаи ном бирасанд. Агар ба кӯдакони худ номҳои каммаънии хандаоварро гузорем, бе шак ин кӯдак аз тамасхури ҳамсолони худ нороҳат шуда, аз бозӣ кардан бо онҳо даст мекашанд. Пас, худи номи номувофиқу гӯшхарош кӯдакро аз рафти бозӣ дур мекунад. Дар психологияи муоширати корӣ яке аз усулҳои самарабахши ба сари масъала овардани ҳамсӯҳбат, ин бо номи шахсӣ муроҷиат кардан аст. Яке аз хусусиятҳои гирифтани номи хусусии ҳамсӯҳбат ин ифодаи эътибору эҳтиром ба шахсияти ҳамсӯҳбат мебошад. Ба ин восита, ӯ метавонад нисбати мо ҳисси таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Дар алоқамандӣ ба ин масъала Имоми Аъзам (р) дар бобати қобилияти гӯш карда тавонистани ҳамсӯҳбат ҳангоми муошират маслиҳатҳои муфид медиҳад, яъне таълимоташон саршор аз ҷанбаҳои психологӣ буданд. Ба монанди то охир гӯш кардани ҳамсӯҳбат, то ки дилашро холӣ кунад, Имоми Аъзам аз қобилиятҳои муҳим дониста аст. Имоми Аъзам (р) васияте ба шогирдаш Холид ибни Самтии Басрӣ (р) кардааст ва он чунин аст: “Касе, ки аз ту гӯш мекунад, ту низ кӯшише бикун, то аз ӯ бишнавӣ”. Ин андеша ба принсипҳои асосии психологияи муосир буда, ба он ҳамоҳанг аст. Гӯш кардани ҳамсӯҳбат корест мушкил ва на ҳар кас метавонад чун психолог ҳамсӯҳбати худро гӯш кунад. Агар мо ҳамсӯҳбати худро бодиққат гӯш накунем, онгоҳ самараи муошират кам мешавад ва ба мақсад ноил намешавем. Қобилияти гӯш карда тавонистани ҳамсӯҳбат ҷанбаҳои хуби психологӣ дорад. Агар бевосита ҳамин хусусияти шахсии Имоми Аъзам (р), яъне “Қобилияти гӯш карда тавонистани ҳамсӯҳбат” – и ӯро таҳлил намоем, онгоҳ ба хулосае омадан мумкин аст, ки Имоми Аъзам (р) дар замони худ ба донишҳои психологӣ мусаллаҳ будаанд. Яке аз хусусиятҳои равшан ифодаёфтаи фаъолияти Имоми Аъзам (р) қобилияти баланди далеловарии ӯ мебошад. Мисолро меоварем: Имом Шофеӣ мефармояд: – Як бор аз Имоми Молик пурсида шуд: “Оё Имом Абӯҳанифаро дидаӣ? Гуфт:- Оре, чунин марде буд, ки агар ҳамин девори бо санг биношударо мегуфт, ки аз тилло бино шудааст, албатта бо далелу ҳуҷҷат собит мекард. Навиштаи дигареро аз ин хусус меоварем. Боре мункирон аз Имоми Аъзам (р) суол карданд: Худои ту ба кадом тараф нигоҳ мекунад ва рӯяш ба кадом ҷиҳат аст? Имоми Аъзам (р) чунин посух дод: – Агар чароғеро дар макони торике бигзорем, нураш ба кадом тараф мутаваҷҷеҳ мегардад? Гуфтанд: – Ба ҳамаи атроф шуо мебахшад. Имоми Аъзам (р) гуфт:- Агар ин ҳолати як чароғи сохтаи башар бошад, пас чӣ метавонед бигӯед дар бораи Худое, ки нури осмону замин партаве аз нури мутлақи ӯст?! Имоми Аъзам (р) ҳангоми ба савол ҷавоб гуфтан ва ё ҳал кардани масъалае ҳатман аз далеловариҳо истифода мебурданд, чунки таъсири ҷавобе, ки бо далел исбот мешавад, бениҳоят зиёд аст. Дар илми психология, хусусан психологияи муоширати корӣ дар бобати далеловарӣ роҳу усулҳои муайянеро кор карда баромадаанд. Имоми Аъзам (р) аслан аз амали қиёс зиёд истифода мебурданд, ки дар музокироти корӣ он бо номи усули муқоисанамоӣ машҳур аст. Усулҳои далеловариеро, ки Имоми Аъзам(р) меоварад, метавонем, ки дар рафти муошират васеъ истифода барем. Бояд қайд кард, ки Имоми Аъзам (р) дар баробари маҳорати баланди далеловарӣ доштанаш, инчунин дар баҳсу мунозира ҳам одобу усулҳои хуби муоширатро истифода мебарад. Масалан, ҳар вақт ба шогирдонаш чунин мегуфт: ” Агар шахси омӣ ва нодон бо ту мубоҳисаю мунозира кард, бо вай мубоҳиса макун,ки обрӯйи туро мебарад”. Дар психологияи муоширати корӣ омадааст,ки ҳар кас вобаста аз ақлу фаҳмиши хеш баҳс мекунад. Баҳс кардан на ҳама кас метавонад. Дар майдони баҳс бояд дониши мукаммал,мутамарказияти диққат ва мақсади муайяну одоби ҳамида дошта бошем. Имоми Аъзам (р) бисёр хуб гуфтаанд, ки бо чунин одамон баҳс маъние надорад. Инчунин Имоми Аъзам (р) дар баҳсумунозира ҳеҷгоҳ ба ғазаб намеомаданд.Ба шогирдонаш ҳам таъкид мекард: “дар баҳсҳои илмӣ ҳеҷгоҳ хашмгин нашавед ва ғазабро истифода набаред”. Дар замони ӯ, аллакай аз он усулҳое , ки имрӯз илми психология такя мекунад,истифода мешуданд. Мазмуни “аз як калла дутоаш беҳтар”- ро Имоми Аъзам (р) низ дуруст мешуморид.ӯ ҳеҷгоҳ масъалаеро танҳо ҳал намекард. Аввал масъаларо дар доираи шогирдонаш мегузошт ва шогирдон ҳар як фикру ақидаи худро мегуфтанд. Сипас Имоми Аъзам (р) мавқеи худро изҳор мекард ва ниҳоят беҳтарин ақида муайян карда мешуд. Имоми Аъзам (р) ба масъалаҳои психологию педагогӣ даст зада, дар пеши мардум нагуфтани сифатҳои бади ягон касро маслиҳат медоданд. Имоми Аъзам (р) мефармояд: “Шахсеро ба бадӣ шинохтӣ, бадиашро пеши мардум зикр макун, балки хубиеро дар вай ҷустуҷӯ кун ва бо ҳамин хубӣ аз ӯ ёд кун”. Шумо агар ҳангоми сар задани ихтилоф хусусиятҳои бади таҳқиркунандаро як сӯ гузошта, кӯшиш кунед корҳою хусусиятҳои хуби ӯро ба ёд оваред, он гоҳ аз объектҳои аффектовар дур мешавед. Аз таълимотҳои Имоми Аъзам (р) доир ба психологияи оилавӣ маводҳои беҳтаринеро ҷамъ кардан мумкин аст, ки то ҳол дар ягон китобе масъалагузорӣ нашудааст. Имоми Аъзам (р) дар ҳалли ихтилофҳои оилавӣ чунон эҳтиёткорона муносибат менамуданд, ки ниҳоят ба фоидаи зану шавҳар баробар ҳал мешуд. Имоми Аъзам (р) бо шогирдонаш бисёр ҳам мушфиқона рафтор мекард. Ақидаи ӯ ин буд, ки бо шогирдон ҷиддӣ ва бо сахтгирии аз ҳад зиёд рафтор кардан чандон хуб нест. Бо шогирдонатон гоҳ вақт шӯхӣ кунед, хандед, дар сари як хон нишаста тановул намоед Ин ақидаҳои бузурги Имоми Аъзам (р) маънои онро доранд, ки дар рафти таълимдиҳӣ бояд фазои солими муошират бошад ва ба вуҷудоварандаи ин фазои солим танҳо устод аст. Хулоса, андешаҳои психологии Имоми Аъзам (р) ҷанбаҳои иҷтимоӣ дошта, дар рушду инкишофи ҷомеаи имрӯза низ мавқеи хоса доранд. Мутаассифона, то ҳол андешаҳои ӯ мавриди тадқиқот қарор наёфтаанд. Умед аст, ки мутахассисони соҳавӣ сари ин масъала фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуда, ба паҳлӯҳои ниҳонии андешаҳои ин шахсияти оламшумул шарҳу баёни тоза рӯйи кор меоранд. РИСОЛАТ